Главная / Биология / Ахамияти нафаскаши

Ахамияти нафаскаши

Тавассути узвхои нафаскаши мубодилаи газхо байни организм ва мухити атроф ба амал меояд. Дар натича одам оксигенро фуру бурда, гази карбонатро хорич мекунад. Оксигени дохилшуда, дар раванди оксидшавии моддахои органики фаъолона иштирок мекунад. Хучайрахо ба онхо эхтиёчи калон доранд. Дар натичаи оксидшавии хар кадом моддаи органики гази карбонат ва об хосил шуда, аз организм хорич мегардад. Нафаскаши ду хел мешавад:

  1.  беруни (мубодилаи  газхо байни шуш ва мухити атроф);
  2. дохили (мубодилаи газхо байни хубобчахои шуш ва хун).

Узвхои нафаскаширо ковокии бини, халкбини, хирной, нойи нафас, хубобчахои хавои (алвеолахо) ва шуш ташкил мекунанд .

Роххои нафаскаши. Роххои нафаскаши аз ковокии бини ибтидо гирифта, ба воситаи девораи устухонию тагоякхо ба нимахои росту чап таксим мешаванд. Хар кадоми онхо роххои печ дар печ дошта, сатхи дохилии ковокии биниро зиёд мекунанд. Пардаи луоби, ки ковокии биниро пушонидааст, дорои бисёр муякчахо, рагхои хун ва гадудхо буда, луоб чудо мекунанд. Луоб на танхо микробхоро нигох медорад, балки онхоро безарар мегардонад.

nafaskashi-0

Луоб бо заррахои ба он часпида муттасил аз ковокии бини берун меравад. Дар ковокии бини хаво гарм ва намнок мешавад. Хаво аз ковокии бини ба халкбини ва аз он чо ба халк мегузарад.

Халк кифмонанд буда, деворхояш аз якчанд тагояк иборат аст. Хангоми фуру бурдани хурок даромадгохи халкро тагояки болоии халк мепушонад. Дар байни тагоякхои халк чинхои луоби – садопарда мавчуд аст (расми 56). Холигихои байни садопардаро – таркиши овоз меноманд.

Дар вакти хомушии одам садопардахо аз хам дур шуда, таркиши садо ба секунчаи баробарпахлу монанд мешавад. Хангоми гуфтугу ва сурудхони садопардахо бо хам наздик мешаванд. Дар мавриди нафасбарори хаво чинхоро фишор дода, ба ларза медарорад. Хамин тавр овоз пайдо мешавад.

Баландии овози одам аз дарозии садопардахо вобаста аст. Садопардахо чи кадаре ки кутох ва ларзишаш зиёд бошад овоз хамон кадар баландтар мешавад. Садопардаи занхо нисбат ба садопардаи мардхо кутохтар аст. Бинобар ин овози занхо баландтар аст.

Садопардахо дар як сония аз 80 то 10000 маротиба ба ларзиш омада метавонанд. Овози нутки одам дар ковокии халк, дахон ва бини хангоми тагйир ёфтани мавкеи забон, лабхо, чоги поён пурра ташаккул меёбад (расми 57). Одам ба воситаи овоз хиссиёт ва кайфият, хурсанди, кахру газаб, мехрубони, тахдид, истехзо ва навозиши худро изхор карда метавонад.

Овози бехад баланд ба садопардахо зарар дорад, онхо таранг ва ба хам наздик мешаванд, ба хамдигар расида, молиш мехуранд ва дар ин хол озурда мешаванд. Одаме, ки аксар овозашро бехад баланд мекунад, хирри мешавад ё тамоман овозаш мегирад. Хангоми паст гап задан садопардахо пурра ба хам чафс мешаванд.

Барои эхтиёт кардани аъзои овоз паст гап задан лозим аст.  Бисёр газак гирифтани роххои нафас ба садопардахо зарар мерасонанд. Тамокукаши ва истеъмоли машрубот ба аъзои овоз таъсири манфи мерасонад. Бехуда нест, ки одамони тамокукаш ва истеъмолкунандагони машруботро аз овози пасти хирриашон шинохтан мумкин аст.

Нафасе, ки мо мебарорем, аз халк ба хирнойи найчамонанд, ки девораи пешаш аз тагоякхои нимдоира иборат аст, мегузаранд. Онхо бо хамдигар бо банду мушакхо пайвастанд. Девори нарми акиби хирной ба сурхруда чафс буда, ба гузаштани хурок монеъ мешаванд. Хирной ба ду нойи нафас чудо шуда, ба шуши рост ва чап мегузарад.

Шуш. Дар шуш хар як нойи нафас мисли дарахт ба шоха таксим шуда, тамоми сатхи шушро ишгол мекунад. Нуги шохахои майдатарини нойи нафас бо дастаи хубобчахои шуш, ки девораш тунуки пури хаво аст, ба охир мерасад. Деворхои онхо аз як кабат хучайрахои эпители таркиб ёфта, бо муйрагхо зич печонида шудаанд.

Хубобчахои хучайрахои эпители моддахои фаъоли биологи чудо карда, сатхи дохилии онхоро чун пардаи тунук мепушонад.

Ин парда хачми доимии хубобчахоро нигох дошта, намегузорад, ки онхо ба хам наздик шаванд. Гайр аз ин моддахои парда микроорганизмхои аз хаво ба шуш дохилшавандаро безарар мегардонанд. Пардаи «коркардашуда» дар намуди балгам бо рохи хавогузар берун карда мешавад ё тавассути фагоситхои шуш «хазм» мегардад.

Хангоми газаки шуш бемории сил ва дигар беморихои сирояткунандаи шуш пайдо мешаванд. Дар натича мумкин аст пардаи он зарар дида, хубобчахои шуш ба хамдигар часпанд ва дар мубодилаи газхо иштирок карда натавонанд. Хубобчахои одамони тамокукаш кобилияти чандири ва тозашавиро гум карда аз захри тамоку сахт мешаванд. Хавои тоза, нафасгирии бошиддат хангоми кори чисмони, инчунин машгулияти варзиши барои аз нав баркарор шудани пардахо мусоидат мекунанд.

Шуш гайр аз мавкеи дил, рагхои хунгард, рагхои нафас ва сурхруда тамоми кафаси синаро пур мекунад. Хар як шуш 300-350 млн хубобча дорад. Сатхи умумии хубобчахо аз 100 м бештар, яъне аз сатхи бадан 50 маротиба калонтар аст. Хар як шуш аз берун бо пардаи хамвору шаффофи бофтаи пайвасткунанда – пардаи шуш пушонида шудааст. Девори дарунии кафаси сина ба пардаи девора пушонида шудааст. Ковокии пардаи хавоногузари байни онхо намнок ва тамоман бехаво аст. Бинобар он шуш мунтазам ба девораи ковокии сина чафс буда, хачми он аз тагйир ёфтани хачми ковокии кафаси сина вобаста аст.

  1. Нафасгири чи ахамият дорад?
  2. Чанд намуди нафаскаширо фарк мекунанд?
  3. Кадом узвхо системаи нафаскаширо ташкил медиханд?
  4. Ковокии бини дар чараёни нафасгири чи ахамият дорад?
  5. Овози нутк чи тавр ба вучуд меояд?
  6. Сохти шуш чи хел аст?
  7. Ковокии пардаги чист?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …