Главная / Биология / Аҳамияти нафаскашӣ

Аҳамияти нафаскашӣ

Тавассути узвҳои нафаскашӣ мубодилаи газҳо байни организм ва муҳити атроф ба амал меояд. Дар натиҷа одам оксигенро фурў бурда, гази карбонатро хориҷ мекунад. Оксигени дохилшуда, дар раванди оксидшавии моддаҳои органикӣ фаъолона иштирок мекунад. Ҳуҷайраҳо ба онҳо эҳтиёҷи калон доранд. Дар натиҷаи оксидшавии ҳар кадом моддаи органикӣ гази карбонат ва об ҳосил шуда, аз организм хориҷ мегардад. Нафаскашӣ ду хел мешавад:

  1.  берунӣ (мубодилаи  газҳо байни шуш ва муҳити атроф);
  2. дохилӣ (мубодилаи газҳо байни ҳубобчаҳои шуш ва хун).

Узвҳои нафаскаширо ковокии бинӣ, ҳалқбинӣ, хирной, нойи нафас, ҳубобчаҳои ҳавоӣ (алвеолаҳо) ва шуш ташкил мекунанд .

Роҳҳои нафаскашӣ. Роҳҳои нафаскашӣ аз ковокии бинӣ ибтидо гирифта, ба воситаи девораи устухонию тағоякҳо ба нимаҳои росту чап тақсим мешаванд. Ҳар кадоми онҳо роҳҳои печ дар печ дошта, сатҳи дохилии ковокии биниро зиёд мекунанд. Пардаи луобӣ, ки ковокии биниро пўшонидааст, дорои бисёр мўякчаҳо, рагҳои хун ва ғадудҳо буда, луоб ҷудо мекунанд. Луоб на танҳо микробҳоро нигоҳ медорад, балки онҳоро безарар мегардонад.

nafaskashi-0

Луоб бо зарраҳои ба он часпида муттасил аз ковокии бинӣ берун меравад. Дар ковокии бинӣ ҳаво гарм ва намнок мешавад. Ҳаво аз ковокии бинӣ ба ҳалқбинӣ ва аз он ҷо ба ҳалқ мегузарад.

Ҳалқ қифмонанд буда, деворҳояш аз якчанд тағояк иборат аст. Ҳангоми фурў бурдани хўрок даромадгоҳи ҳалқро тағояки болоии ҳалқ мепўшонад. Дар байни тағоякҳои ҳалқ чинҳои луобӣ – садопарда мавҷуд аст (расми 56). Холигиҳои байни садопардаро – тарқиши овоз меноманд.

Дар вақти хомўшии одам садопардаҳо аз ҳам дур шуда, тарқиши садо ба секунҷаи баробарпаҳлў монанд мешавад. Ҳангоми гуфтугў ва сурудхонӣ садопардаҳо бо ҳам наздик мешаванд. Дар мавриди нафасбарорӣ ҳаво чинҳоро фишор дода, ба ларза медарорад. Ҳамин тавр овоз пайдо мешавад.

Баландии овози одам аз дарозии садопардаҳо вобаста аст. Садопардаҳо чӣ қадаре ки кўтоҳ ва ларзишаш зиёд бошад овоз ҳамон қадар баландтар мешавад. Садопардаи занҳо нисбат ба садопардаи мардҳо кўтоҳтар аст. Бинобар ин овози занҳо баландтар аст.

Садопардаҳо дар як сония аз 80 то 10000 маротиба ба ларзиш омада метавонанд. Овози нутқи одам дар ковокии ҳалқ, даҳон ва бинӣ ҳангоми тағйир ёфтани мавқеи забон, лабҳо, ҷоғи поён пурра ташаккул меёбад (расми 57). Одам ба воситаи овоз ҳиссиёт ва кайфият, хурсандӣ, қаҳру ғазаб, меҳрубонӣ, таҳдид, истеҳзо ва навозиши худро изҳор карда метавонад.

Овози беҳад баланд ба садопардаҳо зарар дорад, онҳо таранг ва ба ҳам наздик мешаванд, ба ҳамдигар расида, молиш мехўранд ва дар ин ҳол озурда мешаванд. Одаме, ки аксар овозашро беҳад баланд мекунад, хиррӣ мешавад ё тамоман овозаш мегирад. Ҳангоми паст гап задан садопардаҳо пурра ба ҳам ҷафс мешаванд.

Барои эҳтиёт кардани аъзои овоз паст гап задан лозим аст.  Бисёр газак гирифтани роҳҳои нафас ба садопардаҳо зарар мерасонанд. Тамокукашӣ ва истеъмоли машрубот ба аъзои овоз таъсири манфӣ мерасонад. Беҳуда нест, ки одамони тамокукаш ва истеъмолкунандагони машруботро аз овози пасти хирриашон шинохтан мумкин аст.

Нафасе, ки мо мебарорем, аз ҳалқ ба хирнойи найчамонанд, ки девораи пешаш аз тағоякҳои нимдоира иборат аст, мегузаранд. Онҳо бо ҳамдигар бо банду мушакҳо пайвастанд. Девори нарми ақиби хирной ба сурхрўда ҷафс буда, ба гузаштани хўрок монеъ мешаванд. Хирной ба ду нойи нафас ҷудо шуда, ба шуши рост ва чап мегузарад.

Шуш. Дар шуш ҳар як нойи нафас мисли дарахт ба шоха тақсим шуда, тамоми сатҳи шушро ишғол мекунад. Нўги шохаҳои майдатарини нойи нафас бо дастаи ҳубобчаҳои шуш, ки девораш тунуки пури ҳаво аст, ба охир мерасад. Деворҳои онҳо аз як қабат ҳуҷайраҳои эпителӣ таркиб ёфта, бо мўйрагҳо зич печонида шудаанд.

Ҳубобчаҳои ҳуҷайраҳои эпителӣ моддаҳои фаъоли биологӣ ҷудо карда, сатҳи дохилии онҳоро чун пардаи тунук мепўшонад.

Ин парда ҳаҷми доимии ҳубобчаҳоро нигоҳ дошта, намегузорад, ки онҳо ба ҳам наздик шаванд. Ғайр аз ин моддаҳои парда микроорганизмҳои аз ҳаво ба шуш дохилшавандаро безарар мегардонанд. Пардаи «коркардашуда» дар намуди балғам бо роҳи ҳавогузар берун карда мешавад ё тавассути фагоситҳои шуш «ҳазм» мегардад.

Ҳангоми газаки шуш бемории сил ва дигар бемориҳои сирояткунандаи шуш пайдо мешаванд. Дар натиҷа мумкин аст пардаи он зарар дида, ҳубобчаҳои шуш ба ҳамдигар часпанд ва дар мубодилаи газҳо иштирок карда натавонанд. Ҳубобчаҳои одамони тамокукаш қобилияти чандирӣ ва тозашавиро гум карда аз заҳри тамоку сахт мешаванд. Ҳавои тоза, нафасгирии бошиддат ҳангоми кори ҷисмонӣ, инчунин машғулияти варзишӣ барои аз нав барқарор шудани пардаҳо мусоидат мекунанд.

Шуш ғайр аз мавқеи дил, рагҳои хунгард, рагҳои нафас ва сурхрўда тамоми қафаси синаро пур мекунад. Ҳар як шуш 300-350 млн ҳубобча дорад. Сатҳи умумии ҳубобчаҳо аз 100 м бештар, яъне аз сатҳи бадан 50 маротиба калонтар аст. Ҳар як шуш аз берун бо пардаи ҳамвору шаффофи бофтаи пайвасткунанда – пардаи шуш пўшонида шудааст. Девори дарунии қафаси сина ба пардаи девора пўшонида шудааст. Ковокии пардаи ҳавоногузари байни онҳо намнок ва тамоман беҳаво аст. Бинобар он шуш мунтазам ба девораи ковокии сина ҷафс буда, ҳаҷми он аз тағйир ёфтани ҳаҷми ковокии қафаси сина вобаста аст.

  1. Нафасгирӣ чӣ аҳамият дорад?
  2. Чанд намуди нафаскаширо фарқ мекунанд?
  3. Кадом узвҳо системаи нафаскаширо ташкил медиҳанд?
  4. Ковокии бинӣ дар ҷараёни нафасгирӣ чӣ аҳамият дорад?
  5. Овози нутқ чӣ тавр ба вуҷуд меояд?
  6. Сохти шуш чӣ хел аст?
  7. Ковокии пардагӣ чист?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …