Главная / Гуногун / АНВАРИ – Шоири Форс

АНВАРИ – Шоири Форс

Хакиме комил ва фасехе фозил буд ва хусни шеър ва лутфи назм шаммаест аз улувви хол ва холест аз чамоли камоли у. Ва суханони у машхур аст ва девони у мастур 98 ва аз латоифи ашъори вай як китъа, ки мушъир 99 аст ба насихати шуаро навишта мешавад:

anvariК и т ъ а
Ди маро шоираке гуфт: «Газал мегуйи?».
Гуфтам: «Аз мадху хичо 100 даст бияфшондам хам».
Гуфт: «Чун?» Гуфтамаш: «Он холати гумрохи буд,
Холати рафта дигар боз наёяд зи адам.
Газалу мадху хичо хар се аз он мегуфтам,
Ки маро хирсу газаб буду ба он шахват зам.
Он яке шаб, хама шаб дар гами андешаи он,
Ки кунад васфи лаби чун шакару зулфи ба хам.
В-он дигар руз хама руз дар он мехнату ранч,
Ки кучо в-аз кию чун касб кунад панч дирам.
В-он се дигар чу саги хаста, тасаллиш бад-он,
Ки забуни ба каф ояд, ки аз у бошад кам.
Чун худо ин се саги гурснаро, хошо, кам
Боз кард аз сари ман —бандаи очиз ба карам.
Газалу мадху хичо гуяму, ё раб, зинхор!
Баски бо акл чафо кардаму бо нафс ситам!
Анвари, лоф задан шеваи мардон набувад,
Чун зади, боре мардона нигах дор кадам.
Гушае гиру сароеву начоте биталаб,
Ки на бас дер сар ояд ба ту бар ин ду-се дам…

Гуянд, ба самъи малики Гур расониданд, ки Анвари туро хичо гуфтааст. Ба малики Хирот навишт ва Анвариро талаб кард ва нисбат ба вай изхори таваддуду талаттуф намуд, аммо максудаш интиком буд. Ва малики Хирот онро ба фиросат дарёфт, аммо онро ба сарех наметавонист навишт. Дар мактубе, ки аз барои Анвари менавишт, ин байтхоро дарч кард:

Хия-д-дунё сакалун би малоъи фихо
Хузору хазиран мин баттиши вафатики.
Фа ло юграркум тулу ибтисоми
Фа кавли музхикун ва-л-фиълу мубки100а.

Анвари онро ба хусни фаросат дарёфт, василахо ангехт ва малики Хиротро аз он мутолиба гузаронид. Дигар бор малики Гур вайро талаб кард ва малики Хиротро дар мукобалаи вай хазор гусфанд ваъда кард. Малики Хирот касеро муваккали Анвари кард, ки ночор сохта бояд шуд ва ба Гур рафт, ки маро дар мукобили ту хазор гусфанд медиханд.

Анвари гуфт:
— Ай подшох! Марде, ки уро хазор гусфанд меарзад, туро ройгон намеарзад?! Маро бигзор, то бокии умр дар силки мулозимони ту бошам ва чавохири мадоех дар пойи ту пошам!
Малики Хиротро ин сухан хуш омад ва уро нигох дошт.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …