Главная / Гуногун / Cирри тиҷоратӣ

Cирри тиҷоратӣ

Қонуни мазкур он муносибатҳоеро, ки бо мансуб донистани иттилоот ба сирри тиҷоратӣ, додани чунин иттилоот ва ҳифзи махфияти он бо мақсади таъмини баробарии манфиатҳои дорандагони иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ ва дигар иштирокчиёни муносибатҳои танзимшаванда, аз ҷумла таъмини манфиатҳои давлат дар бозори мол, кор ва хизматрасонӣ иртибот доранд, танзим менамояд.

Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сирри тиҷоратӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сирри тиҷоратӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 2. Доираи амали Қонуни мазкур

Доираи амали Қонуни мазкур нисбат ба муносибатҳои вобаста ба иттилоот, додан ва ҳифзи он бо мақсади таъмини манфиатҳои дорандагони чунин иттилоот паҳн мегардад.

Муқаррароти Қонуни мазкур нисбат ба муносибатҳои ба маълумоти дорои сирри давлатӣ ва бонкӣ алоқаманд татбиқ намегардад.

 Моддаи 3. Маҳфумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур маҳфумҳои асосии зайл истифода мешаванд:

— сирри тиҷоратӣ – махфияти иттилооте, ки имконият медиҳад ба дорандаи он дар ҳолати мавҷуда ё имконпазир даромадашро зиёд гардонад, ба хароҷоти беҳуда роҳ надиҳад, мавқеашро дар бозори мол, кор ва хизматрасонӣ нигоҳ дорад ё худ фоидаи дигари тиҷоратӣ ба даст орад;

— иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ – иттилооти илмӣ-техникӣ, технологӣ, истеҳсолӣ, молиявию иқтисодӣ ё худ дигар иттилооти дорои арзиши воқеӣ ё имконпазири тиҷоратӣ, ки бинобар сабаби онро надонистани шахсони сеюм, ки наметавонанд ин иттилоотро дар асоси қонун озодона дастрас намоянд ва нисбати он дорандаи чунин иттилоот низоми сирри тиҷоратиро ҷорӣ кардааст;

— низоми сирри тиҷоратӣ – тадбирҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, техникӣ ва дигар тадбирҳое, ки дорандаи иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ барои ҳифзи махфияти он меандешад;

— дорандаи иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ – шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки соҳиби иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ буда, дастрасии ин иттилоотро маҳдуд ва ба он низоми сирри тиҷоратиро муқаррар кардааст;

— дастрасии иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ – шинос кардани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ бо ризоияти дорандаи иттилоот ё дигар асосҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ бо шарти риояи махфияти ин иттилоот;

— додани иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ –додани иттилооти дорои сирри тиҷоратии дар ҳомили моддӣ сабтгардида аз тарафи дорандаи он ба тарафи шартнома (контрагент) (минбаъд контрагент) дар асоси шартнома, тибқи андоза ва талаботе, ки дар шартнома пешбинӣ шудааст;

— контрагент – тарафи шартномаи ҳуқуқи гражданӣ, ки дорандаи иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ ин иттилоотро ба ў додааст;

— фош кардани иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ – амал ё беамалие, ки дар натиҷаи он иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ дар ҳар шакли имконпазир (шифоҳӣ, хаттӣ, шакли дигар, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои техникӣ) бе розигии дорандаи чунин иттилоот ё худ бар хилофи шартномаи меҳнатӣ ё ҳуқуқи гражданӣ ба шахсони сеюм маълум мегардад.

Моддаи 4. Ҳуқуқ ба мансуб донистани иттилоот ба иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ ва усулҳои гирифтани чунин иттилоот

  1. Ҳуқуқ ба мансуб донистани иттилоот ба иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ ва ҳуқуқи муайян кардани номгўй ва таркиби ин гуна иттилоотро бо назардошти муқаррароти Қонуни мазкур дорандаи чунин иттилоот дорад.
  2. Иттилооте, ки аз он шахс мустақиман воқиф ёфтааст, қатъи назар аз он, ки мазмуни ин иттилоот метавонад бо мазмуни иттилооти дорои сирри тиҷоратии ба шахси дигар мансуббуда мувофиқ бошад, иттилооти ба таври қонунӣ аз он воқифгардида ҳисоб меёбад.
  3. Иттилооти дорои сирри тиҷоратие, ки шахс аз дорандаи он дар асоси шартнома ва ё бо дигар асоси қонунӣ гирифтааст, ба тарзи қонунӣ гирифташуда ҳисоб мешавад.
  4. Иттилооти дорои сирри тиҷоратие, ки шахси дигар дорандаи он аст, дар он ҳолат ғайриқонунӣ аз ў гирифташуда ҳисобида мешавад, агар он бар хилофи чораҳои андешидаи дорандаи он вобаста ба ҳифзи махфияти ин иттилоот гирифта шуда бошад ва ҳамчунин агар шахсе, ки иттилооти мазкурро гирифтааст, медонист, ки ин иттилооти шахси дигар дорои сирри тиҷоратӣ мебошад ва шахсе, ки дигаронро аз ин иттилоот воқиф мегардонад, барои воқифгардонии он асоси қонунӣ надорад.

Моддаи 5. Маълумоти ғайримансуб ба сирри тиҷоратӣ

Низоми сирри тиҷоратӣ наметавонад аз тарафи шахс нисбати маълумоти зерин муқаррар карда шавад:

а) маълумоти ҳуҷҷатҳои шахси ҳуқуқӣ ва маълумоти ҳуҷҷатҳое, ки дар феҳристи дахлдори давлатӣ ба қайд гирифта шудани шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро тасдиқ менамоянд;

б) маълумоти ҳуҷҷатҳое, ки ба шахс ҳуқуқи ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуданро медиҳад;

в) маълумот дар бораи таркиби молу мулки корхонаи давлатӣ, муассисаи давлатӣ, инчунин мавриди истифода қарор додани маблағи буҷетии дахлдор;

г) маълумот дар бораи олудашавии муҳити атроф, ҳолати бехатарӣ аз сўхтор, вазъи санитарию эпидемиологӣ ва радиатсионӣ, бехатарии озуқаворӣ ва дигар омилҳое, ки ба фаъолияти бехавфи объектҳои истеҳсолӣ, бехатарии ҳар як шаҳрванд ва тамоми аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонанд;

д) маълумот дар бораи ҳайати кормандон, низоми пардохти музди меҳнат, дар бораи нишондиҳандаҳои маъюбшавӣ дар истеҳсолот, касалиҳои касбӣ ва дар бораи мавҷудияти ҷойҳои холии корӣ;

е) маълумот дар бораи қарздории корфармоён оид ба пардохти музди меҳнат ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ;

ж) маълумот дар бораи риоя нашудани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва далелҳо оид ба ҷавобгарӣ барои содир кардани ин қонуншиканиҳо;

з) маълумот дар бораи шарту шароитҳои озмунҳо ва савдо дар музояда оид ба хусусигардонии объектҳои давлатӣ, хариди давлатии мол ва кору хизматрасонӣ;

и) маълумот дар бораи андозаи фоида ва сохтори ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, ҳаҷм ва таркиби молу мулки онҳо, хароҷот, шумораи кормандон ва музди меҳнати онҳо, истифодаи меҳнати беподоши шаҳрвандон дар фаъолияти ташкилоти ғайритиҷоратӣ;

к) маълумот дар бораи рўйхати шахсоне, ки ҳуқуқ доранд бе ваколатнома аз номи шахси ҳуқуқӣ амал кунанд;

л) маълумоте, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳатман ошкор шавад ё дастрасии он маҳдуд нагардад.

