Главная / Биология / АТМОСФЕРАИ АВВАЛИНИ ЗАМИН ВА АСОСҲОИ ХИМИЯВИИ ПАЙДОИШИ ҲАЁТ

АТМОСФЕРАИ АВВАЛИНИ ЗАМИН ВА АСОСҲОИ ХИМИЯВИИ ПАЙДОИШИ ҲАЁТ

Бо назардошти нуқтаи назари оид ба пайдоиши системаи ситораҳо зикрёфта дар бораи таркиби элементҳои атмосфераи нахустин хулоса баровардан мумкин аст.

Ақидаҳои ҳозира низ ба зиёд мавҷуд будани миқдори гидроген дар кайҳон ва офтоб асос ёфтаанд. Дар ҷадвали 2.2. таркиби элементҳои моддаи ситора ва офтоб оварда шудааст.

atmosfera

Тахмин меравад, ки атмосфераи аввалини замин ҳарорати баландаш миёна буд; то гумшавии ҷозиба (гравитатсия) қисми зиёди онро гидроген ташкил медод ва таркиби асосии молекулавиаш аз метан, об ва аммиак иборат будааст.

Агар таркиби элементҳои моддаи ситораро ба таркиби Замини имрўза ва организмҳои зиндаи он муқоиса кунем, хеле аҷиб менамояд.

Дар табиати ғайризинда аз ҳама элементи маъмул гидроген ва гелий буда, пас аз онҳо карбон, нитроген, силитсий ва магний меистанд. Қайд кардан лозим аст, ки организми зиндаи биосфераи рўи Замин низ асосан аз гидроген, оксиген, карбон ва нитроген иборат мебошад.

Атмосфераи аввалини Замин дар натиҷаи равандҳои гуногун, қабл аз ҳама, ба таври диффузӣ баромада рафтани гидроген ва гелий, ки қисми зиёди онро ташкил медоданд, метавонист тағйир ёбад. Ин элементҳо аз ҳама сабуктаранд ва бояд аз атмосфера гум мешуданд, зеро майдони ҷозибаи сайёраи мо дар муқоиса бо майдони ҷозибаи сайёраҳои азим хурд аст. Қисми зиёди атмосфераи аввалини замин бояд дар як муддати кўтоҳ гум мешуд. Аз ин сабаб, тахмин меравад, ки бисёр газҳои аввалини атмосфераи Замин газҳое буданд,ки дар қаъри Замин нигоҳ дошта мешуданд ва дар натиҷаи тадриҷан гарм шудани ҷинсҳои он аз сари нав ҷудо шудаанд.

Дар атмосфераи аввалини Замин эҳтимол ҳамон моддаҳои органикие вуҷуд доштанд, ки ҳоло дар таркиби кометаҳо мушоҳида мешаванд: молекулаҳо бо пайвастагии карбон-гидроген, карбон-нитроген, нитроген-гидроген ва оксиген-гидроген. Илова ба ин, аз гармии ҷозибаи ҷинсҳои Замин эҳтимол гидроген, метан, оксиди карбон, аммиак, об ва ғайраҳо низ пайдо шудаанд.

Дар ҳақиқат, дар атмосфераи аввалини Замин кадом ҳодисаҳо ба амал меомад? Барои муайян кардани ин бояд донист, ки кадом намудҳои энергия ба атмосфераи Замин бештар таъсир расонидаанд.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …