Главная / Ҷамъият / Маҳдудияти қатъи шартномаи меҳнатӣ бо занон ва дигар шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ

Маҳдудияти қатъи шартномаи меҳнатӣ бо занон ва дигар шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ

Моддаи 215-и Кодекси Меҳнат. Маҳдудияти қатъи шартномаи меҳнатӣ бо занон ва дигар шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ

  1. Бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо бо зани ҳомила, занон ва дигар шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ, ки дар тарбияи худ кўдаки то се сола ё кўдаки маъюб доранд, роҳ дода намешавад, ба истиснои ҳолати пешбининамудаи сархати якуми қисми 1 моддаи 42 Кодекси мазкур, ки дар ин сурат ба қатъи шартномаи меҳнатӣ баъд аз ҳатман бо кор таъмин кардани онҳо иҷозат дода мешавад. Шахсони зикршударо вориси ташкилоти барҳамхўрда бо кор таъмин мекунад ва дар сурати набудани ворисон ба онҳо дар интихоби кори мувофиқ ва бо кор таъмин кардан мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ ёрии ҳатмӣ расонда, дар ин давра онҳоро бо кумакпулиҳои муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд. Корфармо ин шахсонро инчунин дар ҳолати қатъи шартномаи меҳнатӣ бинобар гузаштани муҳлати он бояд бо кор таъмин намояд. Дар ин давра, аммо на зиёда аз се моҳи анҷоми муҳлати шартномаи меҳнатӣ, музди меҳнати онҳо нигоҳ дошта мешавад.
  2. Агар зан дар рўзи ба итмом расидани муҳлати шартномаи меҳнатӣ дар хусуси зиёда аз дувоздаҳ ҳафта ҳомиладор буданаш хулосаи тиббӣ пешниҳод намояд, корфармо уҳдадор аст муҳлати шартномаи меҳнатиро то рўзи ба итмом расидани рухсатӣ барои нигоҳубини кўдак то ба се солагӣ расидан дароз кунад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …