Главная / Гуногун / БУРДУ БОХТИ ХАЧВ

БУРДУ БОХТИ ХАЧВ

Хочати исботу далел нест, ки инсон нодиртарин, нозуктарин, латифтарин ва хушбахттарин офаридаи Худованд аст. Инсон зебоихо ва накуихоро хис мекунаду дар огуши табиат умр ба сар мебарад. Ва у аз худуди ин табиат берун по монда наметавонад ва инро Шохин чунин ба риштаи назм кашидааст:

       Чое равам, ки гардун болои сар набошад,

       Аммо чи метавон кард, чои дигар набошад.

Бале, Замин – Модар – Ватан барои инсон яктост. Ва хар як инсон дар он озод аст ва бар тинати худ метанад. Аммо хак ин аст, ки Шайх Саъди гуфта:

          Бани одам аъзои якдигаранд,

          Ки дар офариниш зи як гавхаранд.

          Чу узве ба дард оварад рузгор,

          Дигар узвхоро намонад карор.

duxtaroni-tojik-100Ба кавли Арасту: “Инсон хайвонест мадании биттабъ, аз гами дигарон мутаъассир мешавад ва аз хушии онхо шод мегардад”. Файласуфони машхур ба сарохат мегуянд, ки асоси ахлок амри мутлак аст. Яъне инсон бояд низоми мавчуда ва феълиро хифз кунад ва чони худро барои созандаги фидо созад. Вале Офаридагори якто инсонро бо таркиби чор унсур – гарми, сарди, хушки ва тари оростааст. Бад-ин тарик зиндаги аз пайванди тазодхо таркиб ёфтааст. Инсон чунин офарида мешавад, ки наметавонад, бидуни хайру шар либоси хасти бар тан кунад.

Чахонро ду кувваи бузург – Неки ва Бади идора мекунад. ва то одаму олам хаст, ин ду кувва мукобили хамдигар дар сангаранд. Ин куввахои ба хам зид дар ниходи инсонхо чои гирифта, вобаста ба иродаи онхо заиф ва ё пурзур мегардад. Чун руз равшан аст, ки неруи Неки дарачае зиёдтар аст. Вагарна аз Одаму Одам кайхо ному нишон намемонд.

Бале, аслан инсон бунёдкор асту созанда. Мо шохидем, ки дасти гулкори инсон садхо чулу биёбонро ба гулистон табдил додааст. Чунин инсонхо тавассути акли солиму хиради нек ба мартабаи созандаги расидаанд. Мутаассифона, бархе бинобар бенасиб мондан аз фаросату маъни бадкешу бадкирдор ва беору беномус гаштаанд.

Зиндаги чун дарё метапад, мехурушад ва ба пеш меравад. Чунон ки дар як рубоии халки омада: “Дунёра ба як карор кай мебинам?!” Бале, замона хамеша дар як карор нест, ба кавли Хаким Фирдавси: “Гахе зинсавору гахе зинбапушт” аст. Ва имруз инсонхои бадкешу бадкирдор зинсаворанд. Онхо чунон берахму бешафкат хастанд, ки хайвон ба даст обгирияш хам мувофик намеояд. На аз Худо метарсанду на бандаашро ба кадри як дона чав писанд мекунанд.

Онхо ки аз мадори одамгари баромадаанд, чабру чафо ва фиребу найрангро мезоянд, ки окибаташ факат касофату фалокат хасту бас.

Барои он ки кишвар рушд кунад, ин хама иллату нуксонхо набояд пинхон бимонанд, лозим аст, ки фош карда шаванд. Мутаассифона, иддае ба хусну кубхи акли дар ахлок коил нестанд, ба назари шубхаву нафрат менигаранд. Аксар вакт хаёт барои онхо мушкилоти зиёдеро ба миён меорад. Агар бо ибораи гушхарош: “Сазояш хамин аст!” гуён канорачуи кунем, нафратро ба вучуд меорем. Дар шароите, ки як гурух нисбат ба гурухи дигар нафрат дорад, созандаги номумкин мебошад, зеро бадбини барои созандаги заминаи хуб шуда наметавонад.

“Дидани айби хештан хунар аст” гуфтаанд. Вале кам анадар кам касоне хастанд, ки айбу иллати худро мебинанд. Хеч кас намегуяд, ки дугам туруш аст. Гузашта аз он пургунохе аз гунохи дигарон харф мезанад. Иддае ин гуфтаи шоирро шиори хеш карор дода:

          Гар ту гунох мекуни, гунохи кабира кун,

          То дар чаханнам аз хама болонишин шави.

Магар мо кутохаклем, хирад ба мо бегона аст?

На, албатта, не!

Шоир гуфта: “Хар касеро ман-мани дар дил бувад, дур аз фазл аст, агар фозил бувад”. Ана хамин “ман-мани” имкон намедихад, ки панди Хаким Фирдавсиро ба ёд биёранд:

          Дигар гуфт чун пеши довар шави,

          Хамон бар, ки кишти хамон бидрави.

Хатто ояти Куръони мачид: “Дунё киштзори охират аст” сарфи назар карда мешавад.

Зарурат ба таъкид аст, ки катъи назар аз он, ки гунох содир мекунанд, вале барои сафед кардани худ онро ба чарх хавола мекунанд. Хайём инро бо исён инкор мекунад:

         Некиву бади, ки дар ниходи башар аст,

         Шодиву гаме, ки дар казову кадар аст,

         Бо чарх макун хавола, к-ардар рахи ишк

         Чарх аз ту хазор бор бечоратар аст.

Хочати исботу далел нест, ки агар инсон ин хама айбу нуксонхои худро надонаду дарк накунад ислохи он аз имкон берун аст.

Хоча Хофиз фармудааст:

         Табиби ишк Масеходам асту мушфик, лек,

         Чу дард дар ту набинад киро даво бикунад.

Дардро эхсос кардан, касро комилтар месозад.

Ва боз Хоча Хофиз мефармояд:

        Одами дар олами хоки намеояд ба даст,

        Олами дигар бибояд сохт в-аз нав Одаме.

Яъне бо айбу иллате, ки дар чомеа хаст, бояд муборизаи беамон бурд. Табиист, ки ин кор фаъолияти бедарег ва бурдборонаро такозо мекунад. Ва хеч шакку шубхае нест, ки ин кори яку ду нафар ё як вазорату идора нест. Барои рафъи иллатхои чомеа бояд хама масъул бошанд. Як зарбулмасали халкиро мехохам ба самъи шумо бирасонам:

        Об дар кузаю мо ташналабон мегардем,

        Ёр дар хонаю мо гирди чахон мегардем.

Ман ин зарбулмасали халкиро барои он хотиррасон кардам, ки дар нишон додани иллатхои чомеа хачвнигорон метавонанд хеле ва хеле сахми арзанда бигиранд. Махз вазифаи хачв аст, ки чашми хамагонро ба шинохти ин иллатхо кушояд. Табиист ва бадехист, ки рафъи ин иллатхо танхо файзу баракат меорад. Бад-ин чихат, хачв бояд хамкадаму хамдами мо гардад ва зиёда аз он аз чониби рохбарони хама зинахо дастгирии хамачониба ёбад.

Агарчи дар як макола наметавон хамаи пахлухои чоннок кардани жанри хачвро барраси кард, аммо он метавонад сахифаи наверо дар таърихи хачви точик боз намояд. Барои ин лозиму зарур аст, ки холисона, бо дилсузи, хайрхохи, хушбини ва некандеши ба хамдигар муносибат кунем. Фикр мекунам, ки рисолати эчодкор инро такозо мекунад. Ва хамзамон набояд панди Саъдии бузургворро фаромуш кунем:

        Аз сухбати дусте ба ранчам,

        К-ахлоки бадам хасан намояд.

        Айбам хунару камол бинад,

        Хорам гулу ёсуман намояд.

        Ку душмани шухчашми бебок,

        То айби маро ба ман намояд.

Дар вокеъ, хачв чист? Дар “Фарханги забони точики” хачвро мазаммат, масхара гуфтаанд. Ва боз хачви малех, яъне хачве, ки зохиран ситоиш аст. Ба андешаи ман хачв неш аст. Неше, ки нуш медихад. Яъне бехисоб фоида мебахшад. Бехуда: “Ханда – хабиб, гам – ракиб!” – намегуянд. Хачв ин шодиест, ки андух дорад. Андухест, ки шоди дорад. Хоча Абдуллохи Ансори гуфтааст: “Шодии беандух аз андух кушандатар аст”.

Сарчашмахои таърихи аз он шаходат медиханд, ки ниёгони мо нисбат ба хачв майлу рагбати зиёде дошта, дар раванди зиндаги аз он истифода мекардаанд.

Тазаккур бояд дод, ки хачв ба воситаи сурати зохири, рафтору кирдори инсон ба ботин ва чахони маънавии инсон назар меафканад. Яъне бо бовари гуфтан мумкин аст, ки хачв оинаи ботини инсон аст. Дар ин робита рубоие ба ёдам меояд:

        Рав, дида бидуз, то дилат дида шавад,

        З-он дида чахони дигарат дида шавад.

        Гар дидаи дил ба зикри хак бикшои,

        Бар боми фалак харчи бувад дида шавад.

Хачв харчанд дорои охангхои латиф бошад хам, лек онро мазмуни амики танкиди оро медихад. Матлаби асоси хам дар хамин аст. Устоди хачв Убайди Зокони гуфтааст:

        Ба мазохат нагуфтам ин гуфтор,

        Хазл бигзору чилд аз у бардор!