Моддаи 6. Додани иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ

  1. Дорандаи иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ бо талаби асосноки мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иттилооти дорои сирри тиҷоратиро ба онҳо бидуни подош медиҳад. Талабномаи асоснок бояд аз тарафи шахси масъули мансабдор имзо шуда, дар он мақсад ва асоси ҳуқуқии талаб кардани иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ, мўҳлати пешниҳоди ин иттилоот сабт шуда бошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузорӣ пешбинӣ намудааст.
  2. Агар дорандаи иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ ин иттилоотро ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ додан нахоҳад, мақомоти мазкур ҳуқуқ доранд ин иттилоотро ба тариқи судӣ талаб карда гиранд.
  3. Дорандаи иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ ва ҳамчунин мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ки ин гуна иттилоотро мутобиқи қисми 1 ҳамин модда гирифтаанд, вазифадоранд онро бо дархости суд, мақомоти прокуратура, мақомоти тафтишоти пешакӣ, мақомоти таҳқиқ аз рўи парвандаҳое, ки дар истеҳсолоташон қарор доранд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо диҳанд.
  4. Дар рўи ҳуҷҷатҳое, ки ба мақомоти дар қисмҳои 1 ва 3 ҳамин модда зикршуда дода мешаванд ва иттилооте, ки дорои сирри тиҷоратӣ мебошанд, бояд мўҳри «Сирри тиҷоратӣ» зада (барои шахсони ҳуқуқӣ – номи пурра ва маҳалли будубоши онҳо ва барои соҳибкорони инфиродӣ – фамилия, ном ва номи падари шаҳрванде, ки соҳибкори инфиродист ва ҷои истиқомати ў), дорандаи он зикр карда шавад.

Моддаи 7. Ҳуқуқи дорандаи иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ

  1. Ҳуқуқи дорандаи иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ мутобиқи моддаи 10 Қонуни мазкур аз рўзи ба чунин иттилоот низоми сирри тиҷоратиро муқаррар намудани ў ба миён меояд.
  2. Дорандаи иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ ҳуқуқ дорад:

а) низоми сирри тиҷоратиро мутобиқи Қонуни мазкур ва шартномаи ҳуқуқи гражданӣ ба тарзи хаттӣ муқаррар намояд, тағйир диҳад ва бекор кунад;

б) иттилооти дорои сирри тиҷоратиро барои эҳтиёҷоти худ, бо тартибе, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон набошад, истифода барад;

в) ба дастрасии иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ иҷозат диҳад ё онро худ манъ кунад, тартибу шартҳои дастрасии онро муайян кунад, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад;

г) иттилоотеро, ки дорои сирри тиҷоратӣ мебошад, дар асоси шартномаҳое, ки ба онҳо дохил кардани шартҳои ҳифзи махфияти чунин иттилоот пешбинӣ шудааст,ба муомилоти гражданӣ барорад;

д) аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки иттилооти дорои сирри тиҷоратиро ба даст овардаанд, аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ дастраси онҳо гардидааст, риояи ўҳдадории ҳифзи махфияти онро талаб намояд;

е) аз шахсоне, ки ба иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ дар натиҷаи амалҳои тасодуфан ё саҳван содиршуда даст ёфтаанд, ҳифзи махфияти ин иттилоотро талаб намояд;

ж) ҳуқуқи худро бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ҳангоми аз ҷониби шахсони сеюм фош сохтан, ғайриқонунӣ дастрас ё истифода кардани иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ ҳифз намояд, аз ҷумла товони зиёнеро, ки бо сабаби риоя нашудани ҳуқуқҳояш расидааст, талаб кунад.

 Моддаи 8. Дорандаи иттилооти дорои сирри тиҷоратие, ки ин иттилоот дар доираи муносибатҳои меҳнатӣ дастрас гардидааст

  1. Дорандаи иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ, ки ин иттилоот дар доираи муносибатҳои меҳнатӣ ба ў дастрас шудааст, корфармо мебошад.
  2. Агар натиҷа дар асари ўҳдадориҳои меҳнатии худ ва ё супориши мушаххаси корфарморо ба ҷо овардани корманд ҳосил шуда бошад, ки он ҳамчун ихтироот, модели муфид, намунаи саноатӣ, топологияи микросхемаи интегралӣ, барномаи мошинҳои ҳисоббарори электронӣ ё манбаи маълумот ба ҳимояи ҳуқуқ ниёз пайдо кунад, муносибатҳои корманд ва корфармо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи моликияти зеҳнӣ танзим мегарданд.

Моддаи 9. Тартиби муқаррар намудани низоми сирри тиҷоратӣ ҳангоми иҷрои қарордоди давлатӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ

Бо қарордоди давлатӣ оид ба иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ, технологӣ ё дигар корҳои эҳтиёҷоти давлатӣ бояд ҳаҷми маълумоте, ки махфӣ дониста шудааст, муайян карда шуда, ҳамчунин масъалаҳои муқаррар намудани иттилооти дастрасшуда нисбати низоми сирри тиҷоратӣ танзим карда шаванд.

Моддаи 10. Ҳифзи махфияти иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ

  1. Чораҳои ҳифзи махфияти иттилоот, ки дорандаи он меандешад, аз инҳо иборат мебошанд:

а) муайян намудани номгўи иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ;

б) истифодаи сирри тиҷоратӣ дар воситаҳои сертификатсияшудаи ҳифзи иттилоот;

в) маҳдуд кардани дастрасии иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ бо роҳи муқаррар намудани тартиби истифодаи ин иттилоот ва назорати риояи чунин тартибот;

г) ба ҳисоб гирифтани шахсони ба иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ дастёфта ва ё шахсоне, ки ин гуна иттилоот ба онҳо расонида шудааст;

д) ба танзим даровардани муносибатҳо оид ба истифодаи иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ аз тарафи кормандон дар асоси шартномаҳои меҳнатӣ ва аз тарафи контрагентҳо дар асоси шартномаҳои ҳуқуқи гражданӣ;

е) гузоштани мўҳри «Сирри тиҷоратӣ» дар рўи ҳомилони (ҳуҷҷатҳои) моддии дорои сирри тиҷоратӣ ва зикри дорандаи ин иттилоот (барои шахсони ҳуқуқӣ – номи пурра ва маҳалли будубош, барои шахсони воқеӣ – фамилия, ном ва номи падари шаҳрванде, ки соҳибкори инфиродист ва ҷои истиқомат).

  1. Низоми сирри тиҷоратӣ баъди тадбирҳои андешидаи дорандаи иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ, ки дар бандҳои а) ва в) қисми 1 моддаи мазкур зикр гардидааст, муқарраршуда ҳисоб меёбад.
  2. Соҳибкори инфиродие, ки дорандаи иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ буда, корманде надорад, ки бо ў шартномаи меҳнатӣ бандад, барои ҳифзи махфияти иттилооти дар қисми 1 моддаи мазкур зикршуда, ба истиснои бандҳои а) ва в), ҳамчунин муқаррароти банди д) оид ба танзими муносибатҳои меҳнатӣ чора меандешад.
  3. Дорандаи иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ дар баробари чораҳое, ки дар қисми 1 ҳамин модда зикр ёфтаанд, ҳуқуқ дорад ҳангоми зарурат усулу воситаҳои ҳифзи техникии махфияти ин иттилоот, дигар чораҳоеро, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд, татбиқ намояд.
  4. Чораҳои ҳифзи махфияти иттилоот ҳаматарафа оқилона эътироф карда мешаванд, ба шарте, ки:

а) дастрасии иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ аз ҷониби ҳар шахс бе розигии дорандаи он истисно гардида бошад;

б) имконияти иттилооти дорои сирри тиҷоратиро истифода намудани кормандон ва расонидани он ба контрагент бидуни вайрон кардани низоми сирри тиҷоратӣ таъмин гардад.

  1. Низоми сирри тиҷоратиро барои мақсадҳое, ки алайҳи талаботи ҳифзи асосҳои сохти конститутсионӣ, ахлоқ, сиҳатӣ, андозбандӣ, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони дигар, таъмини мудофиаи кишвар ва амнияти давлат равона гардидаанд, истифода кардан мумкин нест.

Моддаи 11. Ҳифзи махфияти иттилоот дар доираи муносибатҳои меҳнатӣ

  1. Бо мақсади ҳифзи махфияти иттилоот корфармо ўҳдадор аст:

а) аз корманде, ки воқифгардии ў аз иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ барои иҷрои ўҳдадориҳои меҳнатиаш зарур аст, забонхат гирифта, ўро бо иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ, ки дорандаи он корфармо ва контрагентҳои ў мебошанд, шинос намояд;

б) ўро бо низоми сирри тиҷоратии муқаррарнамудаи корфармо ва чораҳои ҷавобгарӣ барои риоя накардани ин низом шинос намояд;

в) ба корманд барои риояи низоми сирри тиҷоратии муқаррарнамудаи корфармо шароити зарурӣ муҳайё созад;

  1. Корманд бо иттилооти дорои сирри тиҷоратие, ки ба иҷрои ўҳдадориҳои хизматии ў вобастагӣ надорад, танҳо бо розигии корфармо шинос карда мешавад.
  2. Барои ҳифзи махфияти иттилоот корманд ўҳдадор аст:

а) низоми сирри тиҷоратиро, ки корфармо муқаррар намудааст, риоя кунад;

б) иттилооти дорои сирри тиҷоратиро, ки дорандаи он корфармо ва контрагентҳои ў мебошанд, фош накунад ва бе розигии онҳо ба мақсади худ истифода набарад;

в) иттилооти дорои сирри тиҷоратиро, ки дорандаи он корфармо ва контрагентҳояш мебошанд, пас аз қатъ гардидани шартномаи меҳнатӣ дар мўҳлати пешбининамудаи созишномаи байни корманд ва корфармо, ки дар давраи мўҳлати эътибори шартномаи меҳнатӣ баста шудааст ё худ дар тўли се соли баъди қатъ гардидани шартномаи меҳнатӣ, ба шарте, ки созишномаи мазкур баста нашуда бошад, фош накунад;

г) агар корманд дар фош шудани иттилооти дорои сирри тиҷоратие, ки ба ў бинобар иҷрои ўҳдадориҳои меҳнатиаш маълум гаштааст, гунаҳкор бошад, ба корфармо зиёни онро ҷуброн намояд;

д) дар сурати қатъ ё бекор шудани шартномаи меҳнатӣ ҳомилони моддии иборат аз иттилооти дорои сирри тиҷоратиро, ки дар ихтиёри корманд буд, ба корфармо баргардонад.

  1. Корфармо метавонад аз шахсе, ки муносибатҳои меҳнатиашро бо ў қатъ намудааст, товони зиёнро талаб намояд, дар ҳолате, ки ин шахс дар фош кардани иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ, ки ў бинобар иҷрои ўҳдадориҳои меҳнатиаш ба он даст ёфтааст, гунаҳкор бошад ва ба шарте, ки ин гуна иттилоот дар давоми мўҳлати дар банди в)-и қисми 3 ҳамин модда муқарраргардида фош шуда бошад.
  2. Агар иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ бар асари қувваи рафънопазир, аз рўи зарурат ё худ аз ҷониби корфармо иҷро нагардидани ўҳдадории таъмини тартиботи сирри тиҷоратӣ фош шуда бошад, товони зиён ё осеби расидаро корманд ё худ шахси муносибатҳои меҳнатиро қатъкарда ҷуброн намекунад.
  3. Дар шартномаи меҳнатӣ бояд ўҳдадории роҳбари ташкилот оид ба таъмини ҳифзи махфияти иттилооте, ки дорандаи он ташкилот ва контрагентҳояш мебошанд ва масъулияти таъмини ҳифзи махфияти он пешбинӣ карда шавад.
  4. Роҳбари ташкилот зиёнеро, ки тавассути амали номатлуби ў бо сабаби риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сирри тиҷоратӣ ба ташкилот расидааст, ҷуброн мекунад. Дар ин сурат зиён бо даъвои молик мувофиқи қонунгузории гражданӣ муайян карда мешавад.
  5. Корманд ҳақ дорад аз ғайриқонунӣ муқаррар шудани низоми сирри тиҷоратӣ нисбати иттилооте, ки бинобар иҷрои ўҳдадориҳои меҳнатӣ ба ў дастрас гардидааст, ба суд шикоят намояд.

Моддаи 12. Ҳифзи махфияти иттилоот дар доираи муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ

  1. Муносибати байни дорандаи иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ ва контрагенти ў оид ба ҳифзи махфияти иттилоот бо қонун ва шартнома ба танзим дароварда мешавад.
  2. Дар шартнома бояд шартҳои ҳифзи махфияти иттиллоот, аз ҷумла дар мавриди аз нав ташкил кардан ва барҳам хўрдани яке аз тарафҳои шартнома тибқи қонунгузории гражданӣ ва ҳамчунин ўҳдадории контрагент оид ба ҷуброни зиён дар сурати иттилоотро бар хилофи шартнома фош кардани ў муайян карда шаванд.
  3. Агар дар шартнома байни дорандаи иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ ва контрагент шарти дигар муқаррар нашуда бошад, контрагент мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тарзу усулҳои ҳифзи иттилооти дорои сирри тиҷоратиро, ки тибқи шартнома ба ў дода шудааст, мустақилона муайян менамояд.
  4. Контрагент вазифадор аст фавран ба дорандаи иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ оид ба фош кардани сир ё худ огоҳ гардидани ў аз фош шудани он ё таҳдиди хатари фош гардидани иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ, аз тарафи шахсони сеюм ғайриқонунӣ дастрас ё ки ғайриқонунӣ истифода кардани ин иттилоот хабар диҳад.
  5. Дорандаи иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ, ки ин иттилоотро ба контрагент додааст, набояд то гузаштани мўҳлати эътибори шартнома иттилооти дорои сирри тиҷоратиро фош кунад, инчунин ҳифзи махфияти онро аз ҷониби худ қатъ гардонад, ба шарте, ки дар шартнома тартиби дигар муқаррар нашуда бошад.
  6. Агар дар шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, тарафе, ки ҳифзи махфияти иттилооти мутобиқи шартнома расидаро аз рўи шартҳои шартнома таъмин накардааст, бояд ба тарафи дигар товони зиёнро диҳад.

Моддаи 13. Ҳифзи махфияти иттилоот ҳангоми расондани он

  1. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ўҳдадоранд барои ҳифзи махфияти иттилооте, ки шахсони ҳуқуқӣ ё соҳибкорони инфиродӣ барояшон расонидаанд, шароит муҳайё намоянд.
  2. Шахсони мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, хизматчиёни давлатии мақомотҳои мазкур ҳақ надоранд бе розигии дорандаи иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ иттилооти сирри тиҷоратиро, ки аз он дар натиҷаи иҷрои ўҳдадориҳои мансабӣ воқиф шудаанд, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур фош кунанд ё худ ба шахсони дигар расонанд, инчунин ҳуқуқ надоранд ин иттилоотро ба мақсадҳои ғаразнок ё мақсадҳои дигари худ истифода баранд.

Моддаи 14. Ҷавобгарӣ барои вайрон намудани Қонуни мазкур

Шахсоне, ки муқаррароти Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 15. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

ш.Душанбе, 18 июни соли 2008

№ 403

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

jangi-yakumi-jahon

ҶАНГИ ЯКУМИ ҶАҲОН. АМАЛИЁТИ ҲАРБӢ ДАР СОЛҲОИ 1914 – 1916

Оғози ҷанг. Ҳамаи давлатҳои империалистӣ ба ҷанг тайёр буданд. Лекин барои cap кардани он баҳонае …