Главная / Теги: Панд

Теги: Панд

Панд: Ба лутф беҳ, ки ба ҷанг оварию дилтангӣ.

padar-pisar

Шоҳ аз баҳри дафъи ситамгорон асту шаҳна барои хунхорон ва қозӣ маслиҳатҷуӣ тарророн. Ҳаргиз ду хасми ба ҳақ розӣ пеши қозӣ нараванд. Чу ҳақ муояна донӣ, ки мебояд дод, Ба лутф беҳ, ки ба ҷанг оварию дилтангӣ. Хироҷ агар нагузорад касе ба тийби нафас, Ба қаҳр аз ў биситонанду музди …

Муфассал »

Нодонро ба сўҳбат баргўзидӣ

sekret

Ҳар ки бо бадон нишинад, агар низ табиати эшон дар ў асар накунад, ба тариқати эшон муттаҳам гардад ва гар ба харобате равад ба намоз кардан, мансуб шавад ба ҳамр хўрдан. Рақам бар худ ба нодонӣ кашидӣ, Ки нодонро ба сўҳбат баргўзидӣ. Талаб кардам зи донное яке панд, Маро фармуд: …

Муфассал »

Ба пурсидан шарм макун,

xonai

Ҳар он чӣ донӣ, ки ҳароина маълуми ту гардад, ба пурсидани он таъҷил макун, ки ҳайбати салтанатро зиён дорад. Чу Луқмон дид, к-андар дасти Довуд Ҳаме оҳан ба мўъҷиз мум гардад, Напурсидаш, чӣ месозӣ, ки донист. Ки бе пурсиданаш маълум гардад.

Муфассал »

Умеди офият он гаҳ бувад мувофиқи ақл

Ситораи Кароматулло

Хилофи роҳи савоб асту акси раъи улулалбоб дору ба гумон хўрдан ва роҳи нодида бе корвон рафтан. Имоми муршид Муҳаммад Ғазолиро пурсиданд: «Чӣ гунна расидӣ бад-ин манзалат дар улум?» Гуфт: «Бал-он ки ҳар чӣ надонистам, аз пурсидани он нанг надоштам». Умеди офият он гаҳ бувад мувофиқи ақл Ки нафсро ба …

Муфассал »

Ҷавонмарде, ки бихўраду бидиҳад беҳ аз обиде

sahritus-2

Ҷавонмарде, ки бихўраду бидиҳад беҳ аз обиде, ки рўза дораду биниҳад. Ҳар кӣ тарки шахҳоват аз баҳри қабули халқ додаст, аз шаҳватеҳалол дар шаҳвате ҳаром афтода аст. Обид, ки на аз баҳри худо гуша нишинад, Бечора дар оинаи торик чи бинад?

Муфассал »

Ҷавонмарде, ки бихўраду бидиҳад беҳ аз обиде

hmv4uxebqejmqztrvmc-wa-article

Ҷавонмарде, ки бихўраду бидиҳад беҳ аз обиде, ки рўза дораду биниҳад. Ҳар кӣ тарки шахҳоват аз баҳри қабули  халқ додаст, аз шаҳватеҳалол дар шаҳвате ҳаром афтода аст. Обид, ки на аз баҳри худо гуша нишинад, Бечора дар оинаи торик  чи бинад?

Муфассал »

Ақл дар дасти нафс чунон гирифтор аст, ки марди оҷиз зан ногузир.

shahrituz-4

Рои беқувват макру фусун аст ва қуввати берой ҷаҳлу чунун! Тамиз бояду тадбиру ақл в-он гаҳ мулк, Ки мулку давлати нодон салоҳи ҷанги худост.

Муфассал »

Душманони якзабона

unnamed

Чу бинӣ, ки дар сипоҳи душман тафриқа афтодааст, ту ҷамъ бош. Вагар ҷамъ шаванд, аз парешони андеша кун. Бирав, бо дўстон осуда биншин, Чу бинӣ дар миёни душманон ҷанг. Вагар бинӣ, ки бо ҳам якзабонанд, Камонро зеҳ куну бар бора бар санг!

Муфассал »