Дар як маколаи худ номзади илми филология Боймурод Шарифзода менависад: “Ба рубоии зер ахамият дихед:

        Душина, шабе ки барф бар душам буд,

        Зону чу аруси нав дар огушам буд.

        Пушидание набуд чуз чашмонам,

        Чизе, ки ба зари сар нихам, гушам буд.

Лутфи сухани ин рубои хама касро механдонад, вале ин чо фочиае тасвир шудааст ва бояд ба холи гуяндаи он гирист, на хандидан. Инсони фозилро хама вакт манзарахои олами хасти азият медихад, вале барои гофилону хомтабъон хамаи ин чизхо масарратбахшанд. Ба кавли хазрати Бедил:

       Хомтаъбон аз фишори ранчи дахр осудаанд,

       Пухтаги ангурро зиндонии хум кардааст”.

Хамин тавр хачв барои пешгири намудани нохуши, гирифтани пеши рохи одамони бадкирдору бадахлок ва амалхои нопоки онхо мусоидат менамояд. Бад-ин ру ба хулосае меоем, ки хачв жанрест шариф ва маърифатест латиф.

Дар як хафтанома андешаи мунаккидро хондам: “Дар адабиёти муосири точик феълан натанхо мунаккидони касбии сохаи хачв, балки худи хачв вучуд надорад”. Чунин акидаро аз забони як адиб хам шунидам. Ки медонад, шояд онхо аз руи маколи “то бад нагуи нек пеш намеояд” амал карда бошанд. Лекин аз ин айбчуи ба хайрат омадам. Хатто боварам наомад, ки ин харфи сар-сариву руякиро як адиб мегуяд. Хар касе ки забон ба бахо мекушояд бояд фаромуш накунад: “Ахли дилро чинии хотир бувад аз хад латиф”. Лекин забони ман намегардад гуям, ки дар мо хачв нест. Хачв хаст, вале химат нест. Ба кавли устод Кухзод: “Хикояхои хуби адабиёти худамон бошад, дар холати хастанду нестанд мемонанд – як кас медонаду сад кас намедонад”.

Барои чи? Аввалан чунон, ки мегуянд оби дари хона хира. Сониян боз хам ба кавли устод Кухзод “дар минбархои баланд воиз ё ровие надорад, ки пайваста “вазъ гуяду ровиги бикунад”.

Зарурат ба таъкид аст, ки катъи назар аз он, ки ба жанри хачв ахамият дода намешавад хачвнигорони зиёде дар ин жанр захмат кашиданд ва кашида истодаанд. Чунин хачвнигорон Бурхон Гани, Самад Гани, Точи Усмон, Рахим Чалил, Хочи Содик, Ашур Сафар, Ахмадшох Махмадшох, Рахмат Зайдулло, Болта Ортик, Абдулкаххор Мухаммадали бо гаму дарди хачв рахт аз ин чахони пурошуб барбастанд ва ба оламе, ки ба он эътикод надоштанд, рахсипор гардиданд.

Рухашон шоду гурашон пурнур бод!

Имруз бо захмати Басир Расо, Баходур Файзулло, Саидахмади Зардон, Махкам Пулод, Мирзо Файзали, Абдусаттори Рахмон, Хакимали Назарали, Имомиддин Рахими, Додохон Эгамзод, Начмидини Шохинбод, Курбон Аламшо, Имомназар Холназар, Холмурод Шарифов, Карим Давлат, Гурез Сафар, Саъдулло Мусо, Абдурауф Муроди, Хикмат Неъмат, Бахтиёри Чумъа, Эмоми Назар, Абдурахмон Расули, Гафоралии Сафар, Самариддин Асозода, Ваххоб Одина, Музаффар Неъматзода, Мухамадчон Тоштемиров, Саидахмади Хасан, Бобочони Икром, Сафо Халими ва дигарон мулки хачв обод ва деги танзу мутоиба дар чуш аст. Албатта хар кадоме роху равиши худро дорад, сухани худро дорад.

Аммо имруз бисёрихо ба хусну кубхи ахлокии хачв коил нестанд, ба он ба назари шакку бадбини менигарад ва гузашта аз он онро нолозим медонанд. Не, имруз хачв чун обу хаво зарур аст. Рочеъ ба хачв имруз эродхо бисёранд ва гиламандии хонандагон дар ин хусус чоиз аст.

Харчанд, ки имруз барои хачнигорон шароити мусоид ва имконияти васеъ фарохам омада бошад хам, хачв дар холати ташвишомез карор дорад. Он аз тазодхои зиндагии вокеъи хеле ва хеле кафо мондааст. Яке аз шохахои чанговари он – фелетон тамоман бархам хурдааст.

Матбуотро оинаи хаёт мегуянд, ки рост аст. Оинаест, ки кору пайкор, муваффакияту камбудихоро акс мекунад ва хушдор медихад, ки ба корхои нек пайрави карда, паи ислохи камбуди шитобем. Вале як чиз аз руз хам рушантар аст, ки ин оина имруз пургубор аст. Зеро сохибонаш шоху таъбашон вазир! Хама рузномаю мачаллахо голибан хачви хоричиро чоп мекунанд ва маводи тайёрро аз дигар газетахо мегиранд. Алхол ин равия равнаку ривоч дорад. Ба кавли Салими Хатлони мо набояд охи аз дил частаро пойбанди лаб созем. Ин ба пешрафти хачви милли зарба мезанад, дар диёри мо тухми бечавхари мекорад. Ва бесабаб хам Салими Хатлони бо изтиробу сузу гудоз намегуяд:

          Вой бар кавме, ки аблахпарвар аст,

          Маснади бегонагонаш мафхар аст.

Аслан, ба хачвнигорон камхавсалаги ва бетафовути хос нест ва махз ин хислати онхо намегузорад, ки ба бисёр масъалахои чомеа бетараф бошанд. Вале имруз гуё онхо ба доме афтодаанду кушиши рахоии худро доранд, аммо наметавонанд. Хазрати Бедил ин холатро хеле хуб тафсир кардааст:

          Эй вой бар асире, к-аз ёд рафта бошад,

          Дар дом хуфта бошад, сайёд рафта бошад.

Чаро ингуна вазъият ба миён омадааст? Сабаб бисёр аст. Яке аз сабабхо, ба фикри ман он аст, ки як идда адибон ва хам масъулони ин соха хачвро дуюминдарача ва сахлу содда медонанд.

Устод Мирзо Турсунзода гуфта буданд: “Натичаи чукур донистани хаёт ва инъикоси реалистии он аз тарафи нависанда дар повести “Марги судхур” ба вучуд овардани образи Кори Ишкамба мебошад”.

Афсус, омузиши хаёти вокеъи ва тахайюли рангин макоми хешро то ба хол пайдо накардааст. Аз ин ру хачви мо сатхи ва умуми мебошад. Устод Урун Кухзод дуруст навиштаанд: “Хачви маъмулии мо, голибан дар хикоя, латифа монанд аст ва такя ба хушгуи ва суханбози дорад. Услубан бештар масхарабозиро мемонад ва бинобар он мавзуъро соф яктарафа мебинад. Ва таасуроте пайдо мешавад, ки хикоя гуё дар хаво муаллак истодааст – пояи ичтимоияш мустахкам нест”.

Хачв пеш аз хама бояд аз мохияти вокеъа бархеста, равандхои ичтимои, ахлоки ва маишии хаётро аз назари борикбинонаи тадкики бадеи гузаронад. Хачви ичтимои дар шууру дили хонанда он ангезаеро, ки адиб интизор аст хатман ба вучуд меорад. Махз ба тавассути чунин хачв адиб метавонад хонандаро ба гаму андух ва мушкилоту проблемахои халк шарик созад.

Сониян дар понздах соли сохибистиклоли аз тарафи Иттифоки нависандагони Точикистон барои чоннок кардани жанри хачв кариб талоше сурат нагирифтааст.

Хануз соли 1954 устод Мирзо Турсунзода гуфта буданд: “Дар ташкилоти нависандагони Точикистон як хислати бад расм шудааст, ки насрнависон факат гами насрро, шоирон гами назмро ва драматургхо гами драматургияро мехуранд. Аммо халки мо гами тамоми адабиётро мехурад, як жанрро аз жанри дигар чудо намекунад. Нависандагони мо хам бояд дар бораи тараккиёти хамаи жанрхои адабиёт якчоя гамхори кунанд”.

Жанри хачв хиссу самимияти хоса, сафои дилу рух, назари устувор ва асолати катъиро талаб мекунад. Яъне хам махорат ва хам часорат лозим аст. Ба кавли устод Худои Шарифов: “Часорат бошад, зодаи маърифат аст”.

Зарурат ба таъкид аст, ки часорат метавонад ба сари хачнигор нохушихои зиёдеро биёрад. Ва Сахибёри Толиб дуруст кайд кардааст: “Агар имруз аробакашеро хачв кунанд, пагох шояд зери чархи ароба мемонанд”.

Боре дар рузнома чунин хабарро хондам: “…Дар пахтазори бригадаи С. Саидов (аз колхози ба номи Телман) говхои шахси чарида мегарданду сардор аз ин парвое надорад…”. Ва шеъри хачвие навиштам.

                Холабегам Саидов,

                Кори ту ваъдабози.

                Аз мо, мардуми мехнат,

                Доимо мегурези.

                Хосили пахта помол,

                Зери пои гову хар.

                Аз сояи лаби хавз

                Ту кай мебардори сар?

                Дар сахро пахта чинанд

                Бачахои мактабхон,

                Вале хешу таборат,

                Ба суи бозор равон.

                Кору рафторат агар,

                Хамеша бошад чунин,

                Номи ту, Холабегам

                Сазоят бошад хамин.

Ин шеъри хачви мохи октябри соли 1973 дар рузномаи “Коммуна”-и нохияи Вахдат чоп шуд. Азобхои кашидаамро Худо медонаду худам.

Дар ин мавзуъ боз як ишорае ба таъкид ниёз дорад. Дар замони Шурави хар як материали танкиди аз тарафи матбуот на танхо хеле хуб пазируфта мешуд, балки барои бартараф кардани иллатхои дар он зикрёфта часпу талош мекарданд. Имруз рузномаву мачаллахо ин часоратро аз даст додаанд. Аз чопи хачвияхои тезу тунд худдори мекунанд. Хамин тавр хачвияхои ман “Орзу”, “Накш”, “Оби тоза” чоп нашуданд. Ходими рузнома гуфт: “Мон истад, баъд дар китобат чоп мекуни”. Чи кадар аламангез аст, вакте чизе менависиву он руи чопро намебинад.

Оре, хеле гуссаовар аст!

Баъзе рафикон дар адабиёти мо пештар хачв набуд гуфта акибмонии хачвро сафед кардани мешаванд. Аммо ин фикр нодуруст аст. Хачви точик таърихи кадима дорад. Хануз аз кадим Афандиву Мушфики бо хачву зарофат фикри чомеаро баён мекарданд. Хазрати Мухаммад низ хачвро дуст медоштаанд. Боре зане ба назди Пайгамбар (С) омада, хохиш мекунад, ки ба у уштур диханд. Он кас мегуянд, ки ман ба ту бачаи уштур медихам. Зан хафа мешавад. Пайгамбар (С) мегуянд, ки “чаро меранчи? Магар хамаи уштурхо бачаи уштур нестанд? Шояд ман ба ту бачаи сисолаи уштурро дихам?!”

Дар арафаи Рузи ханда дар кучаи Ярсевски Москва мучассамаи тасвирии кахрамони шинохтаи латифаву хандаи шарк Хоча Нариддин гузошта шуд. Мучассамаи Кахрамони фолклори халки точик ва умуман шарк Хоча Насриддин бо хараш дар назди хайкали барон Мюнхаузен гузошта шудааст. Дар бораи ин кахрамони фолклори халкхои зиёде навиштаанд. Нависанда, шоири шинохтаи точик Темур Зулфикоров зиёда аз 300 асар дар бораи Хоча Насриддин эчод намудааст.

Иддае бар он акидаанд, ки замона гунахгор аст. Не, замона айб надорад, хар айб, ки хаст дар замонасозии мост. Баъзехо айби худро хунар мехисобанд. Чи хуб гуфтааст Шайхи Шероз:

          …Ки бурхон кави бояду маънави,

          На рагхои гардан ба гуфтан кави.

Танкид албатта асал нест, талх аст. Шоире чи хуб гуфта:

          Чи хуш гуфт як руз доруфуруш,

          Шафо боядат доруи талх нуш.

Аммо хачвро бисёрихо дуруст намефахманд. Бардошти нодуруст боиси ранчишу кина мегардад. Бинобар ин хатман эътироз мекунанд: “Ин хачв не, тахкир аст!”.

Устод Гулназар бо фигон: “Фарёд зи доноии нодонии мо!” гуфта хушдор додааст:

          Аз дасти ману ту гар наояд коре,

          Дар кишвари бедод, биё, дод занем!

Акбари Турсон дар як маколаи хеш навишта: “Лоик “точикему ба хам начушида, точикему на хайрхохи худем” гуфта, аз хулки миллиамон шоирона нолидааст ва зимнан афзуда:

          Чораи холаш бигуи, кина гирад,

          Боз нолад аз гами бечорахоли”.

Хачви асил маънавиётсоз аст. Ва кабули он нигоху завки солим мехохад. Агар рухи касе аз он бахра бурда натавонад, пас ин рух бемор аст. Бале, рухи нотавону бечора хасад мебарад, рашк мебарад ва майли таъна задан дораду маккори кардан. Михаил Пришвин навиштааст: “Бе хачв танхо ахмакон зиндаги мекунанд”. Антон Чехов хам хеле дуруст хитоб карда: “Не понимает человек шутки – пиши пропало!” Ва шоир хам чи нишонрас суруда:

          Шахд агарчи насиби хар магас аст,

          Лаззат он кас барад, ки шахдрас аст.

Табиист, ки харчи мехонему мушохида мекунем аз андешаи мо мегузараду фахми мо дармеёбад ва хосили акли мо мешавад. Мутаассифона, ин хосил имруз хеле пуч аст. Чахолату торики, хусумату нотавонбинихо чашми шуури дидан ва шинохтани фарханги миллиро чунон нотавон кардааст, ки кас ба дахшат меояд.

