Главная / Гуногун / Ҳаракатҳои миллӣ дар Испания

Ҳаракатҳои миллӣ дар Испания

Рушди иқтисодй дар Испания масъалаи миллиро тезу тунд кард. То охирҳои асри XIX рафти ташаккулёбии миллати баскҳо ва галисиҳо асосан анҷом ёфт. Бо ҳамин сабаб шумораи ҳаракатҳои милли дар се вилояти мамлакат – Каталония, Баскония ва Галитсия афзуд. Бо сабаби он ки дар Каталония ва Баскония муносибатҳои сармоядорй афзуда, табақаҳои пролетариат ва буржуазияро ташаккул доданд, дар байни оихо мубориза вусьат ёфт. Дар охирҳои асри XIX дар тамоми Испания дар саноат ҳамагӣ 243 867 нафар коргароиу хизматчиён кор мекарданд, ки қариб нисфи онҳо аз Каталония ва Баскония буданд.

Соли 1892 намояндагони буржуазияи миллии Каталония дар Манрес дар ассамблея ҷамъ омада, барномаи ҳаракати миллии Каталонияро кор карда баромаданд, ки он “Асосҳон Манрес” номида шудааст. Буржуазиям Каталония кортесҳои мухтореро, ки дар соҳаҳои андозситонӣ, маориф, қонунгузории шаҳрвандй, ҷиной ва тиҷоратй ҳокимияти қонунгузориро доранд, талаб мекарданд.

Буржуазиям калони баск дар сари ҳаракати миллим Баскония истода. Ҳизби миллим баскҳоро ташкил намуд. Ба ин ҳизб муяссар шуд, ки табақаҳои васеъи аҳолиро ба зери таъсири худ дарорад. Бо сабаби он ки дар саноати кӯҳии маъданкоркунии Баскония маблағгузории Англия калон буд, буржуазиям ин минтакаи Испания то як дараҷа ба империализми англис тобеъ гардид.

Ҷангҳои Испания дар мустамликаҳо. Баъд аз шикаст хӯрдани инқилоби солҳои 1854- 1856-и Испания ҳукумати ин давлат сиёсати мустамликазабткуниро идома дод. Он дар таҷовузи Фаронса ба муқобили Ветнам фаъолона ширкат варзид. Инчунин ба Мексика лашкар кашид. Лекин ҳар дуй ин иқдоми иртиҷой дар сиёсати хориҷӣ ба Испания ягон фоида наоварданд. Соли 1860 артиши Испания як қисми Марокашро забт намуд. Ҷумҳурии Доминикан аз тарафи артиши Испания ишғол карда шуд, лекин баъди якчанд сол Испания маҷбур шуд, ки онро тарк намояд. Испанияи заифшуда барои ишғоли мустамликаҳои калон қувван Ҳарбии зарурй надошт. Дар мустамликаҳои кӯҳнаи он ва махсусан дар Куба ҳаракати озодихоҳӣ меафзуд. Вазъияти дохилии Испания низ хуб набуд. Соли 1857 дар Андалузия шӯриши кишоварзон ва солҳои 1861 – 1862 дар музофотхои дигари мамлакат ҳам шўришхҳо ба амал омаданд. Онҳо дар ин марҳала сиёсати хориҷии Испанияро заиф гардониданд.

Дар охирҳои асри XIX Испания маҷбур буд, ки барои дар дасти худ нигоҳ доштани мустамликаҳо дар он ҷойҳо бар зидди ҳаракати миллию озодихоҳӣ мубориза барад, аз он ҷумла, дар Куба, Филиппин ва Пуэрто-Рико, Ҷангҳои Испания махсусан дар Куба ва Филиппин ба иқтисодиёти Испания зарбаи сахт заданд. Дар Каталония фабрикаҳо баста мешуданд, ё ки вақти маҳдуд кор мекарданд. Ҷанг маблағхои калонро тақозо мекард ва шумораи зиёди одамонро ба доми худ мекашид. То соли 1897 Испания ба Куба наддики 20(Х)()0 нафар, ба Филиппин 25000 нафар ва ба Пуэрто-Рико – 4480 нафар одамонро равон кардааст.

Дар охирҳои асри XIX сари роҳи сиёсати хориҷии Испанияро ИМА гирифт. Он акнун ба мустамликаҳои испанй дастдарозй мекард. Истилои ИМА ба Куба. Пуэрто-Рико, Гуам ва ҷазираҳои Филиппин паҳн шудан гирифт. Моҳи январи соли 1898 И МА ба Испания пешниҳод кард, ки Кубаро ба маблағи 300 млн. доллар ба вай бифурӯшад, вале Испания ин савдоро рад кард. Барой ҳамин дере нагузашта ИМА бар зидди Испания ҷанг cap кард, ки дар он лашкари Испания торумор карда шуд. Мувофиқи Созишномаи сулҳе, ки 10 декабри соли 1898 дар Париж ба имзо расид, Испания аз истиқлолияти худ бар Куба даст кашид ва инчунин Пуэрто- Рико ва Гуамро ба ИМ А во гузошт. Филиппинро бошад, ба маблағи 20 млн доллар ба ИМ А фурӯхт.

Испания дигар аз ӯҳдаи идора кардани мустамликаҳои худ баромада наметавонист. Аз ҳамин сабаб Моҳи феврали соли 1899 мустамликаҳои дурдасти худро дар Уқёнуси Ором (ҷазираҳои Королин ва Мариан) ба Германия фурӯхт. Мустамликаҳои охирини он тарафи укёнусро аз даст додан маънои шикасти сиёсати мустамликадории Испания дар охири асри XIX ҳисоб меёфт. Сабаби асосии ин шикаст ақибмонии сиёсию иқтисодй ва иҷтимоии Испания буд.

Вазъияти иқтисодии Испания дар оғози асри XX. Дар оғози асри XX сарфи назар аз ақибмонии иқтисодй дар Испания соҳаҳои алоҳидаи иктисодиёт ва пеш аз ҳама, саноат, роҳҳои оҳан ва муносибатҳои молию пулй як кадар пеш рафтанд. Мисли давлатҳои пешқадами Европа дар Испания низ инҳисорхо тавлид меёфтанд, ба монанди “Ҷамъияти металлургии Дуро-Фелгера”, “Ҷамъияти Алтос-Орнос” ва “Ҷамъияти мошинсозй ва металлургии Арагон”. Соли 1907 оид ба сохтани флоти ҳарбию баҳрй инҳисорӣ “ Ҷамъияти киштисозии Испания” ташкил карда шуд. Дар саноати металлургӣ ҳам болоравин ҷузъй мушоҳида карда шуд. Солҳон 1900   -1909 гудознши пӯлод қариб ду баробар,

чӯян 4,5 баробар. истеҳсолн семент 2.5 баробар. дар солҳои 1900 – 1913 истеҳсоли ангишт зиёда аз 1,5 баробар афзуд.

Дар саноати сабук ҳам пешравй ба назар мерасид. Дар ин намуди саноат низ марказонидани истеҳсолот ба амал меомад. Корхонаҳои хурд ва миёнаи саноати сабук ба корхонаҳои калон муттаҳид шуда, картелҳоро ташкил менамуданд.

Вазъияти дохилии Испания дар аввали асри XX. Шикасти Испания дар ҷанги зидди И МА ва ҷангҳо дар мустамликаҳо вазъи Дохилии мамлакатро боз ҳам мушкилтар гардониданд. Доираҳои васеъи аҳолй ислоҳоти иқтисодиро тақозо менамуданд. Масъалаи муҳимтарин барони ҷамъияти Испания масъалаи молия буд. Қарзи

давлатии Куба мувофиқи Созишномаи сулҳи Париж аз эътибор соқит карда нашуд. Ин карз қариб 3 млрд песетаро ташкил мекард, ки он асосан пули саҳмияҳои харидаи хориҷиён буд. Ин қарз ба гардани Испания зам карда шуд.

Калисои католик яке аз моликиятдорони калонтарини Испания буд. вале он ба давлат андоз намесупорид, чунки аз пардохти андоз озод карда туда буд. Ин норозигии аҳли ҷамъияти мамлакатро ба вуҷуд овард. Дар оғози асри XX дар Испания 3253 дайр мавҷуд буд, ки дар онҳо 50 600 нафар мардҳо ва занҳои роҳиб зиндагй мекарданд.

Моҳи феврали соли 1901 ба сари ҳокимият либералҳо омаданд. Онҳо маҷбур шуданд, ки баъзе ислоҳотҳо гузаронанд. Соли 1902 қонун дар бораи маҳдуд кардани ҳуқуқи муассисаҳои динй дар кори таълим қабул карда шуд. Худи ҳамон сол ҳуқуқи коргарон барон корпартой эътироф гардид. Вале ин чораҳо ҳаракати иҷтимоиро дар мамлакат паст карда на тавонистанд. Ба ҳамин сабаб моҳи декабри соли 1902 ҳукумати либералҳо ба истеъфо рафт.

Режими мутлақият дар Испания аз бӯҳронн дарозмуддат халос намешуд. Дар ин бора тез-тез ивазшавии ҳукумат низ шаҳодат медиҳад. Дар зарфи солҳон 1903 – 1907 ивазшавни ҳукумати Испания 9 маротиба ба амал омадааст. Дар худи ҳамин давра ба ҷони шоҳ Алфонси XII (1903- 1931) 4 маротиба сӯиқасд ташкил карда шуд. На Ҳизби Консерваторҳо ва на Ҳизби либералҳо роҳҳои аз бўҳрон баровардани Испанияро намедонистанд. Лекин ҳар дуй онҳо ҳам дар борам бо роҳи ислоҳот аз бӯҳрон баровардани мамлакат авомфиребона лоф мезаданд, лекин натиҷаи ин лофзаниҳо ҳеҷ буд.

Дар давраи то оғози Ҷанги якуми ҷаҳонӣ вазъи дохилии чамъиятию сиёсии Испания муътадил набуд. Ба ҳар ҳол дар он давра дар мамлакат ислоҳоти ҷузъии иқтисодй ба амал бароварда шуд, лекин он тамоми системам иқтисодию молиявии мамлакатро фаро нагирифт. Аз ин рӯ, ин ислоҳот натиҷаи дилхоҳ надод ва дода ҳам наметавонист.

Инчунин кобед

mongolia_during_the_manchu_rule

Вазъи иқтисодӣ ва сиёсии Муғулистон

Дар нимаи дуюми асри XIX ҳукумати Чин дар Муғулистон баъзе дигаргуниҳои иқтисодию сиёсиро ба амал …