Главная / Чамъият / Бозори нафт дар чахон

Бозори нафт дар чахон

Бозори нафт. Дар мохи октябри соли 2018 болоравии нархи нафт метавонад идома ёфта, арзиши он дар сатхи 85 доллар барои як баррелро ташкил дихад, ки ин пеш аз хама аз эхтимолияти набаробари дар бозори ашёи хом аз хисоби надоштани имконияти зиёд намудани истихрочи нафт аз чониби як катор кишвархо ва чори шудани тахримхо нисбат ба Эрон дар мохи ноябр вобастаги дорад.

Дар тамоюли болоравии нархи нафт таъсири афзоиши захирахои ашёи хом дар ИМА ба назар намерасад. Тибки маълумоти Раёсати иттилооти энергетикии Вазорати энергетикаи ИМА захирахои нафт дар кишвар дар хачми 1,9 млн. баррел зиёд шуда, ба 396 млн. баррел расид. Хол он ки тахлилгарон кохишёбии захирахоро дар хачми 1,28 млн. баррел ва ба 392,82 млн. баррел баробар шудани онро интизор буданд.

bozoti-neftЯке аз омилхое, ки ба болоравии нархи нафти навъи «Brent» мусоидат менамояд, ин кохишёбии тахвили нафт аз Эрон дар пайомади тахримхои чоринамудаи ИМА ва кохишёбии истихроч дар Венесуэла ба хисоб меравад. Содироти нафт аз Эрон беш аз 1 млн. баррел дар як шабонаруз кохиш ёфтааст.

Гайр аз ин, ба болоравии нарх карори кабулнамудаи давлатхои аъзои ОПЕК оид ба зиёд накардани хачми истихрочи нафт таъсир мерасонад. Бо назардошти талаботи ИМА ва Хитой ба нафт пешгуии нархи нафти навъи «Brent» дар дурнамои миёнамухлат дар доираи 90-100 доллар барои як барел аз вокеият дур нест.

Бояд кайд кард, ки нафти истихрочшуда дар Федератсияи Россия дар мохи сентябр аз ухдадории дар назди ОПЕК+ доштаи ин кишвар 400 хазор баррел зиёд мебошад. Илова бар ин Арабистони Сауди барои чуброн намудани кохишёбии истехсоли нафт дар Эрон бинобар тахримхои пешбининамудаи ИМА дар моххои сентябр ва октябр зиёд намудани истихрочи нафтро дар хачми 200-300 хазор баррел дар як шабонаруз ба накша гирифтааст.

Нархи нафт дар чахон дар 100 соли охир. Маркаи WTI бо доллари ИМА
Нархи нефт дар чахон дар 100 соли охир. Маркаи WTI бо доллари ИМА

ОПЕК метавонад ба кохиш додани истихроч баргардад. Интизори меравад, ки дар бозор барзиёдии пешниходи нафт ба миён ояд, ки ин ба яку якбора поён рафтани нарххо оварда мерасонад. Дар чунин холат ОПЕК+ минбаъд низ бо назардошти тагйирёбии вазъи бозор чорахои зарури меандешад.

Агентии рейтинги байналмилалии «Moody’s» нархи нафтро дар чахон дар соли 2018 дар сатхи 72 доллари ИМА ва дар соли 2019-ум 71 доллар барои як баррел пешгуи менамояд.

Тибки маълумоти Агенти дар дурнамои дарозмухлат (солхои 2020-2022) нархи нафт нисбат  ба нарххои солхои чори кохиш ёфта, дар доираи 60-65 доллар барои як баррел карор хохад гирифт.

Бояд кайд кард, ки тибки пешгуихои ОПЕК ва Агентии ИМА оид ба энергетика талаботи нафт дар чахон дар соли 2019 афзоиш ёфта, дар солхои 2018-2019 дар хачми то 1,5 млн. баррелро дар як руз ташкил хохад дод.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …