Главная / Маданият ва санъат / АБЎТОЛИБ – САРПАРАСТИ МУҲАММАД

АБЎТОЛИБ – САРПАРАСТИ МУҲАММАД

Абдулмутталиб якчанд писар дошт. Писари калониаш, Ҳорис, ба аҳли оилааш миёнаҳолона умр ба сар мебурданд. Писари дигариаш, Аббос, назар ба дигар бародаронаш сарватманд буд ва зиндагии осоишта дошт.

Аммо вай одами хасис буд. Писари хурдӣ-Абўтолиб гоҳо ба тичорат машғул мешуд, аммо оқибат аз он ҳам даст кашид ва ба он сарвате, ки дошт қаноат карда, рўзгори оилаи худро пеш мебурд. Абўтолиб шахси одилу доно ва саховатпешае буд. Аз ин чиҳат қабилаи Қурайш нисбат ба Абўтолиб эҳтироми зиёд дошт. Абдулмутталиб ҳам писари хурдии худро дўст медошт ва ҳангоми бемориаш сарпарастии Муҳаммадро ба ў супорида буд.

abutolib

Ҳамин тариқ, баъд аз марги бобояш Муҳаммади ҳаштсоларо амакаш Абўтолиб ба хонаи худ мебарад ва тарбияи ўро ба ўҳда мегирад. Абўтолиб  бародарзодаи худро дўст медошт. Зиракӣ, меҳнатдўстӣ, поквиҷдонӣ ва рағбат ба дониш обрўи Муҳаммадро дар оилаи амакаш афзун месохт.

Ҳангоми дувоздаҳсолагиаш Абўтолиб барои тиҷорат ба Шом сафар мекунад ва ўро ҳам ҳамроҳи худ мегирад. Ин сафар ба ў таассуроти зиёде мегузорад. Дар Шом пешвоёни дини масеҳию яҳудиро бидид. Аз онҳо роҷеъ ба китобҳои муқаддаси осмонӣ суханҳо шунид. Суханони мардуми бодиянишин, шоирону донишмандонро бодиққат гўш мекард, бо зиндагии табақаҳои мухталифи аҳолӣ шинос гашт.

Баъд аз баргаштан аз сафар рағбати ў ба дониш афзуд. Ҳар гоҳ баъд аз анҷоми корҳое, ки ба ў вобаста буд, Муҳаммад ба бозорҳои шаҳри Макка ба тамошо мебаромад. Суханони шоирону донишмандони маъруфи Маккаро гўш мекард. Гуфторҳои нотиқони яҳудиёну масеҳиёнро, ки будтпарастии арабҳоро таъкид мекарданду онҳоро ба дини худ даъват мекарданд, мешунид. Гуфтаҳои пайғамбарон Мўсо ва Исоро бо диққат гўш мекард. Гуфторҳои шунидаашро дар дили худ таҳлил мекард, дар бораи он бисёр андеша мекард ва дар дили ў нисбат ба қудрати бутҳои муқаддас шубҳаҳо пайдо мешуданд. Ҳамин тариқ, Муҳаммад донишу чаҷонбинии худро васеъ менамуд.

Дар синни понздахсолагӣ Муҳаммад ҳамроҳи амаки худ дар ҷанге, ки байни қабилаи Қурайш ва Ҳавозин рух дода буд, иштирок намуд, ин ҷанг бо фосилаҳо чанд сол давом кард. Таърих гувоҳӣ медиҳад, ки дар ибтидои ҷанг Муҳаммад ба амакҳои худ ёрӣ мерасонад, яъне тирҳое, ки аз тарафи қабилаи Ҳавозин меомад, ҷамъ карда ба амакҳояш мерасонад ва онҳо ин тирҳоро ба муқобили душман истифода мебурданд. Дар солҳои охири ҷанг Мухаммад бевосита дар задухурдҳо иштирок доштааст. Истеъдоду лаёқате, ки дар корҳои ҳарбӣ дар оянда зоҳир намудааст, аввалин бор дар ҳамин ҷанг нишон дода будааст.

Баъд аз анҷоми ҷанг ҳам, Муҳаммад бисёр фикру андеша мекард, ки чаро қабилаҳои араб, ки аслан як миллатанд, бо ҳам ҷанг мекунанду сабаби хунрезию харобиҳо мегарданд.

Рафтори иек ва хислатҳои хуби инсонӣ обрўй ва мартабаи Муҳаммадро дар байни халқ, баланд гардонид ва бо лақаби Амин /росткору ростқавл, шахси боваринок ва муътамад/ дар шаҳр машҳур шуд.

Супориш ва саволҳо.

  1. Ҳазрати Муҳаммад ҷаҳонбинӣ ва дониши худро чӣ тавр васеъ мекард?
  2. Вай аз чандсолагӣ ба ҳаёти мустақил қадам гузошт?

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …