Главная / Гуногун / БУРДУ БОХТИ ҲАҶВ

БУРДУ БОХТИ ҲАҶВ

Ҳоҷати исботу далел нест, ки инсон нодиртарин, нозуктарин, латифтарин ва хушбахттарин офаридаи Худованд аст. Инсон зебоиҳо ва накўиҳоро ҳис мекунаду дар оғўши табиат умр ба сар мебарад. Ва ў аз ҳудуди ин табиат берун по монда наметавонад ва инро Шоҳин чунин ба риштаи назм кашидааст:

       Ҷое равам, ки гардун болои сар набошад,

       Аммо чӣ метавон кард, ҷои дигар набошад.

Бале, Замин – Модар – Ватан барои инсон яктост. Ва ҳар як инсон дар он озод аст ва бар тинати худ метанад. Аммо ҳақ ин аст, ки Шайх Саъдӣ гуфта:

          Бани одам аъзои якдигаранд,

          Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

          Чу узве ба дард оварад рўзгор,

          Дигар узвҳоро намонад қарор.

duxtaroni-tojik-100Ба қавли Арасту: “Инсон ҳайвонест мадании биттабъ, аз ғами дигарон мутаъассир мешавад ва аз хушии онҳо шод мегардад”. Файласуфони машҳур ба сароҳат мегўянд, ки асоси ахлоқ амри мутлақ аст. Яъне инсон бояд низоми мавҷуда ва феълиро ҳифз кунад ва ҷони худро барои созандагӣ фидо созад. Вале Офаридагори якто инсонро бо таркиби чор унсур – гармӣ, сардӣ, хушкӣ ва тарӣ оростааст. Бад-ин тариқ зиндагӣ аз пайванди тазодҳо таркиб ёфтааст. Инсон чунин офарида мешавад, ки наметавонад, бидуни хайру шар либоси ҳастӣ бар тан кунад.

Ҷаҳонро ду қувваи бузург – Некӣ ва Бадӣ идора мекунад. ва то одаму олам ҳаст, ин ду қувва муқобили ҳамдигар дар сангаранд. Ин қувваҳои ба ҳам зид дар ниҳоди инсонҳо ҷои гирифта, вобаста ба иродаи онҳо заиф ва ё пурзўр мегардад. Чун рўз равшан аст, ки нерўи Некӣ дараҷае зиёдтар аст. Вагарна аз Одаму Одам кайҳо ному нишон намемонд.

Бале, аслан инсон бунёдкор асту созанда. Мо шоҳидем, ки дасти гулкори инсон садҳо чўлу биёбонро ба гулистон табдил додааст. Чунин инсонҳо тавассути ақли солиму хиради нек ба мартабаи созандагӣ расидаанд. Мутаассифона, бархе бинобар бенасиб мондан аз фаросату маънӣ бадкешу бадкирдор ва беору беномус гаштаанд.

Зиндагӣ чун дарё метапад, мехўрушад ва ба пеш меравад. Чунон ки дар як рубоии халқӣ омада: “Дунёра ба як қарор кай мебинам?!” Бале, замона ҳамеша дар як қарор нест, ба қавли Ҳаким Фирдавсӣ: “Гаҳе зинсавору гаҳе зинбапушт” аст. Ва имрўз инсонҳои бадкешу бадкирдор зинсаворанд. Онҳо чунон бераҳму бешафқат ҳастанд, ки ҳайвон ба даст обгирияш ҳам мувофиқ намеояд. На аз Худо метарсанду на бандаашро ба қадри як дона ҷав писанд мекунанд.

Онҳо ки аз мадори одамгарӣ баромадаанд, ҷабру ҷафо ва фиребу найрангро мезоянд, ки оқибаташ фақат касофату фалокат ҳасту бас.

Барои он ки кишвар рушд кунад, ин ҳама иллату нуқсонҳо набояд пинҳон бимонанд, лозим аст, ки фош карда шаванд. Мутаассифона, иддае ба ҳусну қубҳи ақлӣ дар ахлоқ қоил нестанд, ба назари шубҳаву нафрат менигаранд. Аксар вақт ҳаёт барои онҳо мушкилоти зиёдеро ба миён меорад. Агар бо ибораи гўшхарош: “Сазояш ҳамин аст!” гўён канораҷўӣ кунем, нафратро ба вуҷуд меорем. Дар шароите, ки як гурўҳ нисбат ба гурўҳи дигар нафрат дорад, созандагӣ номумкин мебошад, зеро бадбинӣ барои созандагӣ заминаи хуб шуда наметавонад.

“Дидани айби хештан ҳунар аст” гуфтаанд. Вале кам анадар кам касоне ҳастанд, ки айбу иллати худро мебинанд. Ҳеҷ кас намегўяд, ки дуғам туруш аст. Гузашта аз он пургуноҳе аз гуноҳи дигарон ҳарф мезанад. Иддае ин гуфтаи шоирро шиори хеш қарор дода:

          Гар ту гуноҳ мекунӣ, гуноҳи кабира кун,

          То дар ҷаҳаннам аз ҳама болонишин шавӣ.

Магар мо кўтоҳақлем, хирад ба мо бегона аст?

На, албатта, не!

Шоир гуфта: “Ҳар касеро ман-манӣ дар дил бувад, дур аз фазл аст, агар фозил бувад”. Ана ҳамин “ман-манӣ” имкон намедиҳад, ки панди Ҳаким Фирдавсиро ба ёд биёранд:

          Дигар гуфт чун пеши довар шавӣ,

          Ҳамон бар, ки киштӣ ҳамон бидравӣ.

Ҳатто ояти Қуръони маҷид: “Дунё киштзори охират аст” сарфи назар карда мешавад.

Зарурат ба таъкид аст, ки қатъи назар аз он, ки гуноҳ содир мекунанд, вале барои сафед кардани худ онро ба чарх ҳавола мекунанд. Хайём инро бо исён инкор мекунад:

         Некиву бадӣ, ки дар ниҳоди башар аст,

         Шодиву ғаме, ки дар қазову қадар аст,

         Бо чарх макун ҳавола, к-ардар раҳи ишқ

         Чарх аз ту ҳазор бор бечоратар аст.

Ҳоҷати исботу далел нест, ки агар инсон ин ҳама айбу нуқсонҳои худро надонаду дарк накунад ислоҳи он аз имкон берун аст.

Хоҷа Ҳофиз фармудааст:

         Табиби ишқ Масеҳодам асту мушфиқ, лек,

         Чу дард дар ту набинад киро даво бикунад.

Дардро эҳсос кардан, касро комилтар месозад.

Ва боз Хоҷа Ҳофиз мефармояд:

        Одамӣ дар олами хокӣ намеояд ба даст,

        Олами дигар бибояд сохт в-аз нав Одаме.

Яъне бо айбу иллате, ки дар ҷомеа ҳаст, бояд муборизаи беамон бурд. Табиист, ки ин кор фаъолияти бедареғ ва бурдборонаро тақозо мекунад. Ва ҳеҷ шакку шубҳае нест, ки ин кори яку ду нафар ё як вазорату идора нест. Барои рафъи иллатҳои ҷомеа бояд ҳама масъул бошанд. Як зарбулмасали халқиро мехоҳам ба самъи шумо бирасонам:

        Об дар кўзаю мо ташналабон мегардем,

        Ёр дар хонаю мо гирди ҷаҳон мегардем.

Ман ин зарбулмасали халқиро барои он хотиррасон кардам, ки дар нишон додани иллатҳои ҷомеа ҳаҷвнигорон метавонанд хеле ва хеле саҳми арзанда бигиранд. Маҳз вазифаи ҳаҷв аст, ки чашми ҳамагонро ба шинохти ин иллатҳо кушояд. Табиист ва бадеҳист, ки рафъи ин иллатҳо танҳо файзу баракат меорад. Бад-ин ҷиҳат, ҳаҷв бояд ҳамқадаму ҳамдами мо гардад ва зиёда аз он аз ҷониби роҳбарони ҳама зинаҳо дастгирии ҳамаҷониба ёбад.

Агарчӣ дар як мақола наметавон ҳамаи паҳлуҳои ҷоннок кардани жанри ҳаҷвро баррасӣ кард, аммо он метавонад саҳифаи наверо дар таърихи ҳаҷви тоҷик боз намояд. Барои ин лозиму зарур аст, ки холисона, бо дилсўзӣ, хайрхоҳӣ, хушбинӣ ва некандешӣ ба ҳамдигар муносибат кунем. Фикр мекунам, ки рисолати эҷодкор инро тақозо мекунад. Ва ҳамзамон набояд панди Саъдии бузургворро фаромўш кунем:

        Аз сўҳбати дўсте ба ранҷам,

        К-ахлоқи бадам ҳасан намояд.

        Айбам ҳунару камол бинад,

        Хорам гулу ёсуман намояд.

        Ку душмани шўхчашми бебок,

        То айби маро ба ман намояд.

Дар воқеъ, ҳаҷв чист? Дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” ҳаҷвро мазаммат, масхара гуфтаанд. Ва боз ҳаҷви малеҳ, яъне ҳаҷве, ки зоҳиран ситоиш аст. Ба андешаи ман ҳаҷв неш аст. Неше, ки нўш медиҳад. Яъне беҳисоб фоида мебахшад. Беҳуда: “Ханда – ҳабиб, ғам – рақиб!” – намегўянд. Ҳаҷв ин шодиест, ки андўҳ дорад. Андўҳест, ки шодӣ дорад. Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ гуфтааст: “Шодии беандўҳ аз андўҳ кушандатар аст”.

Сарчашмаҳои таърихӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки ниёгони мо нисбат ба ҳаҷв майлу рағбати зиёде дошта, дар раванди зиндагӣ аз он истифода мекардаанд.

Тазаккур бояд дод, ки ҳаҷв ба воситаи сурати зоҳирӣ, рафтору кирдори инсон ба ботин ва ҷаҳони маънавии инсон назар меафканад. Яъне бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки ҳаҷв оинаи ботини инсон аст. Дар ин робита рубоие ба ёдам меояд:

        Рав, дида бидўз, то дилат дида шавад,

        З-он дида ҷаҳони дигарат дида шавад.

        Гар дидаи дил ба зикри ҳақ бикшоӣ,

        Бар боми фалак ҳарчӣ бувад дида шавад.

Ҳаҷв ҳарчанд дорои оҳангҳои латиф бошад ҳам, лек онро мазмуни амиқи танқидӣ оро медиҳад. Матлаби асосӣ ҳам дар ҳамин аст. Устоди ҳаҷв Убайди Зоконӣ гуфтааст:

        Ба мазоҳат нагуфтам ин гуфтор,

        Ҳазл бигзору ҷилд аз ў бардор!

Дар як мақолаи худ номзади илми филология Боймурод Шарифзода менависад: “Ба рубоии зер аҳамият диҳед:

        Дўшина, шабе ки барф бар дўшам буд,

        Зону чу арўси нав дар оғўшам буд.

        Пўшидание набуд ҷуз чашмонам,

        Чизе, ки ба зари сар ниҳам, гўшам буд.

Лутфи сухани ин рубоӣ ҳама касро механдонад, вале ин ҷо фоҷиае тасвир шудааст ва бояд ба ҳоли гўяндаи он гирист, на хандидан. Инсони фозилро ҳама вақт манзараҳои олами ҳастӣ азият медиҳад, вале барои ғофилону хомтабъон ҳамаи ин чизҳо масарратбахшанд. Ба қавли ҳазрати Бедил:

       Хомтаъбон аз фишори ранҷи даҳр осудаанд,

       Пухтагӣ ангурро зиндонии хум кардааст”.

Ҳамин тавр ҳаҷв барои пешгирӣ намудани нохушӣ, гирифтани пеши роҳи одамони бадкирдору бадахлоқ ва амалҳои нопоки онҳо мусоидат менамояд. Бад-ин рў ба хулосае меоем, ки ҳаҷв жанрест шариф ва маърифатест латиф.

Дар як ҳафтанома андешаи мунаққидро хондам: “Дар адабиёти муосири тоҷик феълан натанҳо мунаққидони касбии соҳаи ҳаҷв, балки худи ҳаҷв вуҷуд надорад”. Чунин ақидаро аз забони як адиб ҳам шунидам. Кӣ медонад, шояд онҳо аз рўи мақоли “то бад нагўӣ нек пеш намеояд” амал карда бошанд. Лекин аз ин айбҷўӣ ба ҳайрат омадам. Ҳатто боварам наомад, ки ин ҳарфи сар-сариву рўякиро як адиб мегўяд. Ҳар касе ки забон ба баҳо мекушояд бояд фаромўш накунад: “Аҳли дилро чинии хотир бувад аз ҳад латиф”. Лекин забони ман намегардад гўям, ки дар мо ҳаҷв нест. Ҳаҷв ҳаст, вале ҳимат нест. Ба қавли устод Кўҳзод: “Ҳикояҳои хуби адабиёти худамон бошад, дар ҳолати ҳастанду нестанд мемонанд – як кас медонаду сад кас намедонад”.

Барои чӣ? Аввалан чунон, ки мегўянд оби дари хона хира. Сониян боз ҳам ба қавли устод Кўҳзод “дар минбарҳои баланд воиз ё ровие надорад, ки пайваста “вазъ гўяду ровигӣ бикунад”.

Зарурат ба таъкид аст, ки қатъи назар аз он, ки ба жанри ҳаҷв аҳамият дода намешавад ҳаҷвнигорони зиёде дар ин жанр заҳмат кашиданд ва кашида истодаанд. Чунин ҳаҷвнигорон Бурҳон Ғанӣ, Самад Ғанӣ, Тоҷӣ Усмон, Раҳим Ҷалил, Ҳоҷи Содиқ, Ашўр Сафар, Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳ, Раҳмат Зайдулло, Болта Ортиқ, Абдулқаҳҳор Муҳаммадалӣ бо ғаму дарди ҳаҷв рахт аз ин ҷаҳони пурошўб барбастанд ва ба оламе, ки ба он эътиқод надоштанд, раҳсипор гардиданд.

Рўҳашон шоду гўрашон пурнур бод!

Имрўз бо заҳмати Басир Расо, Баҳодур Файзулло, Саидаҳмади Зардон, Маҳкам Пўлод, Мирзо Файзалӣ, Абдусаттори Раҳмон, Ҳакимали Назаралӣ, Имомиддин Раҳимӣ, Додохон Эгамзод, Наҷмидини Шоҳинбод, Қурбон Аламшо, Имомназар Холназар, Холмурод Шарифов, Карим Давлат, Гурез Сафар, Саъдулло Мўсо, Абдурауф Муродӣ, Ҳикмат Неъмат, Бахтиёри Ҷумъа, Эмоми Назар, Абдураҳмон Расулӣ, Ғафоралии Сафар, Самариддин Асозода, Ваҳҳоб Одина, Музаффар Неъматзода, Муҳамадҷон Тоштемиров, Саидаҳмади Ҳасан, Бобоҷони Икром, Сафо Ҳалимӣ ва дигарон мулки ҳаҷв обод ва деги танзу мутоиба дар ҷўш аст. Албатта ҳар кадоме роҳу равиши худро дорад, сухани худро дорад.

Аммо имрўз бисёриҳо ба ҳусну қубҳи ахлоқии ҳаҷв қоил нестанд, ба он ба назари шакку бадбинӣ менигарад ва гузашта аз он онро нолозим медонанд. Не, имрўз ҳаҷв чун обу ҳаво зарур аст. Роҷеъ ба ҳаҷв имрўз эродҳо бисёранд ва гиламандии хонандагон дар ин хусус ҷоиз аст.

Ҳарчанд, ки имрўз барои ҳаҷнигорон шароити мусоид ва имконияти васеъ фароҳам омада бошад ҳам, ҳаҷв дар ҳолати ташвишомез қарор дорад. Он аз тазодҳои зиндагии воқеъӣ хеле ва хеле қафо мондааст. Яке аз шохаҳои ҷанговари он – фелетон тамоман барҳам хурдааст.

Матбуотро оинаи ҳаёт мегўянд, ки рост аст. Оинаест, ки кору пайкор, муваффақияту камбудиҳоро акс мекунад ва хушдор медиҳад, ки ба корҳои нек пайравӣ карда, паи ислоҳи камбудӣ шитобем. Вале як чиз аз рўз ҳам рўшантар аст, ки ин оина имрўз пурғубор аст. Зеро соҳибонаш шоҳу таъбашон вазир! Ҳама рўзномаю маҷаллаҳо ғолибан ҳаҷви хориҷиро чоп мекунанд ва маводи тайёрро аз дигар газетаҳо мегиранд. Алҳол ин равия равнақу ривоҷ дорад. Ба қавли Салими Хатлонӣ мо набояд оҳи аз дил ҷастаро пойбанди лаб созем. Ин ба пешрафти ҳаҷви миллӣ зарба мезанад, дар диёри мо тухми беҷавҳарӣ мекорад. Ва бесабаб ҳам Салими Хатлонӣ бо изтиробу сўзу гудоз намегўяд:

          Вой бар қавме, ки аблаҳпарвар аст,

          Маснади бегонагонаш мафхар аст.

Аслан, ба ҳаҷвнигорон камҳавсалагӣ ва бетафовутӣ хос нест ва маҳз ин хислати онҳо намегузорад, ки ба бисёр масъалаҳои ҷомеа бетараф бошанд. Вале имрўз гўё онҳо ба доме афтодаанду кўшиши раҳоии худро доранд, аммо наметавонанд. Ҳазрати Бедил ин ҳолатро хеле хуб тафсир кардааст:

          Эй вой бар асире, к-аз ёд рафта бошад,

          Дар дом хуфта бошад, сайёд рафта бошад.

Чаро ингуна вазъият ба миён омадааст? Сабаб бисёр аст. Яке аз сабабҳо, ба фикри ман он аст, ки як идда адибон ва ҳам масъулони ин соҳа ҳаҷвро дуюминдараҷа ва саҳлу содда медонанд.

Устод Мирзо Турсунзода гуфта буданд: “Натиҷаи чуқур донистани ҳаёт ва инъикоси реалистии он аз тарафи нависанда дар повести “Марги судхўр” ба вуҷуд овардани образи Қорӣ Ишкамба мебошад”.

Афсўс, омўзиши ҳаёти воқеъӣ ва таҳайюли рангин мақоми хешро то ба ҳол пайдо накардааст. Аз ин рў ҳаҷви мо сатҳӣ ва умумӣ мебошад. Устод Урун Кўҳзод дуруст навиштаанд: “Ҳаҷви маъмулии мо, ғолибан дар ҳикоя, латифа монанд аст ва такя ба хушгўӣ ва суханбозӣ дорад. Услубан бештар масхарабозиро мемонад ва бинобар он мавзўъро соф яктарафа мебинад. Ва таасуроте пайдо мешавад, ки ҳикоя гўё дар ҳаво муаллақ истодааст – пояи иҷтимоияш мустаҳкам нест”.

Ҳаҷв пеш аз ҳама бояд аз моҳияти воқеъа бархеста, равандҳои иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва маишии ҳаётро аз назари борикбинонаи тадқиқи бадеӣ гузаронад. Ҳаҷви иҷтимоӣ дар шууру дили хонанда он ангезаеро, ки адиб интизор аст ҳатман ба вуҷуд меорад. Маҳз ба тавассути чунин ҳаҷв адиб метавонад хонандаро ба ғаму андўҳ ва мушкилоту проблемаҳои халқ шарик созад.

Сониян дар понздаҳ соли соҳибистиқлолӣ аз тарафи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барои ҷоннок кардани жанри ҳаҷв қариб талоше сурат нагирифтааст.

Ҳанўз соли 1954 устод Мирзо Турсунзода гуфта буданд: “Дар ташкилоти нависандагони Тоҷикистон як хислати бад расм шудааст, ки насрнависон фақат ғами насрро, шоирон ғами назмро ва драматургҳо ғами драматургияро мехўранд. Аммо халқи мо ғами тамоми адабиётро мехўрад, як жанрро аз жанри дигар ҷудо намекунад. Нависандагони мо ҳам бояд дар бораи тараққиёти ҳамаи жанрҳои адабиёт якҷоя ғамхорӣ кунанд”.

Жанри ҳаҷв ҳиссу самимияти хоса, сафои дилу рўҳ, назари устувор ва асолати қатъиро талаб мекунад. Яъне ҳам маҳорат ва ҳам ҷасорат лозим аст. Ба қавли устод Худоӣ Шарифов: “Ҷасорат бошад, зодаи маърифат аст”.

Зарурат ба таъкид аст, ки ҷасорат метавонад ба сари ҳаҷнигор нохўшиҳои зиёдеро биёрад. Ва Саҳибёри Толиб дуруст қайд кардааст: “Агар имрўз аробакашеро ҳаҷв кунанд, пагоҳ шояд зери чархи ароба мемонанд”.

Боре дар рўзнома чунин хабарро хондам: “…Дар пахтазори бригадаи С. Саидов (аз колхози ба номи Телман) говҳои шахсӣ чарида мегарданду сардор аз ин парвое надорад…”. Ва шеъри ҳаҷвие навиштам.

                Холабеғам Саидов,

                Кори ту ваъдабозӣ.

                Аз мо, мардуми меҳнат,

                Доимо мегурезӣ.

                Ҳосили пахта помол,

                Зери пои гову хар.

                Аз сояи лаби ҳавз

                Ту кай мебардорӣ сар?

                Дар саҳро пахта чинанд

                Бачаҳои мактабхон,

                Вале хешу таборат,

                Ба сўи бозор равон.

                Кору рафторат агар,

                Ҳамеша бошад чунин,

                Номи ту, Холабеғам

                Сазоят бошад ҳамин.

Ин шеъри ҳаҷвӣ моҳи октябри соли 1973 дар рўзномаи “Коммуна”-и ноҳияи Ваҳдат чоп шуд. Азобҳои кашидаамро Худо медонаду худам.

Дар ин мавзўъ боз як ишорае ба таъкид ниёз дорад. Дар замони Шўравӣ ҳар як материали танқидӣ аз тарафи матбуот на танҳо хеле хуб пазируфта мешуд, балки барои бартараф кардани иллатҳои дар он зикрёфта часпу талош мекарданд. Имрўз рўзномаву маҷаллаҳо ин ҷасоратро аз даст додаанд. Аз чопи ҳаҷвияҳои тезу тунд худдорӣ мекунанд. Ҳамин тавр ҳаҷвияҳои ман “Орзу”, “Нақш”, “Оби тоза” чоп нашуданд. Ходими рўзнома гуфт: “Мон истад, баъд дар китобат чоп мекунӣ”. Чӣ қадар аламангез аст, вақте чизе менависиву он рўи чопро намебинад.

Оре, хеле ғуссаовар аст!

Баъзе рафиқон дар адабиёти мо пештар ҳаҷв набуд гуфта ақибмонии ҳаҷвро сафед карданӣ мешаванд. Аммо ин фикр нодуруст аст. Ҳаҷви тоҷик таърихи қадима дорад. Ҳанўз аз қадим Афандиву Мушфиқӣ бо ҳаҷву зарофат фикри ҷомеаро баён мекарданд. Ҳазрати Муҳаммад низ ҳаҷвро дўст медоштаанд. Боре зане ба назди Пайғамбар (С) омада, хоҳиш мекунад, ки ба ў уштур диҳанд. Он кас мегўянд, ки ман ба ту бачаи уштур медиҳам. Зан хафа мешавад. Пайғамбар (С) мегўянд, ки “чаро меранҷӣ? Магар ҳамаи уштурҳо бачаи уштур нестанд? Шояд ман ба ту бачаи сисолаи уштурро диҳам?!”

Дар арафаи Рўзи ханда дар кўчаи Ярсевски Москва муҷассамаи тасвирии қаҳрамони шинохтаи латифаву хандаи шарқ Хоҷа Нариддин гузошта шуд. Муҷассамаи Қаҳрамони фолклори халқи тоҷик ва умуман шарқ Хоҷа Насриддин бо хараш дар назди ҳайкали барон Мюнхаузен гузошта шудааст. Дар бораи ин қаҳрамони фолклорӣ халқҳои зиёде навиштаанд. Нависанда, шоири шинохтаи тоҷик Темур Зулфиқоров зиёда аз 300 асар дар бораи Хоҷа Насриддин эҷод намудааст.

Иддае бар он ақидаанд, ки замона гунаҳгор аст. Не, замона айб надорад, ҳар айб, ки ҳаст дар замонасозии мост. Баъзеҳо айби худро ҳунар меҳисобанд. Чӣ хуб гуфтааст Шайхи Шероз:

          …Ки бурҳон қавӣ бояду маънавӣ,

          На рагҳои гардан ба гуфтан қавӣ.

Танқид албатта асал нест, талх аст. Шоире чи хуб гуфта:

          Чи хуш гуфт як рўз доруфурўш,

          Шафо боядат доруи талх нўш.

Аммо ҳаҷвро бисёриҳо дуруст намефаҳманд. Бардошти нодуруст боиси ранҷишу кина мегардад. Бинобар ин ҳатман эътироз мекунанд: “Ин ҳаҷв не, таҳқир аст!”.

Устод Гулназар бо фиғон: “Фарёд зи доноии нодонии мо!” гуфта хушдор додааст:

          Аз дасти ману ту гар наояд коре,

          Дар кишвари бедод, биё, дод занем!

Акбари Турсон дар як мақолаи хеш навишта: “Лоиқ “тоҷикему ба ҳам наҷўшида, тоҷикему на хайрхоҳи худем” гуфта, аз хулқи миллиамон шоирона нолидааст ва зимнан афзуда:

          Чораи ҳолаш бигўӣ, кина гирад,

          Боз нолад аз ғами бечораҳолӣ”.

Ҳаҷви асил маънавиётсоз аст. Ва қабули он нигоҳу завқи солим мехоҳад. Агар рўҳи касе аз он баҳра бурда натавонад, пас ин рўҳ бемор аст. Бале, рўҳи нотавону бечора ҳасад мебарад, рашк мебарад ва майли таъна задан дораду маккорӣ кардан. Михаил Пришвин навиштааст: “Бе ҳаҷв танҳо аҳмақон зиндагӣ мекунанд”. Антон Чехов ҳам хеле дуруст хитоб карда: “Не понимает человек шутки – пиши пропало!” Ва шоир ҳам чӣ нишонрас суруда:

          Шаҳд агарчи насиби ҳар магас аст,

          Лаззат он кас барад, ки шаҳдрас аст.

Табиист, ки ҳарчӣ мехонему мушоҳида мекунем аз андешаи мо мегузараду фаҳми мо дармеёбад ва ҳосили ақли мо мешавад. Мутаассифона, ин ҳосил имрўз хеле пуч аст. Ҷаҳолату торикӣ, хусумату нотавонбиниҳо чашми шуури дидан ва шинохтани фарҳанги миллиро чунон нотавон кардааст, ки кас ба даҳшат меояд.

Дар ҳар қадам мо бо онҳое рў ба рў меоем, ки ифтихори миллиро нодида мегиранд, забони модариро поймол менамоянд. Ба вабои маҳалгароӣ печида, ба маҳалҳо ҷудо шуда, байни худ хусумат меварзанд. Рўзноманигор Аҳмади Иброҳим дуруст менависад: “Ҳамин тавр худи тоҷикон Тоҷикистонро кайҳо сарфи назар аз моддаҳои алоҳидаи Сарқонуни кишвар дар бораи якпорчагӣ пора-пораю парешон кардаанд. Баъзе зиёиёни маҳалгарои бадбахташ бошанд, дар сўҳбатҳои хоса барои болида кардани табъи ҳамсўҳбатон ва паст задани мартабаи маҳалли дигар латифаҳо мегўянд”.

Аз ин рў бо эҳсоси баланди худшиносиву ифтихори миллӣ, бо дарки рисолати эҷодӣ ҳар он иллате, ки барои пешрафти ҷомеъаи мо халал мерасонад, бетаъхир ба риштаи ҳаҷв кашидан корест хеле савоб. Ва ба ҳар касе ки ба ин монеъ мегардад, ҳатман бояд ҳайфи шумо эълон карда шавад.

Акнун мехоҳам дар бораи муносибати мунаққидон ба ҳаҷв тавваққуф кунам. Ҳаҷв чун дигар жанрҳои адабиёт бе танқиди адабӣ душворӣ мекашад. Танҳо аз эҷодиёти ду ҳаҷнигор мисол меорам. Яке Баҳодур Файзулло аст, ки асарҳои ҳаҷвиаш аз соли 1951 чоп мешаванд. Рўйхати асарҳои ҳаҷвиаш дар хонаи “Ҳаҷву ханда”-и шаҳри Гапровои Булғория маҳфуз аст. Албатта, асарҳои ў камбудӣ доранд, аммо аз муваффақият низ холӣ нестанд. Мутаассифона, мақолаи ягон мунаққидро дар бораи асарҳои Баҳодур Файзулло нахондаам.

Дигаре Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳ мебошад, ки солҳои зиёд майдони ҳаҷвро обод намуда, ҳикояҳои намакини худро ба хонандагон пешкаш намуд. Ҳикояҳои ҳаҷвии ў аз назми гузаштаи ниёгонамон об хўрда, бо сабку услуби хосае иншо гашта, ба дилу дидаи ҳаводорони каломи ҷаззобашон ҷой шуданд. Рисолати ҳаҷвнигории Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳ дар мўъҷазбаёнию тозабаёнӣ ва забону баёни пур аз рамзу роз ва дигар санъатҳои офарандагӣ ҳувайдо мешавад. Чунон ки Низомии Ганҷавӣ фармудааст:

            Кам гўю гузида гўй чун дур,

            То з-андаки ту ҷаҳон шавад пур.

Дар эҷодиёти ў эҷози сухан, яъне бо лафзи андак баён кардани маънои бисёр дида мешавад. Инак, чанд мисол:

“Ба сартарош:

– Эҳтиёт шавед, бародар. Хуни одамӣ об нест”.

“Ба фурўшанда:

– Сабр кунед, хоҳарам. Пул ҷон нест, ки зуд барояд”.

Ва ё:

“Рўзат ба маош монад”.

“Рўзат ба СТО афтад”.

Бубинед чи гуна равон, хушоҳанг, гиро ва хотирнишин ба қалам овардааст. Ин танзҳо дилу рўҳи хонандаро ба ковишу тапиш хоҳад овард ва ба андеша ҳидоят хоҳад кард.

Мунтазир истода сукут ихтиёр кардани мунаққидон ба жанри ҳаҷви тоҷик зарари калон расондааст. Албатта, дар матбуот якто-нимто мақола ба чашм мерасад. Вале дар онҳо ҷиҳатҳои мусбат ва манфии жанри ҳаҷв таҳлили чуқури худро наёфтаанд. Ҳол он ки таҳлили дар сари вақт карда, доираи асарҳои ҳаҷвиро васеъ менамояд ва ба нависанда ғайрати нав мебахшад.

Мо бояд беҳтарин дастовардҳои ҳаҷвро таҳлилу тадқиқ намуда, дари коргоҳи эҷодии муаллифонашро ба рўи хонанда боз намоем.

Умуман адибро бетарафию беэътиноии ҳақаламонаш азоб медиҳад. Ба кўйи яъсу ноумедӣ меандозад. Аз дили бешафқат сахттару сардтар ҷирме нест. Дар ин ҷода эҷодкорон бояд ба ҳамдигар ёрӣ расонанд. Ба муваффақиятҳо ва камбудиҳои ҳамдигар диққат диҳанд, барои тақдири жанри ҳаҷв баробар масъул шаванд.

Боз як ишорае ба таъкид ниёз дорад. Ин пардохти ҳақи қалам мебошад. Имрўз ягон рўзнома ҳақи қалам намедиҳад. Агар гўям, ки ҳеҷ адиб барои пулу мол қалам ба даст намегирад, хато намешавад. Вале набояд фаромўш кард, ки адиб ҳам инсон аст ва ўро ҳам таъмини рўзгор зарур аст. Ҳазор сол аз ин муқаддам заминдори давлатманд Фирдавсии тўсӣ ҳам бо таъминоти амирони сомонӣ ба навиштани “Шоҳнома” шурўъ карда буд ва вақте ки Султон Маҳмуд дар ивази он шоҳкор пули кам дод, шоир сахт ранҷид.

Гумон мекунам, ки яке аз садд аст. Ин садди мушкилро бояд аз байн бардошт.

Чунон ки устод Кўҳзод менависад: “нашриётҳои хусусӣ, бино ба иқтисоди бозаргонӣ, бояд асарҳои бозоргирро ёбанд ва фармоянд ва нашр кунанд ва фурўшанд ва ҳам ҳақи муаллифро диҳанд ва ҳам фойида гиранд. Чунин заҳмат кашанд, ҳалолашон бод. Аммо дар амал чунин нест. Инҳо аз муаллиф пул мегиранд”.

Оре, қонунҳои сангини иқтисоди бозоргонӣ батадриҷ ҷорӣ мешаванд ва аз онҳо ҷои гурез нест. Ва ҷайби бе ин ҳам холии аҳли қаламро холитар мекунад. Ва Бедили сухансанҷи борикфикр низ фармуда, ки:

    Ҳуҷуми шикваи ҳар кас зи дарди муфлисӣ бошад,

    Нахезад нола аз най, то бувад мағз устухонашро.

Ва боз ин байти машҳури Бедили бузург ба ёд меояд:

       Рў ба Ҳинд овардани соҳибдилон аз баҳри чист?

       Рўзгор оинаро мўҳтоҷи хокистар кунад.

Ин ҳолат адибонро ба роҳи пулҷўӣ ҳидоят мекунад. Дар ин шояд бадие набошад. Вале дар ин рўйдод як ҷузъе нофорам аст, ки устод Гулназар гуфта:

          Гўянд: “чиҳо металабӣ аз олам?”

          Ман бар дари ҳар гадо гадоӣ накунам!

Мехоҳам чанд сухан дар бораи яке аз писандатарин жанри адабӣ латифа гўям. Гарчанде латифа дар адабиёти забони форсӣ таърихи қадима дорад, аммо имрўз ривоҷу иштиҳори зиёд наёфтааст. Чунон, ки устод Худоӣ Шарифов менависад: “Дар адабиёти замони гузашта латифа шаклҳои зиёде дорад, зеро ҳаҷву ҳазлу мутоиба дар сухани шифоҳӣ падид меояд ва ба воситаи маҷозу киноя, иҳом ва сайри маънои калима бунёд карда мешаванд”. Дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” латифаро базла, шўхӣ ва мутоиба, нуктаи дақиқ, сухани бозарофат, каломи мухтасари пурмаъно гуфтаанд. Латифа аз решаи фолклорӣ об мехўрад ва маҳз ба ҳамин сабаб шуури зояндаро дорост. Аҳмад Гулчини Маонӣ латоифро аз ҷумлаи мунозарот ва муҳозарот медонад. “Дар ҳақиқат, – менависад устод Худоӣ Шарифов, – дар латифа мунозираи ду нафар асоси шакл буда, ҳозирҷавобӣ ва тасдиқи назар натиҷаи он аст”.

Дар латифа садеро бояд яке гуфт. Паёмбари гиромӣ ҳазрати Муҳаммад (с) фармудаанд: «Айби сухан дарозии он аст». Ё баракс дар ҳадиси дигаре таъкид намудаанд: «Зебоии сухан ба кўтоҳ ва ихтисор аст».

Сухани хубро гуфта тавонистан ва тавассути сухан ҳозирҷавобӣ кардан ҳам ҳунар аст. Барои тақвияти ин фикр чанд ҳикоятеро аз Убайди Зоконӣ меорам:

“Амир Темур аз Талҳак мепурсад:

– Баҳои ман чанд аст?

Ў мегуяд:

– Ду ҳазор дирам.

Амир дар ғазаб шуда мегўяд, ки ин чи баҳоест, ки ту ба ман медиҳӣ? Худ баҳои камарбандам ҳамин қадар аст.

Ў мегуяд:

– Ман ҳам фақат ба камарбанди шумо баҳо додам.

Амирро ин ҷавоб хуш меояд”.

Ва ё:

“Султон Маҳмуд сар ба зонуи Талҳак ниҳода буд, гуфт:

– Ту даюсонро чӣ бошӣ?

Гуфт:

– Болиш”.

Яъне, ки ҳаҷв бояд дилкушо бошад. Устоди ҳаҷв Убайди Зоконӣ рисолаашро «Дилкушо» номидааст. Ин маънии чуқур дорад. Ҳамагуна доғу дард бо хушнудӣ, бо рафтори некбинона раф мешавад.

Вуҷуди латифаро нафосати сухан ташкил дода, кайфияти зебоиро бедор мекунад. Чун ташнаест дар хумори чашмаи мусаффо. Ҳайф аст, агар чашма лой бошад.

Дар ин кори хайр рўзномаҳо бояд саҳм бигиранд. Чаро латифаҳои ғайрро ба чашми хонандаҳо бифишорем? Магар мо латифа надорем? Набояд, ки оби дари хона беқадр шавад. Орзу мекунам, ки шояд рўзе: “Бихандад лола бар саҳро ба сони чеҳраи Лайло…”

Чанд нафаре бар он ақидаанд, ки гўё адибоне, ки дар дигар жанрҳои адабиёт комёб намегарданд ба ҳаҷв рў меоранд. Баҳром Фирўз ҳам дар як мақолааш гўшрас карда буд: “Чаро адибони бебарор зўри худро дар боби танқиди адабӣ, тарҷума, ҳаҷв, нақиза ва ғайра наозмоянд?!”

Ин ақидаро фаъолияти эҷодии устодон Пўлод Толис, Фазлиддин Муҳамадиев ва Ўрун Кўҳзод ботил месозад.

Бисёр эрод мегиранд, ки ҳаҷви мо чун ҳаҷви русҳо нест. Албатта, ин ҷо мавриди муқоиса кардан нест, ин кори дигар аст. Вале бояд бигўем, ки ҳаҷви мо бояд рўҳияи миллӣ дошта бошад.

Бисёр таассуф мехўрам, ки курс-конференсияи адибони ҷавон, ки соли 2005 гузашт, ягон ҳаҷнигорро кашф накард.

Бо вуҷуди ободию пешравӣ ҳанўз ҳам иллату нуқсонҳо ҷой дорад. Устод Гулназар дар як рубоии худ мегўяд:

       Эй дард, гузар, ки фасли бедардон аст,

       Мардӣ, ту бирав, ки даври номардон аст.

       Ҳайфо, ки сухан чу эътирози Толис

       Дар ҳалқаи ресмон нафасгардон аст.

Гўё Хоҷа Ҳофиз ин сатрҳои пуршўру пурэҳтиросро дар бораи ҳаҷвнигорон суруда бошад:

      Шаби торику бими мавҷу гирдобе чунин ҳоил,

      Куҷо донанд ҳоли мо сабукборони соҳилҳо.

Ё ин ки:

      Киштӣ шикастагонем, эй боди шурта, бархез,

      Бошад ки боз бинем дидори ошноро.

“Боди шурта” метавонад Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бошад. Яъне бомуваффақият тараққӣ ёфтани жанри ҳаҷв ба он вобаста аст, ки то чӣ андоза Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон кори худро мувофиқи талаботи замон ба роҳ монда метавонад. Қобили зикр аст, ки мо ҳаҷвнигорони пуристеъдод ва ҷавонони қобил дорем. Замон эҳсоси масъулиятро тақозо мекунад. То тавонем ба эҷодкорон ғамхорӣ ва дасти ёрӣ дароз намоем.

        То тавонӣ мардуми соҳибҳунарро кун мадад,

        Роҳи худро беҳунар бо сад ҳиял пайдо кунад.

Бузургон мефармоянд: “Ду чиз тирагии ақл аст: хомўшӣ ба вақти гуфтану гуфтан ба вақти хомўшӣ”. Бале, вазифаи ҳаҷвнигорон нуқсонҳои ҷомиашро фош кардан аст. Тавре, ки шайх Саъдӣ мегўяд:

          Агар бинӣ, ки нобинову чоҳ аст,

          Агар хомўш биншинӣ гуноҳ аст.

Дар ҳама давру замон, дар ҳама гуна ҷамъият шахсоне, ки нуқсонро мебинанду хомўш менишинанд, дар назди Худою халқу давлат гунаҳкоранд. Ба ин маънӣ Президенти кишвар, мўҳтарам Э. Ш. Раҳмонов чунин гуфтааст: “Касе, ки дар роҳи муборизаи зидди ҷинояткорӣ ширкат намекунад, худи ў гунаҳкор аст ва касе ки ҷинояткориро мепўшонад, худи ў ҷинояткор аст”.

Ошкор солхтани иллатҳои ҷомеа беҳтарин воситаи фаро хондан ба ҳушёрист. Имрўз мебояд дарахти дўстиро бештар биншонд. Ҳофизи Бузург чӣ дурбинона гуфта:

    Дарахти дўстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,

    Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.

“Ниҳоли душманӣ” ана ҳамин иллатҳои ҷомеа мебошанд. Мебояд онро решакан кард, зеро: “Душманӣ орад ба мардум рўзи сахт!”.

Оре, дўстӣ созанда асту душманӣ сўзанда!

Аммо дар баробари ин бояд эҳтиёт кунем, ба ҳаяҷон ва ҳассосият дода нашавем. Нуқсонҳоро пуршўру пурэҳтирос не, оромона ва боадабона фош созем. Дар акси ҳол ҳаҷви мо боиси бардошти нодуруст гардида, метавонад иғвои нав ва кинаву адовати навро барангезад.

      Сухан дониста гў, то дўстро душман нагардонӣ,

      Зи ҳарфи бумурувват ошно бегона мегардад.

Ҳаҷв набояд таҳқир бошад ва чун хор ба дил халад.

         Хор дар по инчунин душворёб,

         Хор дар дил чун бувад, водеҳ ҷавоб.

Ислом ҳам онро маҳкум мекунад: “Изои бандаи мўъмин ҳаром аст”.

Вақти ғафлату танбалгарӣ гузашт. Вақти иқдом асту саъйу ҷидду ҷаҳд.

    Вақти он аст, эй қалам, буррандатар гардӣ зи теғ,

    Вақти он аст, эй сухан, ғуррандатар гардӣ зи барқ.

Ҳабиб Юсуфӣ ин сатрҳои ҳаяҷонбахшро дар рўзи аввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ навиштааст.

Имрўз ҳам ҷанг аст. Ҷанг бо бадахлоқӣ. Ҳаҷвнигорон   бояд бо тамоми вуҷудашон ин падидаи номатлубро нафрат кунанд ва бо ханҷари тези ҳаҷв онро пора-пора созанд. Бале, ҳаҷв бояд ин ҳамаро чун хасу хошок сўзонада хокистар кунад. Зеро: “Хас каму ҷаҳон пок!”.

28 марти соли 2006

 

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ruza_ramadan

Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Нияти рӯза гирифтан: «Ва ли савми ғаддим-мин шаҳри рамазона-л-лазӣ фаризатан навайту». Тарҷума: Рӯзаи фардоро аз …