АКРОБАТИКА (юн. akrobateo – бо нӯги пой мегардам, боло мебароям), як тарзи машқи гимнастикӣ; навъи мустақили варзиш. Дар натиҷаи бо А. машғул шудан, одам чусту чолок, ҳаракатҳояш ҳамоҳанг, ҷасур мегардад, ҷисми худро идора мекунад. А. аз иҷрои гурӯҳи зиёди машқҳои гимнастикӣ, мас., ҷаҳишҳои акробатӣ, машқи омехтаи дукаса (марду зан), машқи дукасаи мардона, машқи гурӯҳии мардона (секасӣ ё чоркасӣ) ва ғ. иборат аст. Аз рӯи машқҳои акробатикӣ мусобиқаҳо баргузор мегарданд ва мувофиқи таснифи спортии ягонаи ҷумҳуриявӣ дараҷаҳои спортӣ дода мешаванд. Дар Тоҷикистон машқҳои А. аз охири солҳои сиюм расм шуд. Машқҳои акробатикӣ ба ташаккули дурусти андом ва такмили вазоифи дастгоҳи мувозанат (самтгирӣ дар фазо) мусоидат карда, организм ба ҳаракати нобаробари хун дар ҳолатҳои гуногуни бадан созгор мегардад. Унсурҳои А.-ро барои тайёрии махсуси ҷисмонии кайҳоннавардон, парашутчиён, дар рафти тарбияи ҷисмонии мактаббачагон ва ҳамчун воситаи ёрирасон дар тамрини варзишгарон, шиноварон, футболбозон, хоккейбозон ва ғ. низ истифода мебаранд.Машғулиятҳои акробатии аввалини бачагонро бо иҷозати духтур дар 8 – 10-солагӣ сар кардан мумкин аст. Ҳангоми варзиш ва мусобиқаҳо доир ба А. назорати мунтазами духтур лозим мебошад. Риояи қоидаҳои пешгирии осеб ва ҳангоми иҷрои машқҳои мураккаб истифодаи миёнбандҳои махсуси бехавф ҳатмист.
Ад.: Епифанов В.А., Лечебная физическая куль- тура, Москва, 2004; ҳам он муаллиф, Спортивная ме- дицина, М., 2004
Tags спорт
Инчунин кобед
Чилучорчашма – дар ноҳияи Носири Хусрав 10 сурати беҳтарин
Чилучорчашма (44 Чашма) – манбаи оби муқаддас. Он дар соҳили рости дарёи Кофниҳон, 12 км …