Главная / Маданият ва санъат / АДАБИЁТИ ТОЧИК ДАР НИМАИ ДУЮМИ АСРИ XVI ВА АСРИ XVII

АДАБИЁТИ ТОЧИК ДАР НИМАИ ДУЮМИ АСРИ XVI ВА АСРИ XVII

Дар таърихи халкхои Мовароуннахру Хуросон асри XVI аввалин асрест, ки таназзули феодализм дар каламрави мазкур шиддат мегирад. Заминахои ин таназзул нисбатан барвакттар огоз гардида буд. Зуро пас аз вафоти Темур (1336-1404) меросхорони у барои сохиб шудан ба тахт сар бардошта, оромии мамлакатро халалдор мекарданд. Баъдтар империяи Темуриёнро туркхои бадиянишин бо сарварии Мухаммади Шайбони бархам доданд. Мухаммад Шайбонихон соли 1500 Самарканди бостониро тасарруф намуд. Тули 5 сол, яъне то соли 1505 у тамоми каламрави Мовароуннахрро тахти назорати худ гирифт. Чангу низоъхои пайдарпай, тохту тозхои мунтазам, мансабхохиву чохталабихо каламрави Хуросону Мовароуннахрро басо харобу заъиф намуда буд. Хочагии халк паст мерафт, зеро низоъхои каламрави, кашмакашихои дохили низоми инкишофи чамъиятро вайрон менамуд. Табакахои мехнатии ахоли бештар ва хамачониба зарар медиданд.

miniat2-2

Охирин намояндаи Темурихо – Султон Хусайн Байкаро соли 1506 вафот намуд. Ду писари Султон Хусайн хангоми хамлаи Шайбонихон шахри Хиротро химоя карда натавонистанд. Дар натича, Шайбонихон соли 1507 Хуросонро низ забт намуд ва хокими Мовароуннахру Хуросон гардид.

Соли 1510 нооромии гушношуниди дигар рух дод. Шох Исмоили Сафави Хиротро тасарруф намуда, то интихои садаи Л>У1 низоъхои сиёси ва мазхаби нихоят тезутунд боки менонанд.

Соли 1513 Исмоили Сафави ба Мовароуннахр хамла мекунад, вале чандон муваффак намешавад. Танхо пас аз вафоти Шайбонихон то соли 1598 (наздик ба 90-сол) чонишинхои у давлатдори карда бошанд хам, комилан комёб нашуданд.

Хони бообру – хокими Бухоро – Убайдуллоххони Шайбони бахри озодии Хуросон аз Сафавихо шаш дафъа лашкар кашида бошад хам, бенатича анчомид. Танхо дар замони Абдуллоххон (1557-1598) ба у муяссар кардид, ки як андоза муттахидии хонхои узбекро таъмин кунад. Зеро хам Хуросон ва хам Хоразм ба давлати хони муттахид карда шуданд. Вале пас аз вафоти Абдуллоххон куввахои марказгурез аз нав сар бадоштанд ва хукумати Шайбонихо ба хамин восита аз арсаи таърих рафт.

Яке аз ходисахои нихоят дахшатбори аср низоъхои мазхаби ба шумор меравад. Дар каламрави Мовароуннахру Хуросон баробари зада даромадани Шох Исмоили Сафави муборизахои тезутунде миёни шиахо ва сунниён сар зад. Хаводиси мазкур аз он сабаб хам буд, ки Исмоили Сафави худро вориси мазхаби шиа эълон намуда, бахри ривочи он дар байни мардум тавассути катлу горат ниятхои дигари худро низ амали менамуд. Дар асл хадафи ин сиёсатмадор васеъ намудани худуди давлат ва сарзамини худ аз хисоби мамолики ободон ва ба даст даровардани боигариву сарват буд. Ин низоъхои мазхаби амалан то охирхои асри Л>У1 идома карда, боиси харобихои гушношуниди халкхои Мовароуннахру Хуросон гардида буд. Хатто, ду тан суханварони машхури ин давра Мавлоно Бадриддин Хилоли ва Камолуддини Бинои курбони ана хамин гуна низоъхои мазхаби шудаанд. Аз тарафи дигар, яке аз сабабхои чудоии Мовароуннахру Эрон ана хамин мочарохои сиёсию мазхуби гардида буд.

Ташкили Давлати Темуриёни Хинд

Темуриёни Хинд ва ё ин сулола дар сарчашмахо бо номи Бобуриён низ ёд мешавад, аз ибтидои асри Л>У1 то огози асри Л1Л дар Хиндустон хукмрони кардаанд. Аниктараш тули солхои 1526-1858 сулолаи мазкур дар каламрави Хинд хукумат кардааст. Асосгузори хукумати Темуриёни Хинд намояндаи хамин сулола – Захируддин Бобур мебошад. Онхоро инчунин мугулхои бузург низ меноманд. Ин сулола дар охирхои салтанати Аврангзеб пароканда гардида бошад хам, амалан то истилои Англия (с.1857) вучуд дошт. Силсилаи мазкур аз Бобур (1526-30) огоз гардида, Хумоюн (1530-39; 1555-56), Акбар (1556-1605), Чахонгир (1605- 27), Шохичахон (1627-58), Аврангзеб (1658-1707), Баходуршох (1707- 1712), Чахонгиршох (1712-13), Фаррух Сияр (1713-19), Мухаммадшох (1719-48), Ахмадшох (1748-54), Оламгири 11(1754-59), Шохолами II (1806- 37) идома намудааст ва охирин намояндаи сулолаи мазкур Баходуршохи II солхои 1839-1858 хукмрони кардааст.

б)  Авзои фарханги ва адаби

Хавзахо ё марказхои адаби. Одамон дар хама холат руи ниёз ба илм, фарханг ва адаб овардаанд. Дар асри XVI, сарфи назар аз нооромихои сиёси, дар каламрави Осиёи Миёна, Эрон, Хиндустон марказхои илми, фарханги ва адаби фаъолият кардаанд, ки дар рушди чомеъаву фарханг накши мухим гузоштаанд. Дар Осиёи Миёна – Самарканд, Бухоро, Балх, Бадахшон; дар сарзамини Эрон – Исфахону Машхад, Шероз, Табрез; дар мулки Хинд – Дехли, Мултон, Лохур, Панчоб, Кашмир, Сархинд. Хар кадоме аз ин доирахои фархангию адаби дар пешрафти сохахои мазкур накши сазовор гузоштаанд. Масалан, дар Осиёи Миёна: Мушфики, Нисори, Мутриби, Шавкати Бухорои Самаркандхочаи Тирмизи, Мулхами Бухорои, Фитрати Зодруз, Сайидо ва дигарон; дар Эрон: Соиби Табрези, Камини Кошони, Саймирзои Сафави, Мирзо Мухаммадтохири Насрободи ва дигарон; дар Хиндустон: Файзии Декани, Бедили Дехлави ва гайра.

Бояд гуфт, ки авзои фархангу адабиёт дар нимаи аввали асри ЛУ! нисбат ба нимаи дуюм хеле фарккунанда аст. Хамлаи Шох Исмоили Сафави соли 1512 ба Хуросон, боиси парокандагии куввахои илмию адаби гардид. Бештар куввахои адаби ру ба Мовароуннахр оварданд. Восифи дар «Бадоеъ-ул-вакоеъ» хабар медихад, ки: «Дар он вакт (с.1512) кариб понсад кас аз вилояти Хуросон азимати мулки Мовароуннахр карданд».

Дар ин сарзамин илмхои таърих, фалсафа, риёзиёт, хандаса, забону адабиёт, мантик, мусики хеле пеш рафтааст. Масалан, Мухаммадсолехи Карминаги дар илми мантик, Мавлоно Кавкабии Бухорои дар нучуму мусики, Исматуллохи Самарканди дар сарфу нахв, Хоча Калони Самарканди дар хакмату риёзиёт аз чумлаи саромадони асри худ буданд.

Илми мусики яке аз дастовардхои халки точик дар асри Л VI буда, дар се шахр: Хирот, Самарканд ва Бухоро хеле пеш рафтааст. Дар ин бора Хофизи Таниш («Шарафномаи шохи»), Дарвешалии Чанги («Тухфат-ус- сурур»), Саид Шарифи Самарканди («Таърихи касира») аз симохои машхури аср: Бобочони Хофиз, Дустмухаммади Уди, Мухаммадалии Нои, Ахмади Хофиз, Ибни Чанги ва дигарон ёд кардаанд.

Таърихнависи низ хеле пеш рафтаву асархои гаронарзише ба майдон омадаанд. Аз чумла «Равзат-ус-сафо»-и Мирхонд, Хабиб-ус-сияр»-и Хондамир, «Шайбонинома» ва «Футухоти хони»-и Бинои» «Мунтахаб- ут-таворих»-и Хофизи Убахи, «Шарафномаи шохи» ё «Абдуллохнома»-и Хофизи Таниш ва гайра махсули хамин асранд.

Тазкира ва такзиранависон.

Асри XV ба болоравии шеър ва зиёд гардидани куввахои эчоди характернок аст. Дар ибтидои асри Л V доираи адабии Хирот кариб ки мукоисанашаванда мебошад. Баъдтар Бухоро хамчун маркази адабиёту куввахои адаби нуфуз пайдо намуд. Хатто хокими вакт Амир Убайдуллоххон дар баробари сиёсатмадори шоир хам буд. У бо тахаллуси «Убайди», хатто ба забонхои точики ва убеки шеър хам мегуфт.

Яке аз комёбихои бузурги ин аср таълифи чанд тазкира ба шумор меравад, ки дар онхо хам маълумоти шархихолии адибон, номгуи осор, хусусиятхои ашъор, тобишхои хунарию эчоди ва макоми он адибон дар замони худ ва умуман дар таърихи адабиёт бахсхо сурат мегирифтаанд.

Тазкира худ лафзи араби буда, зикру ёдовари кардан, ба хотир овардан мебошад. Дар истилох асарест, ки дар он шархи хол, намунахои осор, хусусиятхои эчоди, тобишхои хунарии эчодкорон зикр карда мешавад. Аз ин ру, тазкира як навъи баёни афкори адаби-эстетики низ хаст. Аз ин хотир, тазкирахо умуми ва хусуси мешаванд.

Тазкирахои умуми оид ба рузгору осори шуарои кабли ва муосирони тазкиранавис маълумот медиханд.

Такзирахои хусуси зиндагинома ва осори адибони муосирро дарбар мегиранд. Аз руи принсипи эчод низ тазкирахо гуногун мешаванд: тазкирахои алифбои, таърихи, чугрофи, мазхаби ва гайра.

Дар асри XV1, махсусан тазкирахои «Нусхаи зебои Чахонгир», «Тазкират-уш-шуаро»-и Саидмухаммад Мутрибии Самарканди, ки махсули хамин асранд, арзиши фаровони адаби-илми дошта барои омузиши адабиёти точик маълумоти зарури медиханд. «Нусхаи зебои Чахонгир» эхдо ба хокими Хиндустон – Шох Чахонгир буда, соли 1625 таълиф шудааст. Шоир ба кишвархои Балх, Файзобод, Кундуз, Кобул ва гайра сафар намуда, маводи зарури гирдовари кардааст. Тазкираи «Нусхаи зебои Чахонгир» шархи холу намунахои ашъори 292 нафар шоирони охири асри XVI ва огози асри XII-ро фаро мегирад, ки онхо дар каламрави Мовароуннахру Хуросон, Эрон, Афгонистон ва Хиндустон зиндаги ва эчод кардаанд.

Бо хохиши Чахонгир ба тазкираи мазкур зиндагинома ва намунахои ашъори 80 нафар адибон, ки Чахонгир худ чамъовари намуда буд, дохил карда шудааст.

«Тазкират-уш-шуаро»-и Мутриби соли 1606 таълиф шуда, ба хокими вакт – Валимухаммадхони Аштархони бахшида шудааст.

Мутриби дар эчоди ин тазкираи худ аз «Мачолис-ун-нафоис»-и Навои ва «Музакир-ул-ахбоб»-и Нисори бахра бардоштааст. Дар тазкираи мазкур оид ба 335 нафар адибон маълумот дода мешавад, ки онхо муосирони тазкиранигоранд. Аз он чумла, дар бораи 17 нафар хокимон, ки онхо ахли калам низ буданд, маълумот дода мешавад.

«Тазкират-уш-шуаро»-и Мутриби барои омухтани хаёти адаби ва рузгори адибони нимаи дуюми асри XVI ва асри XVII аз бехтарин сарчашмахои адаби аст. Зеро баъзе адибон танхо дар хамин тазкира зикр шудаанд. Аз чумла: Фигори, Нозими, Орифи, Афзали, Зардаки, Дусти ва дигарон. Аз тарафи дигар, тазкираи Мутриби барои муайян намудани казовати эчоди бадеъ, пешрафти афкори адаби – эстетикии асримиёнаги, дарёфти асолати хунарии эчодкорон ва гайра низ ахамияти воло дорад.

Мутриби худ Самарканди буда, солхои таваллуду вафоташ номаълум аст. Аз тахаллуси у пайдост, ки дар чодаи мусики, сарояндагию навозандаги сохиби истеъдод будааст. У дар ибтидо огози тахсилро дар Самарканд шуруъ намуда, баъдтар ба Бухоро меравад. Дар ин маркази фарханги аз Хоча Хасани Нисори илми шеъру шоири меомузад. Намунахои ашъори Мутриби дар «Тазкират-уш-шуаро»-и у чой дода шудааст, ки аз хунари баланду санъати волои шоирии Мутриби гувохи медиханд. Аз ин ру, мероси махфузмондаи адибро «Тазкират-уш- шуаро», «Нусхаи зебои Чахонгири» ва ашъори мутафаррикаи лирики ташкил намудаанд.

Дигар аз тазкирахои ин аср «Музаккир-ул-ахбоб»-и Баховаддин Хасан мутахаллис ба Нисори мебошад. Нисори тазкираи худро соли 1566 таълиф намуда, онро ба хокими вакт – Искандархони Шайбони бахшидааст. Шумораи шоирон дар нусхахои гуногуни тазкираи Нисори мухталиф кайд гардида, аз 220, 275 то 450 нафар зикр шудаанд. Албатта, ин худ аз борхо тахриру такмил шудани тазкираи Нисори шаходат медихад. Муаллиф тазкираи худро давоми тазкираи Мир Алишери Навои медонад. «Музаккир-ул-ахбоб» аз нигохи сохту таркиб низ чолиб аст: яъне он дорои мукаддима, чахор боб ва хотима мебошад.

Дар таърихи афкори адаби тазкираи Нисори яке аз асархои басо арзишманд ба шумор меравад. Пеш аз хама, ин асар барои омухтани таърихи адабиёти асри XVI сарчашмаи боэътимод ба шумор меравад. Хатто тавассути тазкираи мазкур бисёр адибони гумном ошкор мегарданд. Аз тарафи дигар, Музаккир-ул-ахбоб» рузгору осори бисёр шуарои гузаштаву муосири Нисориро фаро мегирад. Инчунин, адибоне, ки ба «Тазкират-уш-шуаро»-и Давлатшох ва «Мачолис-ун-нафоис»-и Навои дохил нашудаанд, Нисори онхоро дар асари худ чойгир намудааст.

Дигар аз хусусиятхои тазкираи Нисори боз дар он аст, ки Хоча Хасан дар асари худ оид ба авзои фархангии аср ва тахаввули адабиёти давр хам маълумоти арзишманди илми медихад.

Дигар аз тазкирахои мухим, ки таълифи он ба адабиёти ибтидои асри XVII рост меояд, «Тазкираи Нозими Табрези» буда, соли 1627 таълиф шудааст. Ин тазкира аз ду боб (чахор фасл) иборат мебошад. Тазкираи Нозими Табрези» оид ба рузгору осори адибони гузашта ва хам оид ба ахли калами замони худи муаллиф маълумот медихад. Сарфи назар аз баъзе норасоихо, тазкираи мазкур арзиши адаби эстетики дошта, оид ба баъзе лахзахои зиндагиномаи шуаро ва хусусияти ашъори онхо бахс карда мешавад.

Тазкираи дигар, ки соли 1601 таълиф шудааст, «Тазкират-ут-таворих»- и Абдуллохи Кобули буда, дар он оид ба рузгору осори 197 адиби гузаштаву муосири худи тазкиранигор маълумот дода шудааст. Аз шумораи мазкури шуаро 145 нафари онхо адибони асрхои 1Х-Х^ буда, 52 тан адибони охири асри XV ва аввалхои асри XVI низ дар ин тазкира чой дода шудаанд, ки инхоро метавон хамасрони муаллифи тазкира номид.

Тазкираи Абдуллохи Кобули аз он чихат хам мухим аст, ки тавассути он хонанда доир ба рузгору осори 35-нафар адиби асри Л VI маълумоти тоза пайдо карда метавонад, ки дар тазкирахои дигар зикр нашудаанд.

Бо вучуди баъзе ахбори такрор, тазкираи Абдуллохи Кобули дорои арзиши хеле волои адаби – эстетики ва илми мебошад.

Каме барвакттар аз тазкирахои дар боло номбаришуда, чанд тазкираи дигар низ руи кор омадааст, ки барои омухтани рузгору осори эчодкорони асримиёнаги маълумоти насбатан арзишманди илми медиханд. Аз онхо яке асари Абунаср Сомирзои Сафави аст, ки бо номи «Тухфаи Соми» соли 1560 эчод шудааст. Ин тазкира низ давоми «Мачолис-ун-нафоис»-и Навои буда, аз мукаддима, хафт боб ва хотима иборат аст. «Тухфаи Соми» пеш аз хама, аз он чихат мухим аст, ки дар ин асар шархи холу намунахои осори 713 тан куввахои адаби гирдовари шудааст. Ин адибон дар охирхои асри Л V ва ибтидои асри Л VI зиндаги ва эчод кардаанд. Онхо мукимони каламрави Ироки ачам, Хуросону Мовароуннахр мебошанд.

Дар ин тазкира баёну рузгору ашъори беш аз 50 шоире, ки дар тазкираи Навои низ омадаанд, бо маълумоти нодиру такмилу тасхех ва ташрех оварда шудаанд.

Тазкираи «Тухфаи Соми» аз нигохи илми низ хеле арзишманд мебошад, зеро дар он холати доирахои адаби, равобити эчодии хавзахои адаби, сабкати эчоди ва гайра хеле хуб баён шудааст.

Соммирзои Сафави таълифкунандаи тазкираи «Тухфаи Соми» соли 1517 дар Табрез ба дунё омадааст. Падари у шох Исмоили Сафави аст, ки солхои 1502-1524 хукмрони кардааст. Сомирзо низ аз ин ру комилан илмхои замонро аз худ карда, чанд муддат хокими Хирот ва Озарбойчон хам будааст. Дар баробари сиёсатмадори, у эчодкор низ будаасту аз мероси адабиаш дар хачми 6 хазор байт газалу рубои, муфрадот ва гайра ба ёдгор аст. У сохиби тазкираи «Тухфаи Соми» мебошад, ки ин асари Сомирзо шухрати уро асосан таъмин намудааст.

Асари дигаре, ки дар нимаи аввали асри XVI, дакикан соли 1522 таълиф шудааст, «Тухфат-ул-хабиб»-и Фахрии Хирави мебошад. Ин тазкира, пеш аз хама, бо он хусусияти худ фарк мекунад, ки дар он шоирони газалсаро ва асосан онхое, ки газалхои чавобия ба ашъори шоирони пешин гуфтаанд, гирдовари гардидааст. Яъне муосирони Фахри шоирони охири асри ЛУ ва аввали асри ЛУ1, ки газалхои чавобия эчод кардаанд, дар тазкираи мазкур фарохам оварда шудаанд. «Тухфат-ул-хабиб»-и Фахрии Хирави дорои чахор мачлис буда, оид ба рузгору осори 254 тан шоирон маълумоти зарури медихад ва аз ашъори онхо намунахо меорад.

Яке аз арзишмандтарин тазкирахое, ки дар огози садаи Л VII таълиф шудааст, «Музаккир-ул-асхоб»-и Мухаммадбадеъ Малехои Самарканди мебошад. Ин тазкира солхои 1688-92 таълиф шуда, шомили ду бахш: асоси ва мулхакот аст. Дар кисми асосии он оид ба 165 тан шоирони асри Л^П, ки муосирони Малехоянд, маълумот дода шудааст. Дар бахши мулхакот бошад, Малехо оид ба 37 нафар шоирони чавону навкалам, ки ба кисмати асоси дохил нашудаанд, маълумот медихад.

Маълумоти Малехо оид ба зиндагиномаи шоирон нисбатан муътамад аст, зеро у бо хар як шоире, ки дар борааш иттилоъ медихад, вохурдааст. Аз тарафи дигар, ин тазкира тибки алифбо тартиб дода шудааст ва аз ин ру, дар он шоху гадо баробар аст. «Музаккир-ул-асхоб» аз ин чихат арзиши волои адаби дорад ва аз чихати дигар намунаи насри адаби – илмии садаи мазкур хам ба шумор меравад.

Чихати фарккунандаи дигари тазкираи Малехо боз дар он аст, ки ба тарики намуна овардан аз ашъори шуаро у бо як ё ду байт иктифо накарда, то 60-70 байт зикр менамояд.

Умуман, тазкирахо аз як тараф, маълумотномаи шархихолии пурарзиш оид ба зиндагиномаи адибон бидиханд, аз тарафи дигар, оид ба хусну кубхи санъати сухан ва хунари эчоди эчодкорон, макому мартабаи онхо бахс ба миён меоранд, ки ин чанбахои илми – адабии доштани тазкирахоро тасдик менамояд.

Аз ин ру, тазкирахо яке аз сарчашмахои муътамаду арзишманд барои омухтани таърихи адабиёт низ мебошанд. 

Анвоъи шеър Дар адабиёти асри XVI ва асри XVII.

Анвоъи шеър дар адабиёти асрхои мазкур асосан аз газал, касида, мусаммат, китъа, рубои, манзумаву достон иборат мебошад. Яке аз навъхои адабии маъмул ва машхури давраи мазкур, жанри нисбатан човидонаву устувор – газал ба шумор меравад.

Асри XVI аввалин асрест, ки таназзули феодализм огоз шуд ва албатта, сохти феодализм барои нигохдории худ сахтчонихо мекард ва ин раводидхои сохт, пеш аз хама, дар адабиёт жанрхои мувофик мечуст. Аз ин чост, ки охангхои сузу гудоз, изхори исёнхои калби, садохои пуршури дилхо, ахёнан кушишхои эътирозиву норизоихо аз ноадолативу берахмихо голибан муктазхои табиати газал аст. Ин бардоштхо мавзуи созгори газал буда, барои рушди он заминаи мувофик омода месозад. Аз тарафи дигар, конунмандии инкишофи жанри газал, албатта, дар заминаи анъана руида, ба тахаввули он дар асрхои пешина беробита нест. Газал дар таърихи адабиёт жанрест, ки асрхои махсуси инкишофи худро (а.ХШ-Х1У) дорад. Хатто дар адабиёт ибораи асрхои газалсарои кобили кабул гардидааст, ки шояд ифодагари талаботи замон ва табиати жанр бошад.

Бояд гуфт, ки дар инкишофи газали нимаи аввали асри XVI сахми шоирони газалсарои ахди мазкур – Абдуррахмони Мушфики, Хоча Хасани Нисори, Бадри ва дигаронро метавон таъкид намуд. Баъзе аз ин шоирон масалан, Абдуррахмони Мушфики хатто ду девони газал дорад, ки то андозае конунияти тахаввули жанри мазкурро дар ин давра фаро мегирад.

Бо назардошти мавзуъ, мазмун ва мундаричаю мухтаво газали асри XVI асосан анъанави бошад хам, дар чузъиёт тобишхои фарккунанда дорад. Шояд сузу фирок, дарду дог, нокомиву нобарори, ранчу азоб, шиканчаву чабр ва гайра дар газали асри XVI (хусусан дар нимаи аввал) хеле бехтар мушохида карда шавад. Ин холат хусусан дар симои махбуба ба назар мерасад, ки у бемехр, бадкахр, берахм, номехрубон, чафокор, золим, магрур, якрав, худписанд аст. Махбуба аз кардахои худ пушаймон намешавад ва бо вучуди ин хама, ошик пурсабру токат, бовафо, мехрубон, гамхор, устувор, тобовар, чафокаш мебошад.

Масалан, хасрати ошик дар байти зерин аз газали Хилоли:

Хохам, ки ба зери кадамат зор бимирам, Харчанд куни зинда, дигар бор бимирам. Ё худ дар чои дигар хамин шоир мегуяд: Дарди ман ишк асту дармонаш ба гайр аз сабр нест, Чун кунам, к-аз дард мушкилтар бувад дармони ман.

Дар асоси газалиёти шуарои маъруфи асри XVI метавон ба натичае расид, ки дар унсурхои шаклии газали ин аср тозакори мушохида нашавад хам, дар мазмунсози ва хунари шоири тозачуихо дида мешавад. Устод С.Айни газали Мушфикиро, ки бо матлаи:

Дар гамаш дилро фигору хаста мегуем мо, Ахли дардем, ин сухан дониста мегуем мо.

огоз мешавад, мисол оварда менависад: «Газале, ки сар то ба пояш мисли ин газал хуб, латиф, равон афтад, кам аст».

Дар газали ин аср ишк бо масъалахои дигари ичтимои сахт омезиш ёфтааст. Холати ошик басо ногувор ва токатфарсо аст, вале махбуба бепарвою берахмиро пеша кардааст. Чунончи:

Хуни дил мегиряму ашки чигархун мехурам,

Пеш аз ин май мекашидам, ин замон хун мехурам.

Хамчу накши панчае савсан дамад аз хоки ман, Баски силии чафо аз дасти гардун мехурам. Вах, ки дар ахди чавони пир гаштам, Мушфики,

Чун нагардам пир аз ин гамхо, ки акнун мехурам.

Хунари шоирони газалсарои садаи мазкур дар чилои сухан, рангорангии ифода, маънои баланд, чавлони андеша, коргири аз санъатхои шеъри, мазмунсози, хаёлбофи ва гайра аст, ки ин хамаро дар мачмуъ хунари эчод меноманд.

Касида. Дигар аз навъхои маъмули адабии асри Л>У1 касида ба шумор меравад, ки дар ин навъи шеър мо хунари суханварии шоиронро бештар пай мебарем. Мушфики худ дар як касидааш мефармояд, ки у бо назардошти мамдух хунари эчодиро ба харч медихад:

Шеъри ман гар зиннате дорад зи юмни мадхи туст, Хона орояд, бале, хар кас ба кадри мехмон.

Дар ин аср аз навъхои касида бештар касидахои мадхи, хачви, хасбихоли, шиквои, бахория ва гайра ба назар мерасад. Касоиди фалсафи, орифона дар ин аср манзур намегардад. Аммо андешахои фалсафи ва орифона вучуд доранд.

Хусусияти дигари касоиди ин давра аз он иборат аст, ки касидахои мадхи комилан арзиши таърихи доранд, зеро амалу фаъолиятхои сиёсии мамдухон асос ё худ чанбаи ситоиши онхоро ташкил медиханд. Хонанда шахсияти мамдух ва шугли пайвастагии у, таваччухи мадхшаванда нисбат ба ахли илму фазл, ахли захмату фукаро ва гайраро дониста мегирад.

Чунончи, матлаи як касидаи мадхии Мушфики далели казовати мазкур аст:

Бихамдуллах, ки олам эмин аст, аз фитнаи даврон, Ба даври адли Абдуллоххон ибни Сикандархон.

Авзои таърихи дар чунин касидахо хеле хуб байн карда мешавад:

То кай нидои ходиса даври замон дихад,

Кас нест дар чахон, ки карори чахон дихад.

ва гайра.

Китъа. Яке аз навъхои куханбунёду кадима дар таърихи адабиёти точик аст. Ин навъи шеърест, ки бештар панду ардарз, мавъизату насихат, санахои таърихи, хаводису вокеоти мухими рузгори шахсиятхо, симохои сиёси, илми, фарханги ва адабиро фаро мегирад. Аз тарафи дигар, он хачву накухиш, мазаммату танкид ва муносибати адибро бо замон ва абнои он муайян менамояд. Аз ин ру, ин яке аз жанрхои ба хаёти чомеа хеле наздик низ хаст.

Китъахои тамсили, ки мохияти андарзи доранд, дар ин давра хеде зиёд ба мушохида мерасанд.

Чунончи, китъаи «Сурохи ва шамъ»-и Мушфики бехтарин намунаи онхост:

Шабе бо сурохи хамегуфт шамъ

Ки: Эй мояи махфилорои дуст.

Туро бо чунин кадр пеши кадах

Сучуде паёпай бигу аз чи руст?

Сурохи ба у гуфт, нашнидаи, Тавозуъ зи гарданфарозон накуст.

Мусаммат. Аз навъхои хеле маъмули адабист, ки хануз дар асри Х, дар ашъори устод Рудаки бандхои монанд ба мусаммати мураббаъ дучор мешавад. Ва дар асри ЛЛ комилтарин намунахои онро Манучехрии Домгони эчод кардааст. Дар лирикаи асри Л VI шеъри тасмит дар шакли мусаллас дучор мешавад, ки намунаи барчастаи онро Мушфики эчод кардааст. Чунончи, бандеро аз он хамчун намуна зикр хохем намуд:

Рузе, ки ба савдои ту афсона шудам,

Бар шамъи таманнои ту парвона шудам.

Афтод нигохе зи иноят ба манат:

Аз хеш ба гамхои ту бегона шудам,

Чашми ту дилам рабуду девона шудам.

Аз хандаи пинхониву мункир шуданат.

Мусаммати мазкури Манучехри дорои 14 банд буда, мавзуи марказии он ишк буда, чамоли махбуба бо кулли чузъиёт тавассути ташбехшавандаву ташбехшуда ба намоиш гузошта мешавад.

Шоир махбубаро тарчех медихад ва аз ин ру, ташбехшудаи мувофик пайдо карда наметавонад. Шакли шеърии мазкур аз нигохи мазмуну мухтаво хамри, ишки, мавъизати, васфи ва гайра мешавад.

Рубои. Рубои дар адабиёти асри ЛУ1 пас аз газалу касида аз маъмултарин анвои адабии гинои ба шумор меравад.

Аз ахбори сарчашмахо маълум мешавад, ки баъзе шоирони асри Л VI асосан, рубоисаро будаанд. Масалан, хатто махз барои ру овардан ба ин жанр Шайхи Рубои барин эчодкорон лакаби худро аз жанри мазкур гирифта будаанд. Ба хамин тарик, шоирони дар ин жанр устод мисли Вазехии Ахсекати, Хаким Рукнои Коши, Азизи Самарканди ва дигарон асосан рубои сароидаанд. Хатто дар нимаи аввали асри Л^1 таълифи рубоиёти шахрошуб басо ривоч кард, ки сарчашмахо то 160 рубоии шахрошубро кайд кардаанд. Албатта, инкишофи рубои ба такозои мавзуии он вобастаги дорад, зеро он метавонад мавзуъхои ирфони, дини, фалсафи, ишки, мавъизати, шиквои, сиёси, хачви, хамри, мадхи, васфи ва гайраро дарбар гирад. 

Манзума ва достон.

Манзума лафзи араби буда, ба маънии назмшуда, ба назм даровардашуда гуфтан аст. Дар истилохи адаби шакли махсус, ки дорои хусусиятхои чудогонаи жанри бошад, нест. Гохо достонхои лирикии хачман хеле хурдро манзума гуфтаанд.

Достон бошад дар эчоди бадеъ ба чанд маъни кор фармуда мешавад. Достон ба маънии машхур шудан, пахн гардидан, достон яке аз лакабхои Рустам низ хаст. Достон ба маънии макр, наёрангу фиреб низ меояд:

Бад-у гуфт: Марди шабистон наям, Мачуям, ки бо банду дастон наям.

Дар истилохи адаби достон асари калонхачми бадеии манзуму мансурро меноманд, ки дар он хаводиси мухиму барчаста тасвир гардида, сужети муайян дорад.

Баъд аз Инкилоби октябр дар адабиёти точик истилохоти адабии повест, роман, балада, поэма ворид шуда, мафхуми достонро хеле махдуд намуд. Достон хамчун ифодагари поэмаи юнони боки монд. Махсусан, «Шохнома»-и Фирдавси намунаи комили достони асримиёнагии форс-точик аст. Хаводису вокеот, доираи фаъолияти кахрамонон, сужети пайваста ва муттасил инкишофёбанда тасвир ва нигошта мешаванд, ки ин хама боиси зухури образхои мукаммали бадеи мешаванд.

Ба хамин тарик, достон сужети мукаммалу муфассал ва тулониву пайвастаро талаб менамояд. Достон тули асрхои зиёд суфтаву анику дакик шудааст. Ин аст, ки достонхои ишкии романтики, лирикии эпики, ахлокию фалсафи, суфиёнаву орифона, мочарочуёна ва гайра таълиф шудаанд. Дар достонхои кахрамони наклу ривоят ва дар достонхои ишкии романтики муколама (диалог) мавкеи маркази дорад. Аз чумла, «Варка ва Гулшох»-и Айюки, «Вис ва Роман»-и Фахруддини Гургони ва гайра намунахои чунин достонхоянд.

Намунахои барчастаи достонхои ахлоки дар асри Х ба вучуд омада бошанд хам, дар асрхои Л1-ЛШ машхуртарин достонхои суйиёнаву орифона таълиф шудаанд, ки чун намуна асари нахустини ирфони «Хадикат-ул-хакикат»-и Санои (а.Х1), «Мантик-ут-тайр»-и Аттор (а.Х11), «Маснави»-и Чалолуддини Балхи ва гайраро метавон зикр намуд.

Равияи дигари достонсароиро, ки аз «Вис ва Ромин»-и Фахруддини Гургони огоз мешавад, Низоми таккони чиддие дод ва доир ба баъзе асархои он аз он чумла «Лайли ва Мачнун» то 147 чавобия ба вучуд омад. Яке аз сабабхои машхур гардонидани жанри мазкур дар адабиёти форс-точик он аст, ки достон дар ин адабиёт таърихи басо тулони дошта, заминахои миллии он ба ёдгорихои адабиёти тоисломи, адабиёти пахлави ва аз он пештар хам рафта мерасад. Намунаи барчастаи достонхои ахди пахлави достони «Дарахти ассурик ва буз» мебошад.

Дар сурудани шаклхои гуногуни достон, асосан дар таърихи адабиёти асрхои миёна, хидмати Фирдавси, Рудаки, Санои, Носири Хусрав, Аттор, Чалолуддини Балхи, Низоми, Хусрав, Хочу, Саъди, Чоми, Хилоли, Мушфики, Шохин ва дигарон шоистаи тахсин аст.

Дар адабиёти асри XVI, ки аввалин асри инкирози сохти феодали мебошад, дар адабиёт низ ин гардиши таърихи – сиёси бетаъсир нест.

Агар мо танхо ба тахаввули жанри достон дар адабиётти садаи мазкур назар андозем, мебинем, ки дар ин давра достон хеле пеш рафтааст.

Дар жанри эпикии адабиёти асри XVI бештар анъанахои достонсароии Низомии Ганчави (достонхои «Хамса»), Шамсуддини Мухаммад ибни Ахмади Табрези, ки дар асри XVI достон «Мехр ва Муштари» ё худ «Ишкнома» навиштааст, ё ин ки Чоми (достонхои «Хафт авранг») бештар ба мушохида мерасанд. Дар асри XVI достонхои ишкии «Лайли ва Мачнун» (Хилоли, Мавчи Косимхони Бадахшони), «Юсуф ва Зулайхо» (Мавчи Косимхони Бадахшони, Амир Пулодхоча ибни Девонхочаи Бадри), «Шоху Дарвеш» (Хилоли), «Гулзори ирам» (Мушфики) руи кор омадаанд, ки хар кадом дар таърихи адабиёти давр макоми махсус доранд.

Инчунин, дар хамин давра чандин достонхои таърихи таълиф шудаанд. Аз чумлаи он достонхои таърихи «Зафарнома» (Амир Пулодхочаи Бадри), «Чахонннамо» (Мушфики) мебошанд. Аз тарафи дигар, тахти таъсири осори ирфони, инчунин «Хамса»-хои Низомию Хусрави Дехлави, махсусан, шохасархои манзуму мансури ахлокии адабиёти точик, китобхои «Бустон»-у «Гулистон» (Саъдии Шерози), асари адаби-ахлоки ва фалсафии «Сифот-ул-ошикин» (Хилоли) ба арсаи эчоди бадеъ омадааст, ки хеле арзишманд ва мухим мебошад.

Дар баробари достонхои ишки, ахлоки, фалсафи, тасаффуфи ва гайра, инчунин, достонхои адаби – таърихи низ дар ин давра таълиф шудаанд, ки оид ба авзои сиёси – таърихии замон, фаъолияти зимомдорони вакт, рухия ва ахволи халк, табакахои ичтимоии чамъият маводи фаровон медиханд. Аз ин нуктаи назар, ду достони таърихи дар асри ЛУ1 ру кор омадааст, ки чавобгуи казовати дар боло зикргардида мебошанд. Ин достонхо яке тахти унвони «Зафарнома» аз Амир Пулодхоча ибни Девонхочаи Бадри ва дигаре «Чахоннамо»-и Абдуррахмони Мушфики мебошанд. Бояд гуфт, ки хар ду асар хам ба лашкаркашихои Абдуллоххони Шайбони бахшида шуда, хаводису вокеоти сиёси – таърихии нимаи дуюми асри ЛУ1-ро дарбар мегиранд. Хар ду асар хам дар шакли маснави ва дар бахри Мутакориби мусаммани махзуф ё максур иншо шудаанд.

Аз суи дигар, то андозае ин достонхо суннати эчоди осори хамосиро низ тахким бахшидаанд.

САВОЛ ВА СУПОРИШХО

  1. Сабабхои бархамхурии империяи Темуриёнро шарх дихед.
  2. Империяи Темуриёнро кадом сулола расман аз миён бурд?
  3. Сабаби ба зуди шикаст хурдани хукумати Шайбонихон аз чи иборат буд?
  4. Омилхои тезутундшавии муносибатхои мазхабии замони сафавихо дар чист?
  5. Марказ ва хавзахои адабии асрхои ЛУ1 ва ЛУ11-ро номбар кунед.
  6. Кадом адибони доирахои адабии Мовароуннахру Хуросонро медонед?
  7. Хусусиятхои хаёти адаби ва фарханги дар каламрави Эрону Хинд аз чи иборат аст?
  8. Тазкира чи гуна асар аст?
  9. Кадом тазкирахо ва тазкиранигорони ин асрхоро медонед?
  10. Доир ба «Тазкират-уш-шуаро»-и Мутриби маълумот дихед.
  11. Арзиши илми – адабии «Музаккир-ул-ахбоб»-и Нисориро баён кунед.
  12. Доир ба тазкирахо ва тазкиранигорони ин даврахо маълумот дихед.
  13. Дар адабиёти ин асрхо кадом навъхои шеър маъмул буданд?
  14. Мухимтарин хусусиятхои газали асри Л У1-ро шарх дихед.
  15. Дар ин асрхо бештар кадом навъи касида инкишоф ёфтааст?
  16. Мукаттаоти шоирони ин асрхо бештар кадом мавзуъхоро дарбар мегиранд?
  17. Дар бораи мусаммат ва хусусиятхои жанрии он чи медонед?
  18. Мавкеи рубои дар адабиёти асрхои ЛУ1 – ЛУ11 чи гуна аст?
  19. Доир ба достонсароёни машхури асрхои ЛУ1 – ЛУ11 маълумот дихад.
  20. Тафовути достону манзумаро гуед.
  21. Кадом омилхо сабаби ривоч ёфтани достон ва достонсарои гардидааст?

 

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …