Главная / Маданият ва санъат / АДАБИЁТИ ТОҶИК ДАР НИМАИ ДУЮМИ АСРИ XVI ВА АСРИ XVII

АДАБИЁТИ ТОҶИК ДАР НИМАИ ДУЮМИ АСРИ XVI ВА АСРИ XVII

Дар таърихи халқҳои Мовароуннаҳру Хуросон асри XVI аввалин асрест, ки таназзули феодализм дар қаламрави мазкур шиддат мегирад. Заминаҳои ин таназзул нисбатан барвақттар оғоз гардида буд. Зуро пас аз вафоти Темур (1336-1404) меросхорони ӯ барои соҳиб шудан ба тахт сар бардошта, оромии мамлакатро халалдор мекарданд. Баъдтар империяи Темуриёнро туркҳои бадиянишин бо сарварии Муҳаммади Шайбонӣ барҳам доданд. Муҳаммад Шайбонихон соли 1500 Самарқанди бостониро тасарруф намуд. Тӯли 5 сол, яъне то соли 1505 ӯ тамоми қаламрави Мовароуннаҳрро таҳти назорати худ гирифт. Ҷангу низоъҳои пайдарпай, тохту тозҳои мунтазам, мансабхоҳиву ҷоҳталабиҳо қаламрави Хуросону Мовароуннаҳрро басо харобу заъиф намуда буд. Хоҷагии халқ паст мерафт, зеро низоъҳои қаламравӣ, кашмакашиҳои дохилӣ низоми инкишофи ҷамъиятро вайрон менамуд. Табақаҳои меҳнатии аҳолӣ бештар ва ҳамаҷониба зарар медиданд.

miniat2-2

Охирин намояндаи Темуриҳо – Султон Ҳусайн Байқаро соли 1506 вафот намуд. Ду писари Султон Ҳусайн ҳангоми ҳамлаи Шайбонихон шаҳри Ҳиротро ҳимоя карда натавонистанд. Дар натиҷа, Шайбонихон соли 1507 Хуросонро низ забт намуд ва ҳокими Мовароуннаҳру Хуросон гардид.

Соли 1510 нооромии гӯшношуниди дигар рух дод. Шоҳ Исмоили Сафавӣ Ҳиротро тасарруф намуда, то интиҳои садаи Л>У1 низоъҳои сиёсӣ ва мазҳабӣ ниҳоят тезутунд боқӣ менонанд.

Соли 1513 Исмоили Сафавӣ ба Мовароуннаҳр ҳамла мекунад, вале чандон муваффақ намешавад. Танҳо пас аз вафоти Шайбонихон то соли 1598 (наздик ба 90-сол) ҷонишинҳои ӯ давлатдорӣ карда бошанд ҳам, комилан комёб нашуданд.

Хони бообрӯ – ҳокими Бухоро – Убайдуллоҳхони Шайбонӣ баҳри озодии Хуросон аз Сафавиҳо шаш дафъа лашкар кашида бошад ҳам, бенатиҷа анҷомид. Танҳо дар замони Абдуллоҳхон (1557-1598) ба ӯ муяссар кардид, ки як андоза муттаҳидии хонҳои ӯзбекро таъмин кунад. Зеро ҳам Хуросон ва ҳам Хоразм ба давлати хонӣ муттаҳид карда шуданд. Вале пас аз вафоти Абдуллоҳхон қувваҳои марказгурез аз нав сар бадоштанд ва ҳукумати Шайбониҳо ба ҳамин восита аз арсаи таърих рафт.

Яке аз ҳодисаҳои ниҳоят даҳшатбори аср низоъҳои мазҳабӣ ба шумор меравад. Дар қаламрави Мовароуннаҳру Хуросон баробари зада даромадани Шоҳ Исмоили Сафавӣ муборизаҳои тезутунде миёни шиаҳо ва сунниён сар зад. Ҳаводиси мазкур аз он сабаб ҳам буд, ки Исмоили Сафавӣ худро вориси мазҳаби шиа эълон намуда, баҳри ривоҷи он дар байни мардум тавассути қатлу ғорат ниятҳои дигари худро низ амалӣ менамуд. Дар асл ҳадафи ин сиёсатмадор васеъ намудани ҳудуди давлат ва сарзамини худ аз ҳисоби мамолики ободон ва ба даст даровардани боигариву сарват буд. Ин низоъҳои мазҳабӣ амалан то охирҳои асри Л>У1 идома карда, боиси харобиҳои гӯшношуниди халқҳои Мовароуннаҳру Хуросон гардида буд. Ҳатто, ду тан суханварони машҳури ин давра Мавлоно Бадриддин Ҳилолӣ ва Камолуддини Биноӣ қурбони ана ҳамин гуна низоъҳои мазҳабӣ шудаанд. Аз тарафи дигар, яке аз сабабҳои ҷудоии Мовароуннаҳру Эрон ана ҳамин моҷароҳои сиёсию мазҳубӣ гардида буд.

Ташкили Давлати Темуриёни Ҳинд

Темуриёни Ҳинд ва ё ин сулола дар сарчашмаҳо бо номи Бобуриён низ ёд мешавад, аз ибтидои асри Л>У1 то оғози асри Л1Л дар Ҳиндустон ҳукмронӣ кардаанд. Аниқтараш тӯли солҳои 1526-1858 сулолаи мазкур дар қаламрави Ҳинд ҳукумат кардааст. Асосгузори ҳукумати Темуриёни Ҳинд намояндаи ҳамин сулола – Заҳируддин Бобур мебошад. Онҳоро инчунин муғулҳои бузург низ меноманд. Ин сулола дар охирҳои салтанати Аврангзеб пароканда гардида бошад ҳам, амалан то истилои Англия (с.1857) вуҷуд дошт. Силсилаи мазкур аз Бобур (1526-30) оғоз гардида, Ҳумоюн (1530-39; 1555-56), Акбар (1556-1605), Ҷаҳонгир (1605- 27), Шоҳиҷаҳон (1627-58), Аврангзеб (1658-1707), Баҳодуршоҳ (1707- 1712), Ҷаҳонгиршоҳ (1712-13), Фаррух Сияр (1713-19), Муҳаммадшоҳ (1719-48), Аҳмадшоҳ (1748-54), Оламгири 11(1754-59), Шоҳолами II (1806- 37) идома намудааст ва охирин намояндаи сулолаи мазкур Баҳодуршоҳи II солҳои 1839-1858 ҳукмронӣ кардааст.

б)  Авзои фарҳангӣ ва адабӣ

Ҳавзаҳо ё марказҳои адабӣ. Одамон дар ҳама ҳолат рӯи ниёз ба илм, фарҳанг ва адаб овардаанд. Дар асри XVI, сарфи назар аз нооромиҳои сиёсӣ, дар қаламрави Осиёи Миёна, Эрон, Ҳиндустон марказҳои илмӣ, фарҳангӣ ва адабӣ фаъолият кардаанд, ки дар рушди ҷомеъаву фарҳанг нақши муҳим гузоштаанд. Дар Осиёи Миёна – Самарқанд, Бухоро, Балх, Бадахшон; дар сарзамини Эрон – Исфаҳону Машҳад, Шероз, Табрез; дар мулки Ҳинд – Деҳлӣ, Мултон, Лоҳур, Панҷоб, Кашмир, Сарҳинд. Ҳар кадоме аз ин доираҳои фарҳангию адабӣ дар пешрафти соҳаҳои мазкур нақши сазовор гузоштаанд. Масалан, дар Осиёи Миёна: Мушфиқӣ, Нисорӣ, Мутрибӣ, Шавкати Бухороӣ Самарқандхоҷаи Тирмизӣ, Мулҳами Бухороӣ, Фитрати Зодрӯз, Сайидо ва дигарон; дар Эрон: Соиби Табрезӣ, Камини Кошонӣ, Саймирзои Сафавӣ, Мирзо Муҳаммадтоҳири Насрободӣ ва дигарон; дар Ҳиндустон: Файзии Деканӣ, Бедили Деҳлавӣ ва ғайра.

Бояд гуфт, ки авзои фарҳангу адабиёт дар нимаи аввали асри ЛУ! нисбат ба нимаи дуюм хеле фарқкунанда аст. Ҳамлаи Шоҳ Исмоили Сафавӣ соли 1512 ба Хуросон, боиси парокандагии қувваҳои илмию адабӣ гардид. Бештар қувваҳои адабӣ рӯ ба Мовароуннаҳр оварданд. Восифӣ дар «Бадоеъ-ул-вақоеъ» хабар медиҳад, ки: «Дар он вақт (с.1512) қариб понсад кас аз вилояти Хуросон азимати мулки Мовароуннаҳр карданд».

Дар ин сарзамин илмҳои таърих, фалсафа, риёзиёт, ҳандаса, забону адабиёт, мантиқ, мусиқӣ хеле пеш рафтааст. Масалан, Муҳаммадсолеҳи Карминагӣ дар илми мантиқ, Мавлоно Кавкабии Бухороӣ дар нуҷуму мусиқӣ, Исматуллоҳи Самарқандӣ дар сарфу наҳв, Хоҷа Калони Самарқандӣ дар ҳакмату риёзиёт аз ҷумлаи саромадони асри худ буданд.

Илми мусиқӣ яке аз дастовардҳои халқӣ тоҷик дар асри Л VI буда, дар се шаҳр: Ҳирот, Самарқанд ва Бухоро хеле пеш рафтааст. Дар ин бора Ҳофизи Таниш («Шарафномаи шоҳӣ»), Дарвешалии Чангӣ («Тӯҳфат-ус- сурур»), Саид Шарифи Самарқандӣ («Таърихи касира») аз симоҳои машҳури аср: Бобоҷони Ҳофиз, Дӯстмуҳаммади Удӣ, Муҳаммадалии Ноӣ, Аҳмади Ҳофиз, Ибни Чангӣ ва дигарон ёд кардаанд.

Таърихнависӣ низ хеле пеш рафтаву асарҳои гаронарзише ба майдон омадаанд. Аз ҷумла «Равзат-ус-сафо»-и Мирхонд, Ҳабиб-ус-сияр»-и Хондамир, «Шайбонинома» ва «Футӯҳоти хонӣ»-и Биноӣ» «Мунтахаб- ут-таворих»-и Ҳофизи Убаҳӣ, «Шарафномаи шоҳӣ» ё «Абдуллоҳнома»-и Ҳофизи Таниш ва ғайра маҳсули ҳамин асранд.

Тазкира ва такзиранависон.

Асри XV ба болоравии шеър ва зиёд гардидани қувваҳои эҷодӣ характернок аст. Дар ибтидои асри Л V доираи адабии Ҳирот қариб ки муқоисанашаванда мебошад. Баъдтар Бухоро ҳамчун маркази адабиёту қувваҳои адабӣ нуфуз пайдо намуд. Ҳатто ҳокими вақт Амир Убайдуллоҳхон дар баробари сиёсатмадорӣ шоир ҳам буд. Ӯ бо тахаллуси «Убайдӣ», ҳатто ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯбекӣ шеър ҳам мегуфт.

Яке аз комёбиҳои бузурги ин аср таълифи чанд тазкира ба шумор меравад, ки дар онҳо ҳам маълумоти шарҳиҳолии адибон, номгӯи осор, хусусиятҳои ашъор, тобишҳои ҳунарию эҷодӣ ва мақоми он адибон дар замони худ ва умуман дар таърихи адабиёт баҳсҳо сурат мегирифтаанд.

Тазкира худ лафзи арабӣ буда, зикру ёдоварӣ кардан, ба хотир овардан мебошад. Дар истилоҳ асарест, ки дар он шарҳи ҳол, намунаҳои осор, хусусиятҳои эҷодӣ, тобишҳои ҳунарии эҷодкорон зикр карда мешавад. Аз ин рӯ, тазкира як навъи баёни афкори адабӣ-эстетикӣ низ ҳаст. Аз ин хотир, тазкираҳо умумӣ ва хусусӣ мешаванд.

Тазкираҳои умумӣ оид ба рӯзгору осори шуарои қаблӣ ва муосирони тазкиранавис маълумот медиҳанд.

Такзираҳои хусусӣ зиндагинома ва осори адибони муосирро дарбар мегиранд. Аз рӯи принсипи эҷод низ тазкираҳо гуногун мешаванд: тазкираҳои алифбоӣ, таърихӣ, ҷуғрофӣ, мазҳабӣ ва ғайра.

Дар асри XV1, махсусан тазкираҳои «Нусхаи зебои Ҷаҳонгир», «Тазкират-уш-шуаро»-и Саидмуҳаммад Мутрибии Самарқандӣ, ки маҳсули ҳамин асранд, арзиши фаровони адабӣ-илмӣ дошта барои омӯзиши адабиёти тоҷик маълумоти зарурӣ медиҳанд. «Нусхаи зебои Ҷаҳонгир» эҳдо ба ҳокими Ҳиндустон – Шоҳ Ҷаҳонгир буда, соли 1625 таълиф шудааст. Шоир ба кишварҳои Балх, Файзобод, Кундуз, Кобул ва ғайра сафар намуда, маводи зарурӣ гирдоварӣ кардааст. Тазкираи «Нусхаи зебои Ҷаҳонгир» шарҳи ҳолу намунаҳои ашъори 292 нафар шоирони охири асри XVI ва оғози асри XII-ро фаро мегирад, ки онҳо дар қаламрави Мовароуннаҳру Хуросон, Эрон, Афғонистон ва Ҳиндустон зиндагӣ ва эҷод кардаанд.

Бо хоҳиши Ҷаҳонгир ба тазкираи мазкур зиндагинома ва намунаҳои ашъори 80 нафар адибон, ки Ҷаҳонгир худ ҷамъоварӣ намуда буд, дохил карда шудааст.

«Тазкират-уш-шуаро»-и Мутрибӣ соли 1606 таълиф шуда, ба ҳокими вақт – Валимуҳаммадхони Аштархонӣ бахшида шудааст.

Мутрибӣ дар эҷоди ин тазкираи худ аз «Маҷолис-ун-нафоис»-и Навоӣ ва «Музакир-ул-аҳбоб»-и Нисорӣ баҳра бардоштааст. Дар тазкираи мазкур оид ба 335 нафар адибон маълумот дода мешавад, ки онҳо муосирони тазкиранигоранд. Аз он ҷумла, дар бораи 17 нафар ҳокимон, ки онҳо аҳли қалам низ буданд, маълумот дода мешавад.

«Тазкират-уш-шуаро»-и Мутрибӣ барои омӯхтани ҳаёти адабӣ ва рӯзгори адибони нимаи дуюми асри XVI ва асри XVII аз беҳтарин сарчашмаҳои адабӣ аст. Зеро баъзе адибон танҳо дар ҳамин тазкира зикр шудаанд. Аз ҷумла: Фигорӣ, Нозимӣ, Орифӣ, Афзалӣ, Зардакӣ, Дӯстӣ ва дигарон. Аз тарафи дигар, тазкираи Мутрибӣ барои муайян намудани қазовати эҷоди бадеъ, пешрафти афкори адабӣ – эстетикии асримиёнагӣ, дарёфти асолати ҳунарии эҷодкорон ва ғайра низ аҳамияти воло дорад.

Мутрибӣ худ Самарқандӣ буда, солҳои таваллуду вафоташ номаълум аст. Аз тахаллуси ӯ пайдост, ки дар ҷодаи мусиқӣ, сарояндагию навозандагӣ соҳиби истеъдод будааст. Ӯ дар ибтидо оғози таҳсилро дар Самарқанд шурӯъ намуда, баъдтар ба Бухоро меравад. Дар ин маркази фарҳангӣ аз Хоҷа Ҳасани Нисорӣ илми шеъру шоирӣ меомӯзад. Намунаҳои ашъори Мутрибӣ дар «Тазкират-уш-шуаро»-и ӯ ҷой дода шудааст, ки аз ҳунари баланду санъати волои шоирии Мутрибӣ гувоҳӣ медиҳанд. Аз ин рӯ, мероси маҳфузмондаи адибро «Тазкират-уш- шуаро», «Нусхаи зебои Ҷаҳонгирӣ» ва ашъори мутафарриқаи лирикӣ ташкил намудаанд.

Дигар аз тазкираҳои ин аср «Музаккир-ул-аҳбоб»-и Баҳоваддин Ҳасан мутахаллис ба Нисорӣ мебошад. Нисорӣ тазкираи худро соли 1566 таълиф намуда, онро ба ҳокими вақт – Искандархони Шайбонӣ бахшидааст. Шумораи шоирон дар нусхаҳои гуногуни тазкираи Нисорӣ мухталиф қайд гардида, аз 220, 275 то 450 нафар зикр шудаанд. Албатта, ин худ аз борҳо таҳриру такмил шудани тазкираи Нисорӣ шаҳодат медиҳад. Муаллиф тазкираи худро давоми тазкираи Мир Алишери Навоӣ медонад. «Музаккир-ул-аҳбоб» аз нигоҳи сохту таркиб низ ҷолиб аст: яъне он дорои муқаддима, чаҳор боб ва хотима мебошад.

Дар таърихи афкори адабӣ тазкираи Нисорӣ яке аз асарҳои басо арзишманд ба шумор меравад. Пеш аз ҳама, ин асар барои омӯхтани таърихи адабиёти асри XVI сарчашмаи боэътимод ба шумор меравад. Ҳатто тавассути тазкираи мазкур бисёр адибони гумном ошкор мегарданд. Аз тарафи дигар, Музаккир-ул-аҳбоб» рӯзгору осори бисёр шуарои гузаштаву муосири Нисориро фаро мегирад. Инчунин, адибоне, ки ба «Тазкират-уш-шуаро»-и Давлатшоҳ ва «Маҷолис-ун-нафоис»-и Навоӣ дохил нашудаанд, Нисорӣ онҳоро дар асари худ ҷойгир намудааст.

Дигар аз хусусиятҳои тазкираи Нисорӣ боз дар он аст, ки Хоҷа Ҳасан дар асари худ оид ба авзои фарҳангии аср ва таҳаввули адабиёти давр ҳам маълумоти арзишманди илмӣ медиҳад.

Дигар аз тазкираҳои муҳим, ки таълифи он ба адабиёти ибтидои асри XVII рост меояд, «Тазкираи Нозими Табрезӣ» буда, соли 1627 таълиф шудааст. Ин тазкира аз ду боб (чаҳор фасл) иборат мебошад. Тазкираи Нозими Табрезӣ» оид ба рӯзгору осори адибони гузашта ва ҳам оид ба аҳли қалами замони худи муаллиф маълумот медиҳад. Сарфи назар аз баъзе норасоиҳо, тазкираи мазкур арзиши адабӣ эстетикӣ дошта, оид ба баъзе лаҳзаҳои зиндагиномаи шуаро ва хусусияти ашъори онҳо баҳс карда мешавад.

Тазкираи дигар, ки соли 1601 таълиф шудааст, «Тазкират-ут-таворих»- и Абдуллоҳи Кобулӣ буда, дар он оид ба рӯзгору осори 197 адиби гузаштаву муосири худи тазкиранигор маълумот дода шудааст. Аз шумораи мазкури шуаро 145 нафари онҳо адибони асрҳои 1Х-Х^ буда, 52 тан адибони охири асри XV ва аввалҳои асри XVI низ дар ин тазкира ҷой дода шудаанд, ки инҳоро метавон ҳамасрони муаллифи тазкира номид.

Тазкираи Абдуллоҳи Кобулӣ аз он ҷиҳат ҳам муҳим аст, ки тавассути он хонанда доир ба рӯзгору осори 35-нафар адиби асри Л VI маълумоти тоза пайдо карда метавонад, ки дар тазкираҳои дигар зикр нашудаанд.

Бо вуҷуди баъзе ахбори такрор, тазкираи Абдуллоҳи Кобулӣ дорои арзиши хеле волои адабӣ – эстетикӣ ва илмӣ мебошад.

Каме барвақттар аз тазкираҳои дар боло номбаришуда, чанд тазкираи дигар низ рӯи кор омадааст, ки барои омӯхтани рӯзгору осори эҷодкорони асримиёнагӣ маълумоти насбатан арзишманди илмӣ медиҳанд. Аз онҳо яке асари Абӯнаср Сомирзои Сафавӣ аст, ки бо номи «Тӯҳфаи Сомӣ» соли 1560 эҷод шудааст. Ин тазкира низ давоми «Маҷолис-ун-нафоис»-и Навоӣ буда, аз муқаддима, ҳафт боб ва хотима иборат аст. «Тӯҳфаи Сомӣ» пеш аз ҳама, аз он ҷиҳат муҳим аст, ки дар ин асар шарҳи ҳолу намунаҳои осори 713 тан қувваҳои адабӣ гирдоварӣ шудааст. Ин адибон дар охирҳои асри Л V ва ибтидои асри Л VI зиндагӣ ва эҷод кардаанд. Онҳо муқимони қаламрави Ироқи аҷам, Хуросону Мовароуннаҳр мебошанд.

Дар ин тазкира баёну рӯзгору ашъори беш аз 50 шоире, ки дар тазкираи Навоӣ низ омадаанд, бо маълумоти нодиру такмилу тасҳеҳ ва ташреҳ оварда шудаанд.

Тазкираи «Тӯҳфаи Сомӣ» аз нигоҳи илмӣ низ хеле арзишманд мебошад, зеро дар он ҳолати доираҳои адабӣ, равобити эҷодии ҳавзаҳои адабӣ, сабқати эҷодӣ ва ғайра хеле хуб баён шудааст.

Соммирзои Сафавӣ таълифкунандаи тазкираи «Тӯҳфаи Сомӣ» соли 1517 дар Табрез ба дунё омадааст. Падари ӯ шоҳ Исмоили Сафавӣ аст, ки солҳои 1502-1524 ҳукмронӣ кардааст. Сомирзо низ аз ин рӯ комилан илмҳои замонро аз худ карда, чанд муддат ҳокими Ҳирот ва Озарбойҷон ҳам будааст. Дар баробари сиёсатмадорӣ, ӯ эҷодкор низ будаасту аз мероси адабиаш дар ҳаҷми 6 ҳазор байт ғазалу рубоӣ, муфрадот ва ғайра ба ёдгор аст. Ӯ соҳиби тазкираи «Тӯҳфаи Сомӣ» мебошад, ки ин асари Сомирзо шӯҳрати ӯро асосан таъмин намудааст.

Асари дигаре, ки дар нимаи аввали асри XVI, дақиқан соли 1522 таълиф шудааст, «Тӯҳфат-ул-ҳабиб»-и Фахрии Ҳиравӣ мебошад. Ин тазкира, пеш аз ҳама, бо он хусусияти худ фарқ мекунад, ки дар он шоирони ғазалсаро ва асосан онҳое, ки ғазалҳои ҷавобия ба ашъори шоирони пешин гуфтаанд, гирдоварӣ гардидааст. Яъне муосирони Фахрӣ шоирони охири асри ЛУ ва аввали асри ЛУ1, ки ғазалҳои ҷавобия эҷод кардаанд, дар тазкираи мазкур фароҳам оварда шудаанд. «Тӯҳфат-ул-ҳабиб»-и Фахрии Ҳиравӣ дорои чаҳор маҷлис буда, оид ба рӯзгору осори 254 тан шоирон маълумоти зарурӣ медиҳад ва аз ашъори онҳо намунаҳо меорад.

Яке аз арзишмандтарин тазкираҳое, ки дар оғози садаи Л VII таълиф шудааст, «Музаккир-ул-асҳоб»-и Муҳаммадбадеъ Малеҳои Самарқандӣ мебошад. Ин тазкира солҳои 1688-92 таълиф шуда, шомили ду бахш: асосӣ ва мулҳақот аст. Дар қисми асосии он оид ба 165 тан шоирони асри Л^П, ки муосирони Малеҳоянд, маълумот дода шудааст. Дар бахши мулҳақот бошад, Малеҳо оид ба 37 нафар шоирони ҷавону навқалам, ки ба қисмати асосӣ дохил нашудаанд, маълумот медиҳад.

Маълумоти Малеҳо оид ба зиндагиномаи шоирон нисбатан мӯътамад аст, зеро ӯ бо ҳар як шоире, ки дар борааш иттилоъ медиҳад, вохӯрдааст. Аз тарафи дигар, ин тазкира тибқи алифбо тартиб дода шудааст ва аз ин рӯ, дар он шоҳу гадо баробар аст. «Музаккир-ул-асҳоб» аз ин ҷиҳат арзиши волои адабӣ дорад ва аз ҷиҳати дигар намунаи насри адабӣ – илмии садаи мазкур ҳам ба шумор меравад.

Ҷиҳати фарқкунандаи дигари тазкираи Малеҳо боз дар он аст, ки ба тариқи намуна овардан аз ашъори шуаро ӯ бо як ё ду байт иктифо накарда, то 60-70 байт зикр менамояд.

Умуман, тазкираҳо аз як тараф, маълумотномаи шарҳиҳолии пурарзиш оид ба зиндагиномаи адибон бидиҳанд, аз тарафи дигар, оид ба ҳусну қубҳи санъати сухан ва ҳунари эҷоди эҷодкорон, мақому мартабаи онҳо баҳс ба миён меоранд, ки ин ҷанбаҳои илмӣ – адабии доштани тазкираҳоро тасдиқ менамояд.

Аз ин рӯ, тазкираҳо яке аз сарчашмаҳои мӯътамаду арзишманд барои омӯхтани таърихи адабиёт низ мебошанд. 

Анвоъи шеър Дар адабиёти асри XVI ва асри XVII.

Анвоъи шеър дар адабиёти асрҳои мазкур асосан аз ғазал, қасида, мусаммат, қитъа, рубоӣ, манзумаву достон иборат мебошад. Яке аз навъҳои адабии маъмул ва машҳури давраи мазкур, жанри нисбатан ҷовидонаву устувор – ғазал ба шумор меравад.

Асри XVI аввалин асрест, ки таназзули феодализм оғоз шуд ва албатта, сохти феодализм барои нигоҳдории худ сахтҷониҳо мекард ва ин раводидҳои сохт, пеш аз ҳама, дар адабиёт жанрҳои мувофиқ меҷӯст. Аз ин ҷост, ки оҳангҳои сӯзу гудоз, изҳори исёнҳои қалбӣ, садоҳои пуршӯри дилҳо, аҳёнан кӯшишҳои эътирозиву норизоиҳо аз ноадолативу бераҳмиҳо ғолибан муқтазҳои табиати ғазал аст. Ин бардоштҳо мавзӯи созгори ғазал буда, барои рушди он заминаи мувофиқ омода месозад. Аз тарафи дигар, қонунмандии инкишофи жанри ғазал, албатта, дар заминаи анъана рӯида, ба таҳаввули он дар асрҳои пешина беробита нест. Ғазал дар таърихи адабиёт жанрест, ки асрҳои махсуси инкишофи худро (а.ХШ-Х1У) дорад. Ҳатто дар адабиёт ибораи асрҳои ғазалсароӣ қобили қабул гардидааст, ки шояд ифодагари талаботи замон ва табиати жанр бошад.

Бояд гуфт, ки дар инкишофи ғазали нимаи аввали асри XVI саҳми шоирони ғазалсарои аҳди мазкур – Абдурраҳмони Мушфиқӣ, Хоҷа Ҳасани Нисорӣ, Бадрӣ ва дигаронро метавон таъкид намуд. Баъзе аз ин шоирон масалан, Абдурраҳмони Мушфиқӣ ҳатто ду девони ғазал дорад, ки то андозае қонунияти таҳаввули жанри мазкурро дар ин давра фаро мегирад.

Бо назардошти мавзӯъ, мазмун ва мундариҷаю мӯҳтаво ғазали асри XVI асосан анъанавӣ бошад ҳам, дар ҷузъиёт тобишҳои фарқкунанда дорад. Шояд сӯзу фироқ, дарду доғ, нокомиву нобарорӣ, ранҷу азоб, шиканҷаву ҷабр ва ғайра дар ғазали асри XVI (хусусан дар нимаи аввал) хеле беҳтар мушоҳида карда шавад. Ин ҳолат хусусан дар симои маҳбуба ба назар мерасад, ки ӯ бемеҳр, бадқаҳр, бераҳм, номеҳрубон, ҷафокор, золим, мағрур, якрав, худписанд аст. Маҳбуба аз кардаҳои худ пушаймон намешавад ва бо вуҷуди ин ҳама, ошиқ пурсабру тоқат, бовафо, меҳрубон, ғамхор, устувор, тобовар, ҷафокаш мебошад.

Масалан, ҳасрати ошиқ дар байти зерин аз ғазали Ҳилолӣ:

Хоҳам, ки ба зери қадамат зор бимирам, Ҳарчанд кунӣ зинда, дигар бор бимирам. Ё худ дар ҷои дигар ҳамин шоир мегӯяд: Дарди ман ишқ асту дармонаш ба ғайр аз сабр нест, Чун кунам, к-аз дард мушкилтар бувад дармони ман.

Дар асоси ғазалиёти шуарои маъруфи асри XVI метавон ба натиҷае расид, ки дар унсурҳои шаклии ғазали ин аср тозакорӣ мушоҳида нашавад ҳам, дар мазмунсозӣ ва ҳунари шоирӣ тозаҷӯиҳо дида мешавад. Устод С.Айнӣ ғазали Мушфиқиро, ки бо матлаи:

Дар ғамаш дилро фигору хаста мегӯем мо, Аҳли дардем, ин сухан дониста мегӯем мо.

оғоз мешавад, мисол оварда менависад: «Ғазале, ки сар то ба пояш мисли ин ғазал хуб, латиф, равон афтад, кам аст».

Дар ғазали ин аср ишқ бо масъалаҳои дигари иҷтимоӣ сахт омезиш ёфтааст. Ҳолати ошиқ басо ногувор ва тоқатфарсо аст, вале маҳбуба бепарвою бераҳмиро пеша кардааст. Чунончи:

Хуни дил мегиряму ашки ҷигархун мехӯрам,

Пеш аз ин май мекашидам, ин замон хун мехӯрам.

Ҳамчу нақши панҷае савсан дамад аз хоки ман, Баски силии ҷафо аз дасти гардун мехӯрам. Ваҳ, ки дар аҳди ҷавонӣ пир гаштам, Мушфиқӣ,

Чун нагардам пир аз ин ғамҳо, ки акнун мехӯрам.

Ҳунари шоирони ғазалсарои садаи мазкур дар ҷилои сухан, рангорангии ифода, маънои баланд, ҷавлони андеша, коргирӣ аз санъатҳои шеърӣ, мазмунсозӣ, хаёлбофӣ ва ғайра аст, ки ин ҳамаро дар маҷмӯъ ҳунари эҷод меноманд.

Қасида. Дигар аз навъҳои маъмули адабии асри Л>У1 қасида ба шумор меравад, ки дар ин навъи шеър мо ҳунари суханварии шоиронро бештар пай мебарем. Мушфиқӣ худ дар як қасидааш мефармояд, ки ӯ бо назардошти мамдӯҳ ҳунари эҷодиро ба харҷ медиҳад:

Шеъри ман гар зиннате дорад зи юмни мадҳи туст, Хона орояд, бале, ҳар кас ба қадри меҳмон.

Дар ин аср аз навъҳои қасида бештар қасидаҳои мадҳӣ, ҳаҷвӣ, ҳасбиҳолӣ, шиквоӣ, баҳория ва ғайра ба назар мерасад. Қасоиди фалсафӣ, орифона дар ин аср манзур намегардад. Аммо андешаҳои фалсафӣ ва орифона вуҷуд доранд.

Хусусияти дигари қасоиди ин давра аз он иборат аст, ки қасидаҳои мадҳӣ комилан арзиши таърихӣ доранд, зеро амалу фаъолиятҳои сиёсии мамдӯҳон асос ё худ ҷанбаи ситоиши онҳоро ташкил медиҳанд. Хонанда шахсияти мамдӯҳ ва шуғли пайвастагии ӯ, таваҷҷӯҳи мадҳшаванда нисбат ба аҳли илму фазл, аҳли заҳмату фуқаро ва ғайраро дониста мегирад.

Чунончи, матлаи як қасидаи мадҳии Мушфиқӣ далели қазовати мазкур аст:

Биҳамдуллаҳ, ки олам эмин аст, аз фитнаи даврон, Ба даври адли Абдуллоҳхон ибни Сикандархон.

Авзои таърихӣ дар чунин қасидаҳо хеле хуб байн карда мешавад:

То кай нидои ҳодиса даври замон диҳад,

Кас нест дар ҷаҳон, ки қарори ҷаҳон диҳад.

ва ғайра.

Қитъа. Яке аз навъҳои куҳанбунёду қадима дар таърихи адабиёти тоҷик аст. Ин навъи шеърест, ки бештар панду ардарз, мавъизату насиҳат, санаҳои таърихӣ, ҳаводису воқеоти муҳими рӯзгори шахсиятҳо, симоҳои сиёсӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва адабиро фаро мегирад. Аз тарафи дигар, он ҳаҷву накӯҳиш, мазаммату танқид ва муносибати адибро бо замон ва абнои он муайян менамояд. Аз ин рӯ, ин яке аз жанрҳои ба ҳаёти ҷомеа хеле наздик низ ҳаст.

Қитъаҳои тамсилӣ, ки моҳияти андарзӣ доранд, дар ин давра хеде зиёд ба мушоҳида мерасанд.

Чунончи, қитъаи «Суроҳӣ ва шамъ»-и Мушфиқӣ беҳтарин намунаи онҳост:

Шабе бо суроҳӣ ҳамегуфт шамъ

Ки: Эй мояи маҳфилорои дӯст.

Туро бо чунин қадр пеши қадаҳ

Суҷуде паёпай бигӯ аз чӣ руст?

Суроҳӣ ба ӯ гуфт, нашнидаӣ, Тавозӯъ зи гарданфарозон накӯст.

Мусаммат. Аз навъҳои хеле маъмули адабист, ки ҳанӯз дар асри Х, дар ашъори устод Рӯдакӣ бандҳои монанд ба мусаммати мураббаъ дучор мешавад. Ва дар асри ЛЛ комилтарин намунаҳои онро Манучеҳрии Домғонӣ эҷод кардааст. Дар лирикаи асри Л VI шеъри тасмит дар шакли мусаллас дучор мешавад, ки намунаи барҷастаи онро Мушфиқӣ эҷод кардааст. Чунончи, бандеро аз он ҳамчун намуна зикр хоҳем намуд:

Рӯзе, ки ба савдои ту афсона шудам,

Бар шамъи таманнои ту парвона шудам.

Афтод нигоҳе зи иноят ба манат:

Аз хеш ба ғамҳои ту бегона шудам,

Чашми ту дилам рабуду девона шудам.

Аз хандаи пинҳониву мункир шуданат.

Мусаммати мазкури Манучеҳрӣ дорои 14 банд буда, мавзӯи марказии он ишқ буда, ҷамоли маҳбуба бо кулли ҷузъиёт тавассути ташбеҳшавандаву ташбеҳшуда ба намоиш гузошта мешавад.

Шоир маҳбубаро тарҷеҳ медиҳад ва аз ин рӯ, ташбеҳшудаи мувофиқ пайдо карда наметавонад. Шакли шеърии мазкур аз нигоҳи мазмуну мӯҳтаво хамрӣ, ишқӣ, мавъизатӣ, васфӣ ва ғайра мешавад.

Рубоӣ. Рубоӣ дар адабиёти асри ЛУ1 пас аз ғазалу қасида аз маъмултарин анвои адабии ғиноӣ ба шумор меравад.

Аз ахбори сарчашмаҳо маълум мешавад, ки баъзе шоирони асри Л VI асосан, рубоисаро будаанд. Масалан, ҳатто маҳз барои рӯ овардан ба ин жанр Шайхи Рубоӣ барин эҷодкорон лақаби худро аз жанри мазкур гирифта будаанд. Ба ҳамин тариқ, шоирони дар ин жанр устод мисли Вазеҳии Ахсекатӣ, Ҳаким Рукнои Кошӣ, Азизи Самарқандӣ ва дигарон асосан рубоӣ сароидаанд. Ҳатто дар нимаи аввали асри Л^1 таълифи рубоиёти шаҳрошӯб басо ривоҷ кард, ки сарчашмаҳо то 160 рубоии шаҳрошӯбро қайд кардаанд. Албатта, инкишофи рубоӣ ба тақозои мавзӯии он вобастагӣ дорад, зеро он метавонад мавзӯъҳои ирфонӣ, динӣ, фалсафӣ, ишқӣ, мавъизатӣ, шиквоӣ, сиёсӣ, ҳаҷвӣ, хамрӣ, мадҳӣ, васфӣ ва ғайраро дарбар гирад. 

Манзума ва достон.

Манзума лафзи арабӣ буда, ба маънии назмшуда, ба назм даровардашуда гуфтан аст. Дар истилоҳи адабӣ шакли махсус, ки дорои хусусиятҳои ҷудогонаи жанрӣ бошад, нест. Гоҳо достонҳои лирикии ҳаҷман хеле хурдро манзума гуфтаанд.

Достон бошад дар эҷоди бадеъ ба чанд маънӣ кор фармуда мешавад. Достон ба маънии машҳур шудан, паҳн гардидан, достон яке аз лақабҳои Рустам низ ҳаст. Достон ба маънии макр, наёрангу фиреб низ меояд:

Бад-ӯ гуфт: Марди шабистон наям, Маҷӯям, ки бо банду дастон наям.

Дар истилоҳи адабӣ достон асари калонҳаҷми бадеии манзуму мансурро меноманд, ки дар он ҳаводиси муҳиму барҷаста тасвир гардида, сужети муайян дорад.

Баъд аз Инқилоби октябр дар адабиёти тоҷик истилоҳоти адабии повест, роман, балада, поэма ворид шуда, мафҳуми достонро хеле маҳдуд намуд. Достон ҳамчун ифодагари поэмаи юнонӣ боқӣ монд. Махсусан, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ намунаи комили достони асримиёнагии форс-тоҷик аст. Ҳаводису воқеот, доираи фаъолияти қаҳрамонон, сужети пайваста ва муттасил инкишофёбанда тасвир ва нигошта мешаванд, ки ин ҳама боиси зуҳури образҳои мукаммали бадеӣ мешаванд.

Ба ҳамин тариқ, достон сужети мукаммалу муфассал ва тӯлониву пайвастаро талаб менамояд. Достон тӯли асрҳои зиёд суфтаву аниқу дақиқ шудааст. Ин аст, ки достонҳои ишқии романтикӣ, лирикии эпикӣ, ахлоқию фалсафӣ, сӯфиёнаву орифона, моҷароҷӯёна ва ғайра таълиф шудаанд. Дар достонҳои қаҳрамонӣ нақлу ривоят ва дар достонҳои ишқии романтикӣ муколама (диалог) мавқеи марказӣ дорад. Аз ҷумла, «Варқа ва Гулшоҳ»-и Айюқӣ, «Вис ва Роман»-и Фахруддини Гургонӣ ва ғайра намунаҳои чунин достонҳоянд.

Намунаҳои барҷастаи достонҳои ахлоқӣ дар асри Х ба вуҷуд омада бошанд ҳам, дар асрҳои Л1-ЛШ машҳуртарин достонҳои сӯйиёнаву орифона таълиф шудаанд, ки чун намуна асари нахустини ирфонӣ «Ҳадиқат-ул-ҳақиқат»-и Саноӣ (а.Х1), «Мантиқ-ут-тайр»-и Аттор (а.Х11), «Маснавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ ва ғайраро метавон зикр намуд.

Равияи дигари достонсароиро, ки аз «Вис ва Ромин»-и Фахруддини Гургонӣ оғоз мешавад, Низомӣ таккони ҷиддие дод ва доир ба баъзе асарҳои он аз он ҷумла «Лайлӣ ва Маҷнун» то 147 ҷавобия ба вуҷуд омад. Яке аз сабабҳои машҳур гардонидани жанри мазкур дар адабиёти форс-тоҷик он аст, ки достон дар ин адабиёт таърихи басо тӯлонӣ дошта, заминаҳои миллии он ба ёдгориҳои адабиёти тоисломӣ, адабиёти паҳлавӣ ва аз он пештар ҳам рафта мерасад. Намунаи барҷастаи достонҳои аҳди паҳлавӣ достони «Дарахти ассурик ва буз» мебошад.

Дар сурудани шаклҳои гуногуни достон, асосан дар таърихи адабиёти асрҳои миёна, хидмати Фирдавсӣ, Рӯдакӣ, Саноӣ, Носири Хусрав, Аттор, Ҷалолуддини Балхӣ, Низомӣ, Хусрав, Хоҷу, Саъдӣ, Ҷомӣ, Ҳилолӣ, Мушфиқӣ, Шоҳин ва дигарон шоистаи таҳсин аст.

Дар адабиёти асри XVI, ки аввалин асри инқирози сохти феодалӣ мебошад, дар адабиёт низ ин гардиши таърихӣ – сиёсӣ бетаъсир нест.

Агар мо танҳо ба таҳаввули жанри достон дар адабиётти садаи мазкур назар андозем, мебинем, ки дар ин давра достон хеле пеш рафтааст.

Дар жанри эпикии адабиёти асри XVI бештар анъанаҳои достонсароии Низомии Ганҷавӣ (достонҳои «Хамса»), Шамсуддини Муҳаммад ибни Аҳмади Табрезӣ, ки дар асри XVI достон «Меҳр ва Муштарӣ» ё худ «Ишқнома» навиштааст, ё ин ки Ҷомӣ (достонҳои «Ҳафт авранг») бештар ба мушоҳида мерасанд. Дар асри XVI достонҳои ишқии «Лайлӣ ва Маҷнун» (Ҳилолӣ, Мавҷӣ Қосимхони Бадахшони), «Юсуф ва Зулайхо» (Мавҷӣ Қосимхони Бадахшонӣ, Амир Пӯлодхоҷа ибни Девонхоҷаи Бадрӣ), «Шоҳу Дарвеш» (Ҳилолӣ), «Гулзори ирам» (Мушфиқӣ) рӯи кор омадаанд, ки ҳар кадом дар таърихи адабиёти давр мақоми махсус доранд.

Инчунин, дар ҳамин давра чандин достонҳои таърихӣ таълиф шудаанд. Аз ҷумлаи он достонҳои таърихӣ «Зафарнома» (Амир Пӯлодхоҷаи Бадрӣ), «Ҷаҳонннамо» (Мушфиқӣ) мебошанд. Аз тарафи дигар, таҳти таъсири осори ирфонӣ, инчунин «Хамса»-ҳои Низомию Хусрави Деҳлавӣ, махсусан, шоҳасарҳои манзуму мансури ахлоқии адабиёти тоҷик, китобҳои «Бӯстон»-у «Гулистон» (Саъдии Шерозӣ), асари адабӣ-ахлоқӣ ва фалсафии «Сифот-ул-ошиқин» (Ҳилолӣ) ба арсаи эҷоди бадеъ омадааст, ки хеле арзишманд ва муҳим мебошад.

Дар баробари достонҳои ишқӣ, ахлоқӣ, фалсафӣ, тасаффуфӣ ва ғайра, инчунин, достонҳои адабӣ – таърихӣ низ дар ин давра таълиф шудаанд, ки оид ба авзои сиёсӣ – таърихии замон, фаъолияти зимомдорони вақт, рӯҳия ва аҳволи халқ, табақаҳои иҷтимоии ҷамъият маводи фаровон медиҳанд. Аз ин нуқтаи назар, ду достони таърихӣ дар асри ЛУ1 рӯ кор омадааст, ки ҷавобгӯи қазовати дар боло зикргардида мебошанд. Ин достонҳо яке таҳти унвони «Зафарнома» аз Амир Пӯлодхоҷа ибни Девонхоҷаи Бадрӣ ва дигаре «Ҷаҳоннамо»-и Абдурраҳмони Мушфиқӣ мебошанд. Бояд гуфт, ки ҳар ду асар ҳам ба лашкаркашиҳои Абдуллоҳхони Шайбонӣ бахшида шуда, ҳаводису воқеоти сиёсӣ – таърихии нимаи дуюми асри ЛУ1-ро дарбар мегиранд. Ҳар ду асар ҳам дар шакли маснавӣ ва дар баҳри Мутақориби мусаммани маҳзуф ё мақсур иншо шудаанд.

Аз сӯи дигар, то андозае ин достонҳо суннати эҷоди осори ҳамосиро низ таҳким бахшидаанд.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Сабабҳои барҳамхурии империяи Темуриёнро шарҳ диҳед.
  2. Империяи Темуриёнро кадом сулола расман аз миён бурд?
  3. Сабаби ба зудӣ шикаст хурдани ҳукумати Шайбонихон аз чӣ иборат буд?
  4. Омилҳои тезутундшавии муносибатҳои мазҳабии замони сафавиҳо дар чист?
  5. Марказ ва ҳавзаҳои адабии асрҳои ЛУ1 ва ЛУ11-ро номбар кунед.
  6. Кадом адибони доираҳои адабии Мовароуннаҳру Хуросонро медонед?
  7. Хусусиятҳои ҳаёти адабӣ ва фарҳангӣ дар қаламрави Эрону Ҳинд аз чӣ иборат аст?
  8. Тазкира чӣ гуна асар аст?
  9. Кадом тазкираҳо ва тазкиранигорони ин асрҳоро медонед?
  10. Доир ба «Тазкират-уш-шуаро»-и Мутрибӣ маълумот диҳед.
  11. Арзиши илмӣ – адабии «Музаккир-ул-аҳбоб»-и Нисориро баён кунед.
  12. Доир ба тазкираҳо ва тазкиранигорони ин давраҳо маълумот диҳед.
  13. Дар адабиёти ин асрҳо кадом навъҳои шеър маъмул буданд?
  14. Муҳимтарин хусусиятҳои ғазали асри Л У1-ро шарҳ диҳед.
  15. Дар ин асрҳо бештар кадом навъи қасида инкишоф ёфтааст?
  16. Муқаттаоти шоирони ин асрҳо бештар кадом мавзӯъҳоро дарбар мегиранд?
  17. Дар бораи мусаммат ва хусусиятҳои жанрии он чӣ медонед?
  18. Мавқеи рубоӣ дар адабиёти асрҳои ЛУ1 – ЛУ11 чӣ гуна аст?
  19. Доир ба достонсароёни машҳури асрҳои ЛУ1 – ЛУ11 маълумот диҳад.
  20. Тафовути достону манзумаро гӯед.
  21. Кадом омилҳо сабаби ривоҷ ёфтани достон ва достонсароӣ гардидааст?

 

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …