Главная / Биология / АТМОСФЕРАИ АВВАЛИНИ ЗАМИН ВА АСОСХОИ ХИМИЯВИИ ПАЙДОИШИ ХАЁТ

АТМОСФЕРАИ АВВАЛИНИ ЗАМИН ВА АСОСХОИ ХИМИЯВИИ ПАЙДОИШИ ХАЁТ

Бо назардошти нуктаи назари оид ба пайдоиши системаи ситорахо зикрёфта дар бораи таркиби элементхои атмосфераи нахустин хулоса баровардан мумкин аст.

Акидахои хозира низ ба зиёд мавчуд будани микдори гидроген дар кайхон ва офтоб асос ёфтаанд. Дар чадвали 2.2. таркиби элементхои моддаи ситора ва офтоб оварда шудааст.

atmosfera

Тахмин меравад, ки атмосфераи аввалини замин харорати баландаш миёна буд; то гумшавии чозиба (гравитатсия) кисми зиёди онро гидроген ташкил медод ва таркиби асосии молекулавиаш аз метан, об ва аммиак иборат будааст.

Агар таркиби элементхои моддаи ситораро ба таркиби Замини имруза ва организмхои зиндаи он мукоиса кунем, хеле ачиб менамояд.

Дар табиати гайризинда аз хама элементи маъмул гидроген ва гелий буда, пас аз онхо карбон, нитроген, силитсий ва магний меистанд. Кайд кардан лозим аст, ки организми зиндаи биосфераи руи Замин низ асосан аз гидроген, оксиген, карбон ва нитроген иборат мебошад.

Атмосфераи аввалини Замин дар натичаи равандхои гуногун, кабл аз хама, ба таври диффузи баромада рафтани гидроген ва гелий, ки кисми зиёди онро ташкил медоданд, метавонист тагйир ёбад. Ин элементхо аз хама сабуктаранд ва бояд аз атмосфера гум мешуданд, зеро майдони чозибаи сайёраи мо дар мукоиса бо майдони чозибаи сайёрахои азим хурд аст. Кисми зиёди атмосфераи аввалини замин бояд дар як муддати кутох гум мешуд. Аз ин сабаб, тахмин меравад, ки бисёр газхои аввалини атмосфераи Замин газхое буданд,ки дар каъри Замин нигох дошта мешуданд ва дар натичаи тадричан гарм шудани чинсхои он аз сари нав чудо шудаанд.

Дар атмосфераи аввалини Замин эхтимол хамон моддахои органикие вучуд доштанд, ки холо дар таркиби кометахо мушохида мешаванд: молекулахо бо пайвастагии карбон-гидроген, карбон-нитроген, нитроген-гидроген ва оксиген-гидроген. Илова ба ин, аз гармии чозибаи чинсхои Замин эхтимол гидроген, метан, оксиди карбон, аммиак, об ва гайрахо низ пайдо шудаанд.

Дар хакикат, дар атмосфераи аввалини Замин кадом ходисахо ба амал меомад? Барои муайян кардани ин бояд донист, ки кадом намудхои энергия ба атмосфераи Замин бештар таъсир расонидаанд.

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …