Хилофи роҳи савоб асту акси раъи улулалбоб дору ба гумон хўрдан ва роҳи нодида бе корвон рафтан.
Имоми муршид Муҳаммад Ғазолиро пурсиданд: «Чӣ гунна расидӣ бад-ин манзалат дар улум?» Гуфт: «Бал-он ки ҳар чӣ надонистам, аз пурсидани он нанг надоштам».
Умеди офият он гаҳ бувад мувофиқи ақл
Ки нафсро ба табиатшинос биномоӣ.
Бипурс, ҳар чӣ надонӣ, ки зулли пурсидан
Далели роҳи ту бошад, ба иззи доноӣ!