Главная / Гуногун / Харакатхои милли дар Испания

Харакатхои милли дар Испания

Рушди иктисодй дар Испания масъалаи миллиро тезу тунд кард. То охирхои асри XIX рафти ташаккулёбии миллати баскхо ва галисихо асосан анчом ёфт. Бо хамин сабаб шумораи харакатхои милли дар се вилояти мамлакат – Каталония, Баскония ва Галитсия афзуд. Бо сабаби он ки дар Каталония ва Баскония муносибатхои сармоядорй афзуда, табакахои пролетариат ва буржуазияро ташаккул доданд, дар байни оихо мубориза вусьат ёфт. Дар охирхои асри XIX дар тамоми Испания дар саноат хамаги 243 867 нафар коргароиу хизматчиён кор мекарданд, ки кариб нисфи онхо аз Каталония ва Баскония буданд.

Соли 1892 намояндагони буржуазияи миллии Каталония дар Манрес дар ассамблея чамъ омада, барномаи харакати миллии Каталонияро кор карда баромаданд, ки он “Асосхон Манрес” номида шудааст. Буржуазиям Каталония кортесхои мухтореро, ки дар сохахои андозситони, маориф, конунгузории шахрвандй, чиной ва тичоратй хокимияти конунгузориро доранд, талаб мекарданд.

Буржуазиям калони баск дар сари харакати миллим Баскония истода. Хизби миллим баскхоро ташкил намуд. Ба ин хизб муяссар шуд, ки табакахои васеъи ахолиро ба зери таъсири худ дарорад. Бо сабаби он ки дар саноати кухии маъданкоркунии Баскония маблаггузории Англия калон буд, буржуазиям ин минтакаи Испания то як дарача ба империализми англис тобеъ гардид.

Чангхои Испания дар мустамликахо. Баъд аз шикаст хурдани инкилоби солхои 1854- 1856-и Испания хукумати ин давлат сиёсати мустамликазабткуниро идома дод. Он дар тачовузи Фаронса ба мукобили Ветнам фаъолона ширкат варзид. Инчунин ба Мексика лашкар кашид. Лекин хар дуй ин икдоми иртичой дар сиёсати хоричи ба Испания ягон фоида наоварданд. Соли 1860 артиши Испания як кисми Марокашро забт намуд. Чумхурии Доминикан аз тарафи артиши Испания ишгол карда шуд, лекин баъди якчанд сол Испания мачбур шуд, ки онро тарк намояд. Испанияи заифшуда барои ишголи мустамликахои калон кувван Харбии зарурй надошт. Дар мустамликахои кухнаи он ва махсусан дар Куба харакати озодихохи меафзуд. Вазъияти дохилии Испания низ хуб набуд. Соли 1857 дар Андалузия шуриши кишоварзон ва солхои 1861 – 1862 дар музофотхои дигари мамлакат хам шуришххо ба амал омаданд. Онхо дар ин мархала сиёсати хоричии Испанияро заиф гардониданд.

Дар охирхои асри XIX Испания мачбур буд, ки барои дар дасти худ нигох доштани мустамликахо дар он чойхо бар зидди харакати миллию озодихохи мубориза барад, аз он чумла, дар Куба, Филиппин ва Пуэрто-Рико, Чангхои Испания махсусан дар Куба ва Филиппин ба иктисодиёти Испания зарбаи сахт заданд. Дар Каталония фабрикахо баста мешуданд, ё ки вакти махдуд кор мекарданд. Чанг маблагхои калонро такозо мекард ва шумораи зиёди одамонро ба доми худ мекашид. То соли 1897 Испания ба Куба наддики 20(Х)()0 нафар, ба Филиппин 25000 нафар ва ба Пуэрто-Рико – 4480 нафар одамонро равон кардааст.

Дар охирхои асри XIX сари рохи сиёсати хоричии Испанияро ИМА гирифт. Он акнун ба мустамликахои испанй дастдарозй мекард. Истилои ИМА ба Куба. Пуэрто-Рико, Гуам ва чазирахои Филиппин пахн шудан гирифт. Мохи январи соли 1898 И МА ба Испания пешниход кард, ки Кубаро ба маблаги 300 млн. доллар ба вай бифурушад, вале Испания ин савдоро рад кард. Барой хамин дере нагузашта ИМА бар зидди Испания чанг cap кард, ки дар он лашкари Испания торумор карда шуд. Мувофики Созишномаи сулхе, ки 10 декабри соли 1898 дар Париж ба имзо расид, Испания аз истиклолияти худ бар Куба даст кашид ва инчунин Пуэрто- Рико ва Гуамро ба ИМ А во гузошт. Филиппинро бошад, ба маблаги 20 млн доллар ба ИМ А фурухт.

Испания дигар аз ухдаи идора кардани мустамликахои худ баромада наметавонист. Аз хамин сабаб Мохи феврали соли 1899 мустамликахои дурдасти худро дар Укёнуси Ором (чазирахои Королин ва Мариан) ба Германия фурухт. Мустамликахои охирини он тарафи укёнусро аз даст додан маънои шикасти сиёсати мустамликадории Испания дар охири асри XIX хисоб меёфт. Сабаби асосии ин шикаст акибмонии сиёсию иктисодй ва ичтимоии Испания буд.

Вазъияти иктисодии Испания дар огози асри XX. Дар огози асри XX сарфи назар аз акибмонии иктисодй дар Испания сохахои алохидаи иктисодиёт ва пеш аз хама, саноат, роххои охан ва муносибатхои молию пулй як кадар пеш рафтанд. Мисли давлатхои пешкадами Европа дар Испания низ инхисорхо тавлид меёфтанд, ба монанди “Чамъияти металлургии Дуро-Фелгера”, “Чамъияти Алтос-Орнос” ва “Чамъияти мошинсозй ва металлургии Арагон”. Соли 1907 оид ба сохтани флоти харбию бахрй инхисори “ Чамъияти киштисозии Испания” ташкил карда шуд. Дар саноати металлурги хам болоравин чузъй мушохида карда шуд. Солхон 1900   -1909 гудознши пулод кариб ду баробар,

чуян 4,5 баробар. истехсолн семент 2.5 баробар. дар солхои 1900 – 1913 истехсоли ангишт зиёда аз 1,5 баробар афзуд.

Дар саноати сабук хам пешравй ба назар мерасид. Дар ин намуди саноат низ марказонидани истехсолот ба амал меомад. Корхонахои хурд ва миёнаи саноати сабук ба корхонахои калон муттахид шуда, картелхоро ташкил менамуданд.

Вазъияти дохилии Испания дар аввали асри XX. Шикасти Испания дар чанги зидди И МА ва чангхо дар мустамликахо вазъи Дохилии мамлакатро боз хам мушкилтар гардониданд. Доирахои васеъи ахолй ислохоти иктисодиро такозо менамуданд. Масъалаи мухимтарин барони чамъияти Испания масъалаи молия буд. Карзи

давлатии Куба мувофики Созишномаи сулхи Париж аз эътибор сокит карда нашуд. Ин карз кариб 3 млрд песетаро ташкил мекард, ки он асосан пули сахмияхои харидаи хоричиён буд. Ин карз ба гардани Испания зам карда шуд.

Калисои католик яке аз моликиятдорони калонтарини Испания буд. вале он ба давлат андоз намесупорид, чунки аз пардохти андоз озод карда туда буд. Ин норозигии ахли чамъияти мамлакатро ба вучуд овард. Дар огози асри XX дар Испания 3253 дайр мавчуд буд, ки дар онхо 50 600 нафар мардхо ва занхои рохиб зиндагй мекарданд.

Мохи феврали соли 1901 ба сари хокимият либералхо омаданд. Онхо мачбур шуданд, ки баъзе ислохотхо гузаронанд. Соли 1902 конун дар бораи махдуд кардани хукуки муассисахои динй дар кори таълим кабул карда шуд. Худи хамон сол хукуки коргарон барон корпартой эътироф гардид. Вале ин чорахо харакати ичтимоиро дар мамлакат паст карда на тавонистанд. Ба хамин сабаб мохи декабри соли 1902 хукумати либералхо ба истеъфо рафт.

Режими мутлакият дар Испания аз бухронн дарозмуддат халос намешуд. Дар ин бора тез-тез ивазшавии хукумат низ шаходат медихад. Дар зарфи солхон 1903 – 1907 ивазшавни хукумати Испания 9 маротиба ба амал омадааст. Дар худи хамин давра ба чони шох Алфонси XII (1903- 1931) 4 маротиба суикасд ташкил карда шуд. На Хизби Консерваторхо ва на Хизби либералхо роххои аз бухрон баровардани Испанияро намедонистанд. Лекин хар дуй онхо хам дар борам бо рохи ислохот аз бухрон баровардани мамлакат авомфиребона лоф мезаданд, лекин натичаи ин лофзанихо хеч буд.

Дар давраи то огози Чанги якуми чахони вазъи дохилии чамъиятию сиёсии Испания муътадил набуд. Ба хар хол дар он давра дар мамлакат ислохоти чузъии иктисодй ба амал бароварда шуд, лекин он тамоми системам иктисодию молиявии мамлакатро фаро нагирифт. Аз ин ру, ин ислохот натичаи дилхох надод ва дода хам наметавонист.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …