Главная / Биология / Ахамияти бактерияхо дар табиат ва хаёти инсон

Ахамияти бактерияхо дар табиат ва хаёти инсон

Бактерияхо бо фаъолияти хаётии худ дар табиат ва хаёти инсон ахамияти заруру калон доранд.

Бактерияхо дар гардиши умумии моддахо дар табиат силсилазанчири мухиму боэътимод мебошанд. Бахусус, бактерияхои сапрофитии дар хок сукунатдошта хар сол барги дарахту буттахо, гиёххои яксола, навдахои руизаминии бисёр растанихои бисёрсола ва дарахтони кухани базаминафтодаро тачзияю вайрон намуда, онхоро ба моддахои маъдани табдил медиханд. Инчунин, бактерияхо часади хайвоноти хурду калон, махсули ихрочи онхо ва партовхои гуногунро мепусонанд. Хамин тавр, бактерияхои сапрофити санитархои хакикии табиатанд.

Бе фаъолияти хаётии бактерияхои сапрофити гардиши моддахо дар табиат сурат намегирад, хосилхезии хок аз нав баркарор намешавад.

Бактерияхои пусонандаи сапрофити аз моддахои органикии организмхои нобудшуда гизо мегиранд ва барои ба порухок табдил ёфтани растани ва хайвоноти нобудшуда ба таври мусбат мусоидат мекунанд. Хамин тавр, бактерияхои сапрофити дар табиат хеле фоидаоваранд. Дар як сантиметри мукааби кабати болоии хоки бешазор садхо миллион чунин бактерияхо зиндаги мекунанд. Инчунин, бактерияхои сапрофити порухокро ба моддахои маъдани табдил медиханд ва растанихо онро ба туфайли решаашон чаббида мегиранд.

Гурухи дигари бактерияхои дар хок маскундошта кобилият доранд, ки нитрогени хаворо аз худ кунанд. Бактерияхоеро, ки чунин кобилият доранд, бактерияхои нитрогеназхудкунанда меноманд. Онхо аз руи хусусиятхои хосашон ба ду гурух чудо мешаванд. Гурухи якум дар хок мустакилона зиндаги карда, нитрогени хаворо, ки он барои растанихо дастрас нест, аз худ карда, таркиби хокро бо нитрогени барои растанихо дастрас бой мегардонанд. Гурухи дигари ин бактерияхо дар решаи растанихои лубиёги чойгир шуда, лундачахои бактериядор хосил мекунанд. Онхо низ кобилияти аз худ кардани нитрогени озоди хаворо доранд. Онхоро бактерияхои лундарешаги меноманд. Онхо аз хисоби моддахои органикии растанихои лубиёги гизо гирифта, дар навбати худ, растанихои лубиёгиро бо нитрогени барои онхо дастрас таъмин мекунанд. Чунин шакли хамзистии фоиданокро симбиоз меноманд.

Расми 89. Бактерияхои лундаги дар решаи растанихои лубиёи (1) ва буриши он дар зери микроскоп (2)
Расми 89. Бактерияхои лундаги дар решаи растанихои лубиёи (1) ва буриши он дар зери микроскоп (2)

Дар саноати хуроквори бактерияхои ширтурушкунандаро истифода мебаранд. Дар натичаи фаъолияти ин бактерияхо канди шир чуш хурда, ба кислотаи шир табдил меёбад. Дар асоси ин дар рузгор ва саноат бисёр махсулоти шири, аз кабили чургот, каймок, айрон, кимиз ва гайрахо хосил карда мешаванд.Симбиоз аз калимаи юнони “симбиозис” — хаёти якчоя ё хамзистии муфид гирифта шудааст. Хамин тавр, дар натичаи симбиози растании лубиёги бо бактерияхои лундарешаги алокамандии судманди дутарафа ё муштарак ба вучуд меояд. Бинобар он, растанихои лубиёиро дар хочагихои кишоварзи барои таркиби хокро аз нитрогени дастрас (барои растанихо) бой намудан, дар киштгардонхо истифода мебаранд. Маълум карда шудааст, ки дар хар гектар замини растании лубиёи кишткардашуда то 200 кг нитроген (пайвастагихои нитрогени) захира мешавад.

Очоронии сабзавот, силосхобони низ ба туфайли иштироки бевоситаи бактерияхои ширтурушкунанда ба амал бароварда мешавад. Кислотаи ширии дар ин равандхо хосилшуда, сабзавоти очоронидашуда ва силосро аз вайрон шудан мухофизат мекунад.

Мебояд кайд кард, ки на хама бактерияхо ба инсон фоиданоканд. Гурухи муайяни онхо зарарнок буда, хеле пахн шудаанд. Бактерияхои зарарнок ба хочагии халк зарари калони модди мерасонанд. Онхо махсулоти озукаро вайрон карда, истеъмоли онхоро номумкин мегардонанд. Баъзе бактерияхо хосили зироатхои кишоварзиро (агар чорахои эхтиёти дида нашуда бошад) мепусонанд. Бинобар он, барои аз пусидан мухофизат кардани онхо хосили чамъовардашударо дар анборхои салкину шамолрас нигох медоранд. Махсулоти озукавории тезвайроншавандаро дар яхдонхо нигох медоранд. Гушт, мохи ва дигар махсулоти аз хайвонот гирифташударо дар намак мехобонанд (намаки мекунанд) ё ин ки аз баъзеи онхо консервахо тайёр мекунанд. Одатан меваро мехушконанд ва ё аз ме- вахои тару тоза мураббо мепазанд. Баъзе намудхои сабзавотро (бодиринг, помидор, карам ва гайрахоро) дар намак мехобонанд.

Баъзе бактерияхо метавонанд китобхо, дастхатхои нодир ва мусавварахоро вайрон кунанд. Барои аз чунин зарарбини мухофизат кардани онхо, китобхонахоро бо гази сулфит дуд медиханд.

Маълум карда шудааст, ки нури офтоб, намак, сирко ва харорати нихоят баланд хосияти нобуд кардани бактерияхоро доранд.

  1. Ахамияти бактерияхоро дар табиат бо кадом мисолхо метавон шарх дод?
  2. Бактерияхои нитрогени хаворо азхудкунанда чи ахамият доранд ва ба кадом гуруххо таксим мешаванд?
  3. Симбиоз чист?
  4. Дар саноати хуроквори кадом бактерияхоро истифода мебаранд?
  5. Дар натичаи фаъолияти бактерияхои ширтурушкунанда кадом махсулот ба даст оварда мешавад?
  6. Окибатхои нохуши фаъолияти зараровари бактерияхоро шарх дихед.
  7. Барои махсулоти озукавориро аз вайроншави эмин нигох доштан чи хел чорахо мебинанд?
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …