Главная / Биология / Ангезиш чист?

Ангезиш чист?

 Ҳар организм ба муҳити беруна робитаи ногусастанӣ дорад: аз он ғизо мегирад, ба таъсири омилҳои мусоиду номусоиди муҳит ва дигар организмҳо дучор мешавад. Дар рафти эволютсия дар организмҳои зинда қобилияти ба ҳама гуна таъсироти муҳити беруна интихобан ҷавоб гардондан пайдо мешавад.

angezishИн хусусиятро ангезиш меноманд. Ҳамаи тағйиротҳое, ки организмро иҳота кардаанд, нисбат ба он ангезанда ба шумор мераванд. Организм таъсири ангезандаро ҳис карда ангезиш меёбад.

Мавҷудоти серҳуҷайра ангезаҳоро тавассути силсилаи асаб эҳсос менамоянд ва ин амал рефлекс номида мешавад.

Дар организмҳое, ки силсилаи асаб надоранд, масалан, соддатаринҳо ё растаниҳо рефлекс мавҷуд нест. Аксуламали чунин организмҳо ба таъсироти ангезанда дар тағйирёбии сохти ҳаракат ё афзоиш зоҳир мешавад. Ин гуна ҳодисаро таксис ё тропизм меноманд ва ба он номи ангезанда ҳамроҳ карда мешавад. Масалан, фототаксис – ҳаракат ҷониби рўшноӣ: хемотаксис – ҷойивазкунии организм нисбат ба таъсири моддаи химиявӣ. Ҳар навъи таксис, вобаста ба он ки кадом ангезанда организмро ҷалб ё дур мекунад, мусбат ё манфӣ мешавад.

Тропизм тарзи муайяни афзоишро ифода карда, фақатхоси растаниҳо мебошад. Масалан, гелиотропизм (аз юнонӣ, гелиос – офтоб) сабзиши қисми рўизаминии растанӣ (поя, барг) ба ҷониби офтоб, геотропизм (аз юнонӣ, гео – замин) сабзиши қисми зеризаминии растанӣ (реша) ҷониби маркази замин аст.

Ба растаниҳо ҳодисаи настия низ хос мебошад. Чунончи, ҳаракати ягон узви растанӣ, масалан, поя ва барги офтобпараст, дар давоми рўз вобаста ба вазъи офтоб, боз ва пўшида шудани гулбарги гули шому саҳар, лола ва ғайраҳо.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …