Главная / Гуногун / АНВАРӢ – Шоири Форс

АНВАРӢ – Шоири Форс

Ҳакиме комил ва фасеҳе фозил буд ва ҳусни шеър ва лутфи назм шаммаест аз улувви ҳол ва холест аз ҷамоли камоли ў. Ва суханони ў машҳур аст ва девони ў мастур 98 ва аз латоифи ашъори вай як қитъа, ки мушъир 99 аст ба насиҳати шуаро навишта мешавад:

anvariҚ и т ъ а
Дӣ маро шоираке гуфт: «Ғазал мегўйӣ?».
Гуфтам: «Аз мадҳу ҳиҷо 100 даст бияфшондам ҳам».
Гуфт: «Чун?» Гуфтамаш: «Он ҳолати гумроҳӣ буд,
Ҳолати рафта дигар боз наёяд зи адам.
Ғазалу мадҳу ҳиҷо ҳар се аз он мегуфтам,
Ки маро ҳирсу ғазаб буду ба он шаҳват зам.
Он яке шаб, ҳама шаб дар ғами андешаи он,
Ки кунад васфи лаби чун шакару зулфи ба хам.
В-он дигар рўз ҳама рўз дар он меҳнату ранҷ,
Ки куҷо в-аз кию чун касб кунад панҷ дирам.
В-он се дигар чу саги хаста, тасаллиш бад-он,
Ки забунӣ ба каф ояд, ки аз ў бошад кам.
Чун худо ин се саги гурснаро, ҳошо, кам
Боз кард аз сари ман —бандаи оҷиз ба карам.
Ғазалу мадҳу ҳиҷо гўяму, ё раб, зинҳор!
Баски бо ақл ҷафо кардаму бо нафс ситам!
Анварӣ, лоф задан шеваи мардон набувад,
Чун задӣ, боре мардона нигаҳ дор қадам.
Гўшае гиру сароеву наҷоте биталаб,
Ки на бас дер сар ояд ба ту бар ин ду-се дам…

Гўянд, ба самъи малики Ғўр расониданд, ки Анварӣ туро ҳиҷо гуфтааст. Ба малики Ҳирот навишт ва Анвариро талаб кард ва нисбат ба вай изҳори таваддуду талаттуф намуд, аммо мақсудаш интиқом буд. Ва малики Ҳирот онро ба фиросат дарёфт, аммо онро ба сареҳ наметавонист навишт. Дар мактубе, ки аз барои Анварӣ менавишт, ин байтҳоро дарҷ кард:

Ҳия-д-дунё сақалун би малоъи фиҳо
Ҳузору ҳазиран мин баттишӣ вафатикӣ.
Фа ло юғраркум тулу ибтисомӣ
Фа қавли музҳикун ва-л-фиълу мубкӣ100а.

Анварӣ онро ба ҳусни фаросат дарёфт, василаҳо ангехт ва малики Ҳиротро аз он мутолиба гузаронид. Дигар бор малики Ғўр вайро талаб кард ва малики Ҳиротро дар муқобалаи вай ҳазор гўсфанд ваъда кард. Малики Ҳирот касеро муваккали Анварӣ кард, ки ночор сохта бояд шуд ва ба Ғўр рафт, ки маро дар муқобили ту ҳазор гўсфанд медиҳанд.

Анварӣ гуфт:
— Ай подшоҳ! Марде, ки ўро ҳазор гўсфанд меарзад, туро ройгон намеарзад?! Маро бигзор, то боқии умр дар силки мулозимони ту бошам ва ҷавоҳири мадоеҳ дар пойи ту пошам!
Малики Ҳиротро ин сухан хуш омад ва ўро нигоҳ дошт.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …