Главная / Маданият ва санъат / АБУТОЛИБ – САРПАРАСТИ МУХАММАД

АБУТОЛИБ – САРПАРАСТИ МУХАММАД

Абдулмутталиб якчанд писар дошт. Писари калониаш, Хорис, ба ахли оилааш миёнахолона умр ба сар мебурданд. Писари дигариаш, Аббос, назар ба дигар бародаронаш сарватманд буд ва зиндагии осоишта дошт.

Аммо вай одами хасис буд. Писари хурди-Абутолиб гохо ба тичорат машгул мешуд, аммо окибат аз он хам даст кашид ва ба он сарвате, ки дошт каноат карда, рузгори оилаи худро пеш мебурд. Абутолиб шахси одилу доно ва саховатпешае буд. Аз ин чихат кабилаи Курайш нисбат ба Абутолиб эхтироми зиёд дошт. Абдулмутталиб хам писари хурдии худро дуст медошт ва хангоми бемориаш сарпарастии Мухаммадро ба у супорида буд.

abutolib

Хамин тарик, баъд аз марги бобояш Мухаммади хаштсоларо амакаш Абутолиб ба хонаи худ мебарад ва тарбияи уро ба ухда мегирад. Абутолиб  бародарзодаи худро дуст медошт. Зираки, мехнатдусти, поквичдони ва рагбат ба дониш обруи Мухаммадро дар оилаи амакаш афзун месохт.

Хангоми дувоздахсолагиаш Абутолиб барои тичорат ба Шом сафар мекунад ва уро хам хамрохи худ мегирад. Ин сафар ба у таассуроти зиёде мегузорад. Дар Шом пешвоёни дини масехию яхудиро бидид. Аз онхо рочеъ ба китобхои мукаддаси осмони суханхо шунид. Суханони мардуми бодиянишин, шоирону донишмандонро бодиккат гуш мекард, бо зиндагии табакахои мухталифи ахоли шинос гашт.

Баъд аз баргаштан аз сафар рагбати у ба дониш афзуд. Хар гох баъд аз анчоми корхое, ки ба у вобаста буд, Мухаммад ба бозорхои шахри Макка ба тамошо мебаромад. Суханони шоирону донишмандони маъруфи Маккаро гуш мекард. Гуфторхои нотикони яхудиёну масехиёнро, ки будтпарастии арабхоро таъкид мекарданду онхоро ба дини худ даъват мекарданд, мешунид. Гуфтахои пайгамбарон Мусо ва Исоро бо диккат гуш мекард. Гуфторхои шунидаашро дар дили худ тахлил мекард, дар бораи он бисёр андеша мекард ва дар дили у нисбат ба кудрати бутхои мукаддас шубхахо пайдо мешуданд. Хамин тарик, Мухаммад донишу чачонбинии худро васеъ менамуд.

Дар синни понздахсолаги Мухаммад хамрохи амаки худ дар чанге, ки байни кабилаи Курайш ва Хавозин рух дода буд, иштирок намуд, ин чанг бо фосилахо чанд сол давом кард. Таърих гувохи медихад, ки дар ибтидои чанг Мухаммад ба амакхои худ ёри мерасонад, яъне тирхое, ки аз тарафи кабилаи Хавозин меомад, чамъ карда ба амакхояш мерасонад ва онхо ин тирхоро ба мукобили душман истифода мебурданд. Дар солхои охири чанг Мухаммад бевосита дар задухурдхо иштирок доштааст. Истеъдоду лаёкате, ки дар корхои харби дар оянда зохир намудааст, аввалин бор дар хамин чанг нишон дода будааст.

Баъд аз анчоми чанг хам, Мухаммад бисёр фикру андеша мекард, ки чаро кабилахои араб, ки аслан як миллатанд, бо хам чанг мекунанду сабаби хунрезию харобихо мегарданд.

Рафтори иек ва хислатхои хуби инсони обруй ва мартабаи Мухаммадро дар байни халк, баланд гардонид ва бо лакаби Амин /росткору росткавл, шахси боваринок ва муътамад/ дар шахр машхур шуд.

Супориш ва саволхо.

  1. Хазрати Мухаммад чахонбини ва дониши худро чи тавр васеъ мекард?
  2. Вай аз чандсолаги ба хаёти мустакил кадам гузошт?

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …