Главная / Биология / ҒӮРУҚҲОИ ТОҶИКИСТОН

ҒӮРУҚҲОИ ТОҶИКИСТОН

Бо мақсади муҳофизати олами ҳайвонот ва набототи ҷумҳурӣ дар Даштиҷум 53,4 ҳазор га, Зоркӯл 16.9 ҳазор га. Искандаркӯл 30 ҳазор га. Камароб 4.2 ҳазор га, Косавлисой 20 ҳазор га. Музкӯл 68 ҳазор га. Сайвотй 4.2 ҳазор га. Сангзор 50.7 ҳазор га. Чилдухтарон 14.5 ҳазор га гӯруқхо (фармоишгоҳҳои махсус) барои миқдоран зиёд кардани ин ё он намуди набототу ҳайвонот ташкил карда шудаанд. Ғӯруқҳо имконият медиҳанд, ки Намудҳои нодири ҳайвоноту наботот ва саршумори онҳо зиёд карда шуда, пас аз он ҷо ба миқдори даркорӣ ба ҷойҳои талаб кардашуда фиристода шаванд.

Пайдоиши обанбори Норак зарурати дар онҷо бунёд карданн ғӯруки нав ва ҳам минтақаи истироҳатиро пеш мегузорад, ки ба он бояд минтақаи назди соҳил бо флораю фаунаи зебояш дохил гардад. Ғайр аз ин, бунёди ғӯруқи Норак барои истироҳати мадании меҳнаткашон шароити мусоид ба вуҷуд меоварад.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …