Главная / Без рубрики / Сир – сирпиёз чи фоидадорад?

Сир – сирпиёз чи фоидадорад?

Сир сирпиёз (Чеснок ба забони руссӣ)– сум, сармисоқ, савм. Дар аксар кишварҳои ҷаҳон мекоранд таъму бўи тунди махсус дорад. Сирпиёз гурўҳи витаминҳои В, С, Д, йод равандҳои эфир ва дигар моддаҳо дорад. Дар таомпазӣ сирпиёзро ҳамчун сабзавоти хуштаъм ва хушбўйкунандаи хўришҳо, таоми 1-ум, 2-ум, очаронидану намаккуни истифода мебаранд. Сирпиёзи поракардаро ба хўрок 3-4 дақиқа пеш аз таом меандозанд.

chisnok

Сирпиёзро дар тиб истифода мебаранд. Вай моддаҳои махсуси бактерисидӣ (фитонцидҳо) дорад, ки бисёр микробҳои касалиоварро нест мекунад.

Коркарди аввали сабзавот: Дар ҷараёни коркардаи аввалияи сабзавот онро ба навъҳо ҷудо мекунанд, (қисмҳои хӯрда намешудагиро гирифта мепароянд), аз пӯсташ тоза мекунад, баъд шуста ва пора мекунанд. Дар вақти тозакунии дастӣ воситаҳои ҳархелаи ёрирасониро истифода мебаранд.

Инро дар хотир доред!

Сабзавоти гарм ва хунукро ҳамроҳ кардан мумкин нест, зеро онҳо тез туруш мешаванд. Сабзавотҳоро барои хуриш пеш аз ба дастархон додан (1-2 соат пеш) тайёр кардан мумкин аст, аммо андохтани майонез, қаймоқ, равғани растанӣ ва ороиши онро пеш аз ба миз гузоштан кардан лозим аст.

? Саволу супориш:

1.Навъҳои сабзавотҳоро номбар кунед?

2.Аҳамияти каоркарди сабзавотро гӯед ва амали (борик) гирифтани пўсти сабзавотро (сабзиро) нишон диҳед, дар назорати муаллима қоидаҳои техникаи бехатарии кор бо корд ва санитарию гигиениро риоя кунед.

3.Кадом воситаҳои ёрирасонро дар вақти резакунии сабзавотистифода мебаранд?

4.Дар хонаатон кадом намуди воситаҳои ёрирасон барои резакардани сабзавот мавҷуд аст гуфта диҳед.

 

Инчунин кобед

tajhizot

Таҷҳизот барои ошхона

Аз куҷо дар Душанбе таҷҳизот барои ошхона, кафе, ресторан, ки аз пулоди зангногир — металли …