Главная / Варзиш / АКРОБАТИКА

АКРОБАТИКА

23rd Acrobatic Gymnastics World Championships, April 16-18, 2012 Lake Buena Vista/USA

АКРОБАТИКА (юн. akrobateo – бо нуги пой мегардам, боло мебароям), як тарзи машки гимнастики; навъи мустакили варзиш. Дар натичаи бо А. машгул шудан, одам чусту чолок, харакатхояш хамоханг, часур мегардад, чисми худро идора мекунад. А. аз ичрои гурухи зиёди машкхои гимнастики, мас., чахишхои акробати, машки омехтаи дукаса (марду зан), машки дукасаи мардона, машки гурухии мардона (секаси ё чоркаси) ва г. иборат аст. Аз руи машкхои акробатики мусобикахо баргузор мегарданд ва мувофики таснифи спортии ягонаи чумхурияви дарачахои спорти дода мешаванд. Дар Точикистон машкхои А. аз охири солхои сиюм расм шуд. Машкхои акробатики ба ташаккули дурусти андом ва такмили вазоифи дастгохи мувозанат (самтгири дар фазо) мусоидат карда, организм ба харакати нобаробари хун дар холатхои гуногуни бадан созгор мегардад. Унсурхои А.-ро барои тайёрии махсуси чисмонии кайхоннавардон, парашутчиён, дар рафти тарбияи чисмонии мактаббачагон ва хамчун воситаи ёрирасон дар тамрини варзишгарон, шиноварон, футболбозон, хоккейбозон ва г. низ истифода мебаранд.Машгулиятхои акробатии аввалини бачагонро бо ичозати духтур дар 8 – 10-солаги сар кардан мумкин аст. Хангоми варзиш ва мусобикахо доир ба А. назорати мунтазами духтур лозим мебошад. Риояи коидахои пешгирии осеб ва хангоми ичрои машкхои мураккаб истифодаи миёнбандхои махсуси бехавф хатмист.
Ад.: Епифанов В.А., Лечебная физическая куль- тура, Москва, 2004; хам он муаллиф, Спортивная ме- дицина, М., 2004

Инчунин кобед

44-chashma-27

Чилучорчашма – дар нохияи Носири Хусрав

Чилучорчашма (44 Чашма) – манбаи оби мукаддас. Он дар сохили рости дарёи Кофнихон, 12 км …