Главная / Ҷамъият / Бозори нафт дар ҷаҳон

Бозори нафт дар ҷаҳон

Бозори нафт. Дар моҳи октябри соли 2018 болоравии нархи нафт метавонад идома ёфта, арзиши он дар сатҳи 85 доллар барои як баррелро ташкил диҳад, ки ин пеш аз ҳама аз эҳтимолияти набаробарӣ дар бозори ашёи хом аз ҳисоби надоштани имконияти зиёд намудани истихроҷи нафт аз ҷониби як қатор кишварҳо ва ҷорӣ шудани таҳримҳо нисбат ба Эрон дар моҳи ноябр вобастагӣ дорад.

Дар тамоюли болоравии нархи нафт таъсири афзоиши захираҳои ашёи хом дар ИМА ба назар намерасад. Тибқи маълумоти Раёсати иттилооти энергетикии Вазорати энергетикаи ИМА захираҳои нафт дар кишвар дар ҳаҷми 1,9 млн. баррел зиёд шуда, ба 396 млн. баррел расид. Ҳол он ки таҳлилгарон коҳишёбии захираҳоро дар ҳаҷми 1,28 млн. баррел ва ба 392,82 млн. баррел баробар шудани онро интизор буданд.

bozoti-neftЯке аз омилҳое, ки ба болоравии нархи нафти навъи «Brent» мусоидат менамояд, ин коҳишёбии таҳвили нафт аз Эрон дар пайомади таҳримҳои ҷоринамудаи ИМА ва коҳишёбии истихроҷ дар Венесуэла ба ҳисоб меравад. Содироти нафт аз Эрон беш аз 1 млн. баррел дар як шабонарӯз коҳиш ёфтааст.

Ғайр аз ин, ба болоравии нарх қарори қабулнамудаи давлатҳои аъзои ОПЕК оид ба зиёд накардани ҳаҷми истихроҷи нафт таъсир мерасонад. Бо назардошти талаботи ИМА ва Хитой ба нафт пешгӯии нархи нафти навъи «Brent» дар дурнамои миёнамуҳлат дар доираи 90-100 доллар барои як барел аз воқеият дур нест.

Бояд қайд кард, ки нафти истихроҷшуда дар Федератсияи Россия дар моҳи сентябр аз уҳдадории дар назди ОПЕК+ доштаи ин кишвар 400 ҳазор баррел зиёд мебошад. Илова бар ин Арабистони Саудӣ барои ҷуброн намудани коҳишёбии истеҳсоли нафт дар Эрон бинобар таҳримҳои пешбининамудаи ИМА дар моҳҳои сентябр ва октябр зиёд намудани истихроҷи нафтро дар ҳаҷми 200-300 ҳазор баррел дар як шабонарӯз ба нақша гирифтааст.

Нархи нафт дар ҷаҳон дар 100 соли охир. Маркаи WTI бо доллари ИМА
Нархи нефт дар ҷаҳон дар 100 соли охир. Маркаи WTI бо доллари ИМА

ОПЕК метавонад ба коҳиш додани истихроҷ баргардад. Интизорӣ меравад, ки дар бозор барзиёдии пешниҳоди нафт ба миён ояд, ки ин ба яку якбора поён рафтани нархҳо оварда мерасонад. Дар чунин ҳолат ОПЕК+ минбаъд низ бо назардошти тағйирёбии вазъи бозор чораҳои зарурӣ меандешад.

Агентии рейтинги байналмилалии «Moody’s» нархи нафтро дар ҷаҳон дар соли 2018 дар сатҳи 72 доллари ИМА ва дар соли 2019-ум 71 доллар барои як баррел пешгӯӣ менамояд.

Тибқи маълумоти Агентӣ дар дурнамои дарозмуҳлат (солҳои 2020-2022) нархи нафт нисбат  ба нархҳои солҳои ҷорӣ коҳиш ёфта, дар доираи 60-65 доллар барои як баррел қарор хоҳад гирифт.

Бояд қайд кард, ки тибқи пешгӯиҳои ОПЕК ва Агентии ИМА оид ба энергетика талаботи нафт дар ҷаҳон дар соли 2019 афзоиш ёфта, дар солҳои 2018-2019 дар ҳаҷми то 1,5 млн. баррелро дар як рӯз ташкил ҳоҳад дод.

Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

paydoishi-islom

ПАЙДОИШИ ИСЛОМ

Дини ислом дар нимҷазираи Арабистон дар иқлими Ҳиҷоз ба вуҷуд омад. Дар таърих замони пеш …