Главная / Гуногун / Cирри тичорати

Cирри тичорати

Конуни мазкур он муносибатхоеро, ки бо мансуб донистани иттилоот ба сирри тичорати, додани чунин иттилоот ва хифзи махфияти он бо максади таъмини баробарии манфиатхои дорандагони иттилооти дорои сирри тичорати ва дигар иштирокчиёни муносибатхои танзимшаванда, аз чумла таъмини манфиатхои давлат дар бозори мол, кор ва хизматрасони иртибот доранд, танзим менамояд.

Моддаи 1. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи сирри тичорати

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи сирри тичорати ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 2. Доираи амали Конуни мазкур

Доираи амали Конуни мазкур нисбат ба муносибатхои вобаста ба иттилоот, додан ва хифзи он бо максади таъмини манфиатхои дорандагони чунин иттилоот пахн мегардад.

Мукаррароти Конуни мазкур нисбат ба муносибатхои ба маълумоти дорои сирри давлати ва бонки алокаманд татбик намегардад.

 Моддаи 3. Махфумхои асоси

Дар Конуни мазкур махфумхои асосии зайл истифода мешаванд:

— сирри тичорати – махфияти иттилооте, ки имконият медихад ба дорандаи он дар холати мавчуда ё имконпазир даромадашро зиёд гардонад, ба харочоти бехуда рох надихад, мавкеашро дар бозори мол, кор ва хизматрасони нигох дорад ё худ фоидаи дигари тичорати ба даст орад;

— иттилооти дорои сирри тичорати – иттилооти илми-техники, технологи, истехсоли, молиявию иктисоди ё худ дигар иттилооти дорои арзиши вокеи ё имконпазири тичорати, ки бинобар сабаби онро надонистани шахсони сеюм, ки наметавонанд ин иттилоотро дар асоси конун озодона дастрас намоянд ва нисбати он дорандаи чунин иттилоот низоми сирри тичоратиро чори кардааст;

— низоми сирри тичорати – тадбирхои хукуки, ташкили, техники ва дигар тадбирхое, ки дорандаи иттилооти дорои сирри тичорати барои хифзи махфияти он меандешад;

— дорандаи иттилооти дорои сирри тичорати – шахси вокеи ва хукуки, ки сохиби иттилооти дорои сирри тичорати буда, дастрасии ин иттилоотро махдуд ва ба он низоми сирри тичоратиро мукаррар кардааст;

— дастрасии иттилооти дорои сирри тичорати – шинос кардани шахсони вокеи ва хукуки бо иттилооти дорои сирри тичорати бо ризоияти дорандаи иттилоот ё дигар асосхои пешбининамудаи конунгузори бо шарти риояи махфияти ин иттилоот;

— додани иттилооти дорои сирри тичорати –додани иттилооти дорои сирри тичоратии дар хомили модди сабтгардида аз тарафи дорандаи он ба тарафи шартнома (контрагент) (минбаъд контрагент) дар асоси шартнома, тибки андоза ва талаботе, ки дар шартнома пешбини шудааст;

— контрагент – тарафи шартномаи хукуки граждани, ки дорандаи иттилооти дорои сирри тичорати ин иттилоотро ба у додааст;

— фош кардани иттилооти дорои сирри тичорати – амал ё беамалие, ки дар натичаи он иттилооти дорои сирри тичорати дар хар шакли имконпазир (шифохи, хатти, шакли дигар, аз чумла бо истифодаи воситахои техники) бе розигии дорандаи чунин иттилоот ё худ бар хилофи шартномаи мехнати ё хукуки граждани ба шахсони сеюм маълум мегардад.

Моддаи 4. Хукук ба мансуб донистани иттилоот ба иттилооти дорои сирри тичорати ва усулхои гирифтани чунин иттилоот

  1. Хукук ба мансуб донистани иттилоот ба иттилооти дорои сирри тичорати ва хукуки муайян кардани номгуй ва таркиби ин гуна иттилоотро бо назардошти мукаррароти Конуни мазкур дорандаи чунин иттилоот дорад.
  2. Иттилооте, ки аз он шахс мустакиман вокиф ёфтааст, катъи назар аз он, ки мазмуни ин иттилоот метавонад бо мазмуни иттилооти дорои сирри тичоратии ба шахси дигар мансуббуда мувофик бошад, иттилооти ба таври конуни аз он вокифгардида хисоб меёбад.
  3. Иттилооти дорои сирри тичоратие, ки шахс аз дорандаи он дар асоси шартнома ва ё бо дигар асоси конуни гирифтааст, ба тарзи конуни гирифташуда хисоб мешавад.
  4. Иттилооти дорои сирри тичоратие, ки шахси дигар дорандаи он аст, дар он холат гайриконуни аз у гирифташуда хисобида мешавад, агар он бар хилофи чорахои андешидаи дорандаи он вобаста ба хифзи махфияти ин иттилоот гирифта шуда бошад ва хамчунин агар шахсе, ки иттилооти мазкурро гирифтааст, медонист, ки ин иттилооти шахси дигар дорои сирри тичорати мебошад ва шахсе, ки дигаронро аз ин иттилоот вокиф мегардонад, барои вокифгардонии он асоси конуни надорад.

Моддаи 5. Маълумоти гайримансуб ба сирри тичорати

Низоми сирри тичорати наметавонад аз тарафи шахс нисбати маълумоти зерин мукаррар карда шавад:

а) маълумоти хуччатхои шахси хукуки ва маълумоти хуччатхое, ки дар фехристи дахлдори давлати ба кайд гирифта шудани шахсони хукуки ва сохибкорони инфиродиро тасдик менамоянд;

б) маълумоти хуччатхое, ки ба шахс хукуки ба фаъолияти сохибкори машгул шуданро медихад;

в) маълумот дар бораи таркиби молу мулки корхонаи давлати, муассисаи давлати, инчунин мавриди истифода карор додани маблаги бучетии дахлдор;

г) маълумот дар бораи олудашавии мухити атроф, холати бехатари аз сухтор, вазъи санитарию эпидемиологи ва радиатсиони, бехатарии озукавори ва дигар омилхое, ки ба фаъолияти бехавфи объектхои истехсоли, бехатарии хар як шахрванд ва тамоми ахоли таъсири манфи мерасонанд;

д) маълумот дар бораи хайати кормандон, низоми пардохти музди мехнат, дар бораи нишондихандахои маъюбшави дар истехсолот, касалихои касби ва дар бораи мавчудияти чойхои холии кори;

е) маълумот дар бораи карздории корфармоён оид ба пардохти музди мехнат ва дигар пардохтхои ичтимои;

ж) маълумот дар бораи риоя нашудани талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон ва далелхо оид ба чавобгари барои содир кардани ин конуншиканихо;

з) маълумот дар бораи шарту шароитхои озмунхо ва савдо дар музояда оид ба хусусигардонии объектхои давлати, хариди давлатии мол ва кору хизматрасони;

и) маълумот дар бораи андозаи фоида ва сохтори ташкилотхои гайритичорати, хачм ва таркиби молу мулки онхо, харочот, шумораи кормандон ва музди мехнати онхо, истифодаи мехнати беподоши шахрвандон дар фаъолияти ташкилоти гайритичорати;

к) маълумот дар бораи руйхати шахсоне, ки хукук доранд бе ваколатнома аз номи шахси хукуки амал кунанд;

л) маълумоте, ки тибки тартиби мукаррарнамудаи конунхои дигари Чумхурии Точикистон бояд хатман ошкор шавад ё дастрасии он махдуд нагардад.

Моддаи 6. Додани иттилооти дорои сирри тичорати

  1. Дорандаи иттилооти дорои сирри тичорати бо талаби асосноки макомоти хокимияти давлати, макомоти махаллии хокимияти давлати иттилооти дорои сирри тичоратиро ба онхо бидуни подош медихад. Талабномаи асоснок бояд аз тарафи шахси масъули мансабдор имзо шуда, дар он максад ва асоси хукукии талаб кардани иттилооти дорои сирри тичорати, мухлати пешниходи ин иттилоот сабт шуда бошад, ба истиснои холатхое, ки конунгузори пешбини намудааст.
  2. Агар дорандаи иттилооти дорои сирри тичорати ин иттилоотро ба макомоти хокимияти давлати додан нахохад, макомоти мазкур хукук доранд ин иттилоотро ба тарики суди талаб карда гиранд.
  3. Дорандаи иттилооти дорои сирри тичорати ва хамчунин макомоти хокимияти давлати, ки ин гуна иттилоотро мутобики кисми 1 хамин модда гирифтаанд, вазифадоранд онро бо дархости суд, макомоти прокуратура, макомоти тафтишоти пешаки, макомоти тахкик аз руи парвандахое, ки дар истехсолоташон карор доранд, бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба онхо диханд.
  4. Дар руи хуччатхое, ки ба макомоти дар кисмхои 1 ва 3 хамин модда зикршуда дода мешаванд ва иттилооте, ки дорои сирри тичорати мебошанд, бояд мухри «Сирри тичорати» зада (барои шахсони хукуки – номи пурра ва махалли будубоши онхо ва барои сохибкорони инфироди – фамилия, ном ва номи падари шахрванде, ки сохибкори инфиродист ва чои истикомати у), дорандаи он зикр карда шавад.

Моддаи 7. Хукуки дорандаи иттилооти дорои сирри тичорати

  1. Хукуки дорандаи иттилооти дорои сирри тичорати мутобики моддаи 10 Конуни мазкур аз рузи ба чунин иттилоот низоми сирри тичоратиро мукаррар намудани у ба миён меояд.
  2. Дорандаи иттилооти дорои сирри тичорати хукук дорад:

а) низоми сирри тичоратиро мутобики Конуни мазкур ва шартномаи хукуки граждани ба тарзи хатти мукаррар намояд, тагйир дихад ва бекор кунад;

б) иттилооти дорои сирри тичоратиро барои эхтиёчоти худ, бо тартибе, ки хилофи конунгузории Чумхурии Точикистон набошад, истифода барад;

в) ба дастрасии иттилооти дорои сирри тичорати ичозат дихад ё онро худ манъ кунад, тартибу шартхои дастрасии онро муайян кунад, агар дар конунгузории Чумхурии Точикистон тартиби дигар пешбини нашуда бошад;

г) иттилоотеро, ки дорои сирри тичорати мебошад, дар асоси шартномахое, ки ба онхо дохил кардани шартхои хифзи махфияти чунин иттилоот пешбини шудааст,ба муомилоти граждани барорад;

д) аз шахсони вокеи ва хукукие, ки иттилооти дорои сирри тичоратиро ба даст овардаанд, аз макомоти хокимияти давлати, макомоти махаллии хокимияти давлати, ки иттилооти дорои сирри тичорати дастраси онхо гардидааст, риояи ухдадории хифзи махфияти онро талаб намояд;

е) аз шахсоне, ки ба иттилооти дорои сирри тичорати дар натичаи амалхои тасодуфан ё сахван содиршуда даст ёфтаанд, хифзи махфияти ин иттилоотро талаб намояд;

ж) хукуки худро бо тартиби мукаррарнамудаи конун хангоми аз чониби шахсони сеюм фош сохтан, гайриконуни дастрас ё истифода кардани иттилооти дорои сирри тичорати хифз намояд, аз чумла товони зиёнеро, ки бо сабаби риоя нашудани хукукхояш расидааст, талаб кунад.

 Моддаи 8. Дорандаи иттилооти дорои сирри тичоратие, ки ин иттилоот дар доираи муносибатхои мехнати дастрас гардидааст

  1. Дорандаи иттилооти дорои сирри тичорати, ки ин иттилоот дар доираи муносибатхои мехнати ба у дастрас шудааст, корфармо мебошад.
  2. Агар натича дар асари ухдадорихои мехнатии худ ва ё супориши мушаххаси корфарморо ба чо овардани корманд хосил шуда бошад, ки он хамчун ихтироот, модели муфид, намунаи саноати, топологияи микросхемаи интеграли, барномаи мошинхои хисоббарори электрони ё манбаи маълумот ба химояи хукук ниёз пайдо кунад, муносибатхои корманд ва корфармо мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи моликияти зехни танзим мегарданд.

Моддаи 9. Тартиби мукаррар намудани низоми сирри тичорати хангоми ичрои карордоди давлати барои эхтиёчоти давлати

Бо карордоди давлати оид ба ичрои корхои илмию тадкикоти, тачрибавию конструктори, технологи ё дигар корхои эхтиёчоти давлати бояд хачми маълумоте, ки махфи дониста шудааст, муайян карда шуда, хамчунин масъалахои мукаррар намудани иттилооти дастрасшуда нисбати низоми сирри тичорати танзим карда шаванд.

Моддаи 10. Хифзи махфияти иттилооти дорои сирри тичорати

  1. Чорахои хифзи махфияти иттилоот, ки дорандаи он меандешад, аз инхо иборат мебошанд:

а) муайян намудани номгуи иттилооти дорои сирри тичорати;

б) истифодаи сирри тичорати дар воситахои сертификатсияшудаи хифзи иттилоот;

в) махдуд кардани дастрасии иттилооти дорои сирри тичорати бо рохи мукаррар намудани тартиби истифодаи ин иттилоот ва назорати риояи чунин тартибот;

г) ба хисоб гирифтани шахсони ба иттилооти дорои сирри тичорати дастёфта ва ё шахсоне, ки ин гуна иттилоот ба онхо расонида шудааст;

д) ба танзим даровардани муносибатхо оид ба истифодаи иттилооти дорои сирри тичорати аз тарафи кормандон дар асоси шартномахои мехнати ва аз тарафи контрагентхо дар асоси шартномахои хукуки граждани;

е) гузоштани мухри «Сирри тичорати» дар руи хомилони (хуччатхои) моддии дорои сирри тичорати ва зикри дорандаи ин иттилоот (барои шахсони хукуки – номи пурра ва махалли будубош, барои шахсони вокеи – фамилия, ном ва номи падари шахрванде, ки сохибкори инфиродист ва чои истикомат).

  1. Низоми сирри тичорати баъди тадбирхои андешидаи дорандаи иттилооти дорои сирри тичорати, ки дар бандхои а) ва в) кисми 1 моддаи мазкур зикр гардидааст, мукарраршуда хисоб меёбад.
  2. Сохибкори инфиродие, ки дорандаи иттилооти дорои сирри тичорати буда, корманде надорад, ки бо у шартномаи мехнати бандад, барои хифзи махфияти иттилооти дар кисми 1 моддаи мазкур зикршуда, ба истиснои бандхои а) ва в), хамчунин мукаррароти банди д) оид ба танзими муносибатхои мехнати чора меандешад.
  3. Дорандаи иттилооти дорои сирри тичорати дар баробари чорахое, ки дар кисми 1 хамин модда зикр ёфтаанд, хукук дорад хангоми зарурат усулу воситахои хифзи техникии махфияти ин иттилоот, дигар чорахоеро, ки ба конунгузории Чумхурии Точикистон мухолиф нестанд, татбик намояд.
  4. Чорахои хифзи махфияти иттилоот хаматарафа окилона эътироф карда мешаванд, ба шарте, ки:

а) дастрасии иттилооти дорои сирри тичорати аз чониби хар шахс бе розигии дорандаи он истисно гардида бошад;

б) имконияти иттилооти дорои сирри тичоратиро истифода намудани кормандон ва расонидани он ба контрагент бидуни вайрон кардани низоми сирри тичорати таъмин гардад.

  1. Низоми сирри тичоратиро барои максадхое, ки алайхи талаботи хифзи асосхои сохти конститутсиони, ахлок, сихати, андозбанди, хукуку манфиатхои конунии шахсони дигар, таъмини мудофиаи кишвар ва амнияти давлат равона гардидаанд, истифода кардан мумкин нест.

Моддаи 11. Хифзи махфияти иттилоот дар доираи муносибатхои мехнати

  1. Бо максади хифзи махфияти иттилоот корфармо ухдадор аст:

а) аз корманде, ки вокифгардии у аз иттилооти дорои сирри тичорати барои ичрои ухдадорихои мехнатиаш зарур аст, забонхат гирифта, уро бо иттилооти дорои сирри тичорати, ки дорандаи он корфармо ва контрагентхои у мебошанд, шинос намояд;

б) уро бо низоми сирри тичоратии мукаррарнамудаи корфармо ва чорахои чавобгари барои риоя накардани ин низом шинос намояд;

в) ба корманд барои риояи низоми сирри тичоратии мукаррарнамудаи корфармо шароити зарури мухайё созад;

  1. Корманд бо иттилооти дорои сирри тичоратие, ки ба ичрои ухдадорихои хизматии у вобастаги надорад, танхо бо розигии корфармо шинос карда мешавад.
  2. Барои хифзи махфияти иттилоот корманд ухдадор аст:

а) низоми сирри тичоратиро, ки корфармо мукаррар намудааст, риоя кунад;

б) иттилооти дорои сирри тичоратиро, ки дорандаи он корфармо ва контрагентхои у мебошанд, фош накунад ва бе розигии онхо ба максади худ истифода набарад;

в) иттилооти дорои сирри тичоратиро, ки дорандаи он корфармо ва контрагентхояш мебошанд, пас аз катъ гардидани шартномаи мехнати дар мухлати пешбининамудаи созишномаи байни корманд ва корфармо, ки дар давраи мухлати эътибори шартномаи мехнати баста шудааст ё худ дар тули се соли баъди катъ гардидани шартномаи мехнати, ба шарте, ки созишномаи мазкур баста нашуда бошад, фош накунад;

г) агар корманд дар фош шудани иттилооти дорои сирри тичоратие, ки ба у бинобар ичрои ухдадорихои мехнатиаш маълум гаштааст, гунахкор бошад, ба корфармо зиёни онро чуброн намояд;

д) дар сурати катъ ё бекор шудани шартномаи мехнати хомилони моддии иборат аз иттилооти дорои сирри тичоратиро, ки дар ихтиёри корманд буд, ба корфармо баргардонад.

  1. Корфармо метавонад аз шахсе, ки муносибатхои мехнатиашро бо у катъ намудааст, товони зиёнро талаб намояд, дар холате, ки ин шахс дар фош кардани иттилооти дорои сирри тичорати, ки у бинобар ичрои ухдадорихои мехнатиаш ба он даст ёфтааст, гунахкор бошад ва ба шарте, ки ин гуна иттилоот дар давоми мухлати дар банди в)-и кисми 3 хамин модда мукарраргардида фош шуда бошад.
  2. Агар иттилооти дорои сирри тичорати бар асари кувваи рафънопазир, аз руи зарурат ё худ аз чониби корфармо ичро нагардидани ухдадории таъмини тартиботи сирри тичорати фош шуда бошад, товони зиён ё осеби расидаро корманд ё худ шахси муносибатхои мехнатиро катъкарда чуброн намекунад.
  3. Дар шартномаи мехнати бояд ухдадории рохбари ташкилот оид ба таъмини хифзи махфияти иттилооте, ки дорандаи он ташкилот ва контрагентхояш мебошанд ва масъулияти таъмини хифзи махфияти он пешбини карда шавад.
  4. Рохбари ташкилот зиёнеро, ки тавассути амали номатлуби у бо сабаби риоя накардани конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи сирри тичорати ба ташкилот расидааст, чуброн мекунад. Дар ин сурат зиён бо даъвои молик мувофики конунгузории граждани муайян карда мешавад.
  5. Корманд хак дорад аз гайриконуни мукаррар шудани низоми сирри тичорати нисбати иттилооте, ки бинобар ичрои ухдадорихои мехнати ба у дастрас гардидааст, ба суд шикоят намояд.

Моддаи 12. Хифзи махфияти иттилоот дар доираи муносибатхои хукуки граждани

  1. Муносибати байни дорандаи иттилооти дорои сирри тичорати ва контрагенти у оид ба хифзи махфияти иттилоот бо конун ва шартнома ба танзим дароварда мешавад.
  2. Дар шартнома бояд шартхои хифзи махфияти иттиллоот, аз чумла дар мавриди аз нав ташкил кардан ва бархам хурдани яке аз тарафхои шартнома тибки конунгузории граждани ва хамчунин ухдадории контрагент оид ба чуброни зиён дар сурати иттилоотро бар хилофи шартнома фош кардани у муайян карда шаванд.
  3. Агар дар шартнома байни дорандаи иттилооти дорои сирри тичорати ва контрагент шарти дигар мукаррар нашуда бошад, контрагент мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон тарзу усулхои хифзи иттилооти дорои сирри тичоратиро, ки тибки шартнома ба у дода шудааст, мустакилона муайян менамояд.
  4. Контрагент вазифадор аст фавран ба дорандаи иттилооти дорои сирри тичорати оид ба фош кардани сир ё худ огох гардидани у аз фош шудани он ё тахдиди хатари фош гардидани иттилооти дорои сирри тичорати, аз тарафи шахсони сеюм гайриконуни дастрас ё ки гайриконуни истифода кардани ин иттилоот хабар дихад.
  5. Дорандаи иттилооти дорои сирри тичорати, ки ин иттилоотро ба контрагент додааст, набояд то гузаштани мухлати эътибори шартнома иттилооти дорои сирри тичоратиро фош кунад, инчунин хифзи махфияти онро аз чониби худ катъ гардонад, ба шарте, ки дар шартнома тартиби дигар мукаррар нашуда бошад.
  6. Агар дар шартнома тартиби дигар пешбини нашуда бошад, тарафе, ки хифзи махфияти иттилооти мутобики шартнома расидаро аз руи шартхои шартнома таъмин накардааст, бояд ба тарафи дигар товони зиёнро дихад.

Моддаи 13. Хифзи махфияти иттилоот хангоми расондани он

  1. Макомоти хокимияти давлати, макомоти махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии махалли мутобики Конуни мазкур ва дигар конунхои Чумхурии Точикистон ухдадоранд барои хифзи махфияти иттилооте, ки шахсони хукуки ё сохибкорони инфироди барояшон расонидаанд, шароит мухайё намоянд.
  2. Шахсони мансабдори макомоти хокимияти давлати, макомоти махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии махалли, хизматчиёни давлатии макомотхои мазкур хак надоранд бе розигии дорандаи иттилооти дорои сирри тичорати иттилооти сирри тичоратиро, ки аз он дар натичаи ичрои ухдадорихои мансаби вокиф шудаанд, ба истиснои холатхои пешбининамудаи Конуни мазкур фош кунанд ё худ ба шахсони дигар расонанд, инчунин хукук надоранд ин иттилоотро ба максадхои гаразнок ё максадхои дигари худ истифода баранд.

Моддаи 14. Чавобгари барои вайрон намудани Конуни мазкур

Шахсоне, ки мукаррароти Конуни мазкурро вайрон мекунанд, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 15. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

ш.Душанбе, 18 июни соли 2008

№ 403

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Вазъияти кишоварзии Испания дар ниман дуюми асри XIX

Испания дар нимаи дуюми асри XIX мисли пештара давлати кишоварзи буд. Харчанд дар асри XIX …