Дар хар кадам мо бо онхое ру ба ру меоем, ки ифтихори миллиро нодида мегиранд, забони модариро поймол менамоянд. Ба вабои махалгарои печида, ба махалхо чудо шуда, байни худ хусумат меварзанд. Рузноманигор Ахмади Иброхим дуруст менависад: “Хамин тавр худи точикон Точикистонро кайхо сарфи назар аз моддахои алохидаи Сарконуни кишвар дар бораи якпорчаги пора-пораю парешон кардаанд. Баъзе зиёиёни махалгарои бадбахташ бошанд, дар сухбатхои хоса барои болида кардани табъи хамсухбатон ва паст задани мартабаи махалли дигар латифахо мегуянд”.

Аз ин ру бо эхсоси баланди худшиносиву ифтихори милли, бо дарки рисолати эчоди хар он иллате, ки барои пешрафти чомеъаи мо халал мерасонад, бетаъхир ба риштаи хачв кашидан корест хеле савоб. Ва ба хар касе ки ба ин монеъ мегардад, хатман бояд хайфи шумо эълон карда шавад.

Акнун мехохам дар бораи муносибати мунаккидон ба хачв тавваккуф кунам. Хачв чун дигар жанрхои адабиёт бе танкиди адаби душвори мекашад. Танхо аз эчодиёти ду хачнигор мисол меорам. Яке Баходур Файзулло аст, ки асархои хачвиаш аз соли 1951 чоп мешаванд. Руйхати асархои хачвиаш дар хонаи “Хачву ханда”-и шахри Гапровои Булгория махфуз аст. Албатта, асархои у камбуди доранд, аммо аз муваффакият низ холи нестанд. Мутаассифона, маколаи ягон мунаккидро дар бораи асархои Баходур Файзулло нахондаам.

Дигаре Ахмадшох Махмадшох мебошад, ки солхои зиёд майдони хачвро обод намуда, хикояхои намакини худро ба хонандагон пешкаш намуд. Хикояхои хачвии у аз назми гузаштаи ниёгонамон об хурда, бо сабку услуби хосае иншо гашта, ба дилу дидаи хаводорони каломи чаззобашон чой шуданд. Рисолати хачвнигории Ахмадшох Махмадшох дар муъчазбаёнию тозабаёни ва забону баёни пур аз рамзу роз ва дигар санъатхои офарандаги хувайдо мешавад. Чунон ки Низомии Ганчави фармудааст:

            Кам гую гузида гуй чун дур,

            То з-андаки ту чахон шавад пур.

Дар эчодиёти у эчози сухан, яъне бо лафзи андак баён кардани маънои бисёр дида мешавад. Инак, чанд мисол:

“Ба сартарош:

– Эхтиёт шавед, бародар. Хуни одами об нест”.

“Ба фурушанда:

– Сабр кунед, хохарам. Пул чон нест, ки зуд барояд”.

Ва ё:

“Рузат ба маош монад”.

“Рузат ба СТО афтад”.

Бубинед чи гуна равон, хушоханг, гиро ва хотирнишин ба калам овардааст. Ин танзхо дилу рухи хонандаро ба ковишу тапиш хохад овард ва ба андеша хидоят хохад кард.

Мунтазир истода сукут ихтиёр кардани мунаккидон ба жанри хачви точик зарари калон расондааст. Албатта, дар матбуот якто-нимто макола ба чашм мерасад. Вале дар онхо чихатхои мусбат ва манфии жанри хачв тахлили чукури худро наёфтаанд. Хол он ки тахлили дар сари вакт карда, доираи асархои хачвиро васеъ менамояд ва ба нависанда гайрати нав мебахшад.

Мо бояд бехтарин дастовардхои хачвро тахлилу тадкик намуда, дари коргохи эчодии муаллифонашро ба руи хонанда боз намоем.

Умуман адибро бетарафию беэътиноии хакаламонаш азоб медихад. Ба куйи яъсу ноумеди меандозад. Аз дили бешафкат сахттару сардтар чирме нест. Дар ин чода эчодкорон бояд ба хамдигар ёри расонанд. Ба муваффакиятхо ва камбудихои хамдигар диккат диханд, барои такдири жанри хачв баробар масъул шаванд.

Боз як ишорае ба таъкид ниёз дорад. Ин пардохти хаки калам мебошад. Имруз ягон рузнома хаки калам намедихад. Агар гуям, ки хеч адиб барои пулу мол калам ба даст намегирад, хато намешавад. Вале набояд фаромуш кард, ки адиб хам инсон аст ва уро хам таъмини рузгор зарур аст. Хазор сол аз ин мукаддам заминдори давлатманд Фирдавсии туси хам бо таъминоти амирони сомони ба навиштани “Шохнома” шуруъ карда буд ва вакте ки Султон Махмуд дар ивази он шохкор пули кам дод, шоир сахт ранчид.

Гумон мекунам, ки яке аз садд аст. Ин садди мушкилро бояд аз байн бардошт.

Чунон ки устод Кухзод менависад: “нашриётхои хусуси, бино ба иктисоди бозаргони, бояд асархои бозоргирро ёбанд ва фармоянд ва нашр кунанд ва фурушанд ва хам хаки муаллифро диханд ва хам фойида гиранд. Чунин захмат кашанд, халолашон бод. Аммо дар амал чунин нест. Инхо аз муаллиф пул мегиранд”.

Оре, конунхои сангини иктисоди бозоргони батадрич чори мешаванд ва аз онхо чои гурез нест. Ва чайби бе ин хам холии ахли каламро холитар мекунад. Ва Бедили сухансанчи борикфикр низ фармуда, ки:

    Хучуми шикваи хар кас зи дарди муфлиси бошад,

    Нахезад нола аз най, то бувад магз устухонашро.

Ва боз ин байти машхури Бедили бузург ба ёд меояд:

       Ру ба Хинд овардани сохибдилон аз бахри чист?

       Рузгор оинаро мухточи хокистар кунад.

Ин холат адибонро ба рохи пулчуи хидоят мекунад. Дар ин шояд бадие набошад. Вале дар ин руйдод як чузъе нофорам аст, ки устод Гулназар гуфта:

          Гуянд: “чихо металаби аз олам?”

          Ман бар дари хар гадо гадои накунам!

Мехохам чанд сухан дар бораи яке аз писандатарин жанри адаби латифа гуям. Гарчанде латифа дар адабиёти забони форси таърихи кадима дорад, аммо имруз ривочу иштихори зиёд наёфтааст. Чунон, ки устод Худои Шарифов менависад: “Дар адабиёти замони гузашта латифа шаклхои зиёде дорад, зеро хачву хазлу мутоиба дар сухани шифохи падид меояд ва ба воситаи мачозу киноя, ихом ва сайри маънои калима бунёд карда мешаванд”. Дар “Фарханги забони точики” латифаро базла, шухи ва мутоиба, нуктаи дакик, сухани бозарофат, каломи мухтасари пурмаъно гуфтаанд. Латифа аз решаи фолклори об мехурад ва махз ба хамин сабаб шуури зояндаро дорост. Ахмад Гулчини Маони латоифро аз чумлаи мунозарот ва мухозарот медонад. “Дар хакикат, – менависад устод Худои Шарифов, – дар латифа мунозираи ду нафар асоси шакл буда, хозирчавоби ва тасдики назар натичаи он аст”.

Дар латифа садеро бояд яке гуфт. Паёмбари гироми хазрати Мухаммад (с) фармудаанд: «Айби сухан дарозии он аст». Ё баракс дар хадиси дигаре таъкид намудаанд: «Зебоии сухан ба кутох ва ихтисор аст».

Сухани хубро гуфта тавонистан ва тавассути сухан хозирчавоби кардан хам хунар аст. Барои таквияти ин фикр чанд хикоятеро аз Убайди Зокони меорам:

“Амир Темур аз Талхак мепурсад:

– Бахои ман чанд аст?

У мегуяд:

– Ду хазор дирам.

Амир дар газаб шуда мегуяд, ки ин чи бахоест, ки ту ба ман медихи? Худ бахои камарбандам хамин кадар аст.

У мегуяд:

– Ман хам факат ба камарбанди шумо бахо додам.

Амирро ин чавоб хуш меояд”.

Ва ё:

“Султон Махмуд сар ба зонуи Талхак нихода буд, гуфт:

– Ту даюсонро чи боши?

Гуфт:

– Болиш”.

Яъне, ки хачв бояд дилкушо бошад. Устоди хачв Убайди Зокони рисолаашро «Дилкушо» номидааст. Ин маънии чукур дорад. Хамагуна догу дард бо хушнуди, бо рафтори некбинона раф мешавад.

Вучуди латифаро нафосати сухан ташкил дода, кайфияти зебоиро бедор мекунад. Чун ташнаест дар хумори чашмаи мусаффо. Хайф аст, агар чашма лой бошад.

Дар ин кори хайр рузномахо бояд сахм бигиранд. Чаро латифахои гайрро ба чашми хонандахо бифишорем? Магар мо латифа надорем? Набояд, ки оби дари хона бекадр шавад. Орзу мекунам, ки шояд рузе: “Бихандад лола бар сахро ба сони чехраи Лайло…”

Чанд нафаре бар он акидаанд, ки гуё адибоне, ки дар дигар жанрхои адабиёт комёб намегарданд ба хачв ру меоранд. Бахром Фируз хам дар як маколааш гушрас карда буд: “Чаро адибони бебарор зури худро дар боби танкиди адаби, тарчума, хачв, накиза ва гайра наозмоянд?!”

Ин акидаро фаъолияти эчодии устодон Пулод Толис, Фазлиддин Мухамадиев ва Урун Кухзод ботил месозад.

Бисёр эрод мегиранд, ки хачви мо чун хачви русхо нест. Албатта, ин чо мавриди мукоиса кардан нест, ин кори дигар аст. Вале бояд бигуем, ки хачви мо бояд рухияи милли дошта бошад.

Бисёр таассуф мехурам, ки курс-конференсияи адибони чавон, ки соли 2005 гузашт, ягон хачнигорро кашф накард.

Бо вучуди ободию пешрави хануз хам иллату нуксонхо чой дорад. Устод Гулназар дар як рубоии худ мегуяд:

       Эй дард, гузар, ки фасли бедардон аст,

       Марди, ту бирав, ки даври номардон аст.

       Хайфо, ки сухан чу эътирози Толис

       Дар халкаи ресмон нафасгардон аст.

Гуё Хоча Хофиз ин сатрхои пуршуру пурэхтиросро дар бораи хачвнигорон суруда бошад:

      Шаби торику бими мавчу гирдобе чунин хоил,

      Кучо донанд холи мо сабукборони сохилхо.

Ё ин ки:

      Кишти шикастагонем, эй боди шурта, бархез,

      Бошад ки боз бинем дидори ошноро.

“Боди шурта” метавонад Иттифоки нависандагони Точикистон бошад. Яъне бомуваффакият таракки ёфтани жанри хачв ба он вобаста аст, ки то чи андоза Иттифоки нависандагони Точикистон кори худро мувофики талаботи замон ба рох монда метавонад. Кобили зикр аст, ки мо хачвнигорони пуристеъдод ва чавонони кобил дорем. Замон эхсоси масъулиятро такозо мекунад. То тавонем ба эчодкорон гамхори ва дасти ёри дароз намоем.

        То тавони мардуми сохибхунарро кун мадад,

        Рохи худро бехунар бо сад хиял пайдо кунад.

Бузургон мефармоянд: “Ду чиз тирагии акл аст: хомуши ба вакти гуфтану гуфтан ба вакти хомуши”. Бале, вазифаи хачвнигорон нуксонхои чомиашро фош кардан аст. Тавре, ки шайх Саъди мегуяд:

          Агар бини, ки нобинову чох аст,

          Агар хомуш биншини гунох аст.

Дар хама давру замон, дар хама гуна чамъият шахсоне, ки нуксонро мебинанду хомуш менишинанд, дар назди Худою халку давлат гунахкоранд. Ба ин маъни Президенти кишвар, мухтарам Э. Ш. Рахмонов чунин гуфтааст: “Касе, ки дар рохи муборизаи зидди чинояткори ширкат намекунад, худи у гунахкор аст ва касе ки чинояткориро мепушонад, худи у чинояткор аст”.

Ошкор солхтани иллатхои чомеа бехтарин воситаи фаро хондан ба хушёрист. Имруз мебояд дарахти дустиро бештар биншонд. Хофизи Бузург чи дурбинона гуфта:

    Дарахти дусти биншон, ки коми дил ба бор орад,

    Нихоли душмани баркан, ки ранчи бешумор орад.

“Нихоли душмани” ана хамин иллатхои чомеа мебошанд. Мебояд онро решакан кард, зеро: “Душмани орад ба мардум рузи сахт!”.

Оре, дусти созанда асту душмани сузанда!

Аммо дар баробари ин бояд эхтиёт кунем, ба хаячон ва хассосият дода нашавем. Нуксонхоро пуршуру пурэхтирос не, оромона ва боадабона фош созем. Дар акси хол хачви мо боиси бардошти нодуруст гардида, метавонад игвои нав ва кинаву адовати навро барангезад.

      Сухан дониста гу, то дустро душман нагардони,

      Зи харфи бумурувват ошно бегона мегардад.

Хачв набояд тахкир бошад ва чун хор ба дил халад.

         Хор дар по инчунин душворёб,

         Хор дар дил чун бувад, водех чавоб.

Ислом хам онро махкум мекунад: “Изои бандаи муъмин харом аст”.

Вакти гафлату танбалгари гузашт. Вакти икдом асту саъйу чидду чахд.

    Вакти он аст, эй калам, буррандатар гарди зи тег,

    Вакти он аст, эй сухан, гуррандатар гарди зи барк.

Хабиб Юсуфи ин сатрхои хаячонбахшро дар рузи аввали Чанги Бузурги Ватани навиштааст.

Имруз хам чанг аст. Чанг бо бадахлоки. Хачвнигорон   бояд бо тамоми вучудашон ин падидаи номатлубро нафрат кунанд ва бо ханчари тези хачв онро пора-пора созанд. Бале, хачв бояд ин хамаро чун хасу хошок сузонада хокистар кунад. Зеро: “Хас каму чахон пок!”.

28 марти соли 2006

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …