Главная / Биология / Аҳамияти бактерияҳо дар табиат ва ҳаёти инсон

Аҳамияти бактерияҳо дар табиат ва ҳаёти инсон

Бактерияҳо бо фаъолияти ҳаётии худ дар табиат ва ҳаёти инсон аҳамияти заруру калон доранд.

Бактерияҳо дар гардиши умумии моддаҳо дар табиат силсилазанҷири муҳиму боэътимод мебошанд. Бахусус, бактерияҳои сапрофитии дар хок сукунатдошта ҳар сол барги дарахту буттаҳо, гиёҳҳои яксола, навдаҳои рӯизаминии бисёр растаниҳои бисёрсола ва дарахтони кӯҳани базаминафтодаро таҷзияю вайрон намуда, онҳоро ба моддаҳои маъданӣ табдил медиҳанд. Инчунин, бактерияҳо ҷасади ҳайвоноти хурду калон, маҳсули ихроҷи онҳо ва партовҳои гуногунро мепӯсонанд. Ҳамин тавр, бактерияҳои сапрофитӣ санитарҳои ҳақиқии табиатанд.

Бе фаъолияти ҳаётии бактерияҳои сапрофитӣ гардиши моддаҳо дар табиат сурат намегирад, ҳосилхезии хок аз нав барқарор намешавад.

Бактерияҳои пӯсонандаи сапрофитӣ аз моддаҳои органикии организмҳои нобудшуда ғизо мегиранд ва барои ба порухок табдил ёфтани растанӣ ва ҳайвоноти нобудшуда ба таври мусбат мусоидат мекунанд. Ҳамин тавр, бактерияҳои сапрофитӣ дар табиат хеле фоидаоваранд. Дар як сантиметри мукааби қабати болоии хоки бешазор садҳо миллион чунин бактерияҳо зиндагӣ мекунанд. Инчунин, бактерияҳои сапрофитӣ порухокро ба моддаҳои маъданӣ табдил медиҳанд ва растаниҳо онро ба туфайли решаашон ҷаббида мегиранд.

Гурӯҳи дигари бактерияҳои дар хок маскундошта қобилият доранд, ки нитрогени ҳаворо аз худ кунанд. Бактерияҳоеро, ки чунин қобилият доранд, бактерияҳои нитрогеназхудкунанда меноманд. Онҳо аз рӯи хусусиятҳои хосашон ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд. Гурӯҳи якум дар хок мустақилона зиндагӣ карда, нитрогени ҳаворо, ки он барои растаниҳо дастрас нест, аз худ карда, таркиби хокро бо нитрогени барои растаниҳо дастрас бой мегардонанд. Гурӯҳи дигари ин бактерияҳо дар решаи растаниҳои лӯбиёгӣ ҷойгир шуда, лӯндачаҳои бактериядор ҳосил мекунанд. Онҳо низ қобилияти аз худ кардани нитрогени озоди ҳаворо доранд. Онҳоро бактерияҳои лӯндарешагӣ меноманд. Онҳо аз ҳисоби моддаҳои органикии растаниҳои лӯбиёгӣ ғизо гирифта, дар навбати худ, растаниҳои лӯбиёгиро бо нитрогени барои онҳо дастрас таъмин мекунанд. Чунин шакли ҳамзистии фоиданокро симбиоз меноманд.

Расми 89. Бактерияҳои лӯндагӣ дар решаи растаниҳои лӯбиёӣ (1) ва буриши он дар зери микроскоп (2)
Расми 89. Бактерияҳои лӯндагӣ дар решаи растаниҳои лӯбиёӣ (1) ва буриши он дар зери микроскоп (2)

Дар саноати хӯрокворӣ бактерияҳои ширтурушкунандаро истифода мебаранд. Дар натиҷаи фаъолияти ин бактерияҳо қанди шир ҷӯш хӯрда, ба кислотаи шир табдил меёбад. Дар асоси ин дар рӯзгор ва саноат бисёр маҳсулоти ширӣ, аз қабили ҷурғот, қаймоқ, айрон, қимиз ва ғайраҳо ҳосил карда мешаванд.Симбиоз аз калимаи юнонӣ “симбиозис” — ҳаёти якҷоя ё ҳамзистии муфид гирифта шудааст. Ҳамин тавр, дар натиҷаи симбиози растании лӯбиёгӣ бо бактерияҳои лӯндарешагӣ алоқамандии судманди дутарафа ё муштарак ба вуҷуд меояд. Бинобар он, растаниҳои лӯбиёиро дар хоҷагиҳои кишоварзӣ барои таркиби хокро аз нитрогени дастрас (барои растаниҳо) бой намудан, дар киштгардонҳо истифода мебаранд. Маълум карда шудааст, ки дар ҳар гектар замини растании лӯбиёӣ кишткардашуда то 200 кг нитроген (пайвастагиҳои нитрогенӣ) захира мешавад.

Очоронии сабзавот, силосхобонӣ низ ба туфайли иштироки бевоситаи бактерияҳои ширтурушкунанда ба амал бароварда мешавад. Кислотаи ширии дар ин равандҳо ҳосилшуда, сабзавоти очоронидашуда ва силосро аз вайрон шудан муҳофизат мекунад.

Мебояд қайд кард, ки на ҳама бактерияҳо ба инсон фоиданоканд. Гурӯҳи муайяни онҳо зарарнок буда, хеле паҳн шудаанд. Бактерияҳои зарарнок ба хоҷагии халқ зарари калони моддӣ мерасонанд. Онҳо маҳсулоти озуқаро вайрон карда, истеъмоли онҳоро номумкин мегардонанд. Баъзе бактерияҳо ҳосили зироатҳои кишоварзиро (агар чораҳои эҳтиётӣ дида нашуда бошад) мепӯсонанд. Бинобар он, барои аз пӯсидан муҳофизат кардани онҳо ҳосили ҷамъовардашударо дар анборҳои салқину шамолрас нигоҳ медоранд. Маҳсулоти озуқавории тезвайроншавандаро дар яхдонҳо нигоҳ медоранд. Гӯшт, моҳӣ ва дигар маҳсулоти аз ҳайвонот гирифташударо дар намак мехобонанд (намакӣ мекунанд) ё ин ки аз баъзеи онҳо консерваҳо тайёр мекунанд. Одатан меваро мехушконанд ва ё аз ме- ваҳои тару тоза мураббо мепазанд. Баъзе намудҳои сабзавотро (бодиринг, помидор, карам ва ғайраҳоро) дар намак мехобонанд.

Баъзе бактерияҳо метавонанд китобҳо, дастхатҳои нодир ва мусаввараҳоро вайрон кунанд. Барои аз чунин зарарбинӣ муҳофизат кардани онҳо, китобхонаҳоро бо гази сулфит дуд медиҳанд.

Маълум карда шудааст, ки нури офтоб, намак, сирко ва харорати ниҳоят баланд хосияти нобуд кардани бактерияҳоро доранд.

  1. Аҳамияти бактерияҳоро дар табиат бо кадом мисолҳо метавон шарҳ дод?
  2. Бактерияҳои нитрогени ҳаворо азхудкунанда чӣ аҳамият доранд ва ба кадом гурӯҳҳо тақсим мешаванд?
  3. Симбиоз чист?
  4. Дар саноати хӯрокворӣ кадом бактерияҳоро истифода мебаранд?
  5. Дар натиҷаи фаъолияти бактерияҳои ширтурушкунанда кадом маҳсулот ба даст оварда мешавад?
  6. Оқибатҳои нохуши фаъолияти зараровари бактерияҳоро шарҳ диҳед.
  7. Барои маҳсулоти озуқавориро аз вайроншавӣ эмин нигоҳ доштан чӣ хел чораҳо мебинанд?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …