Дар маркази шаҳраки Шаҳритуз меҳмонхона иборат аз 12 утоқ ҳаст. Ин дар наздикии бозори марказии шаҳрак қарор дорад. Тақрибан 100 то 300 сомонӣ барои як шабонарӯз нарх дорад. Оби гарму хунук, телевизиони моҳворагӣ, яхдону кондисионер дар ҳар як утоқаш ҳаст.
Дар паҳлӯи меҳмонхона филиали Амонатбонк, Агроинвестбонк, МХБ Спитаменбонк ҳаст. Инчунин дар дурии 20-30 қадам ошхонаи миллӣ ва бозори калони ноҳиявӣ вуҷуд дорад. Катҳояш тозаву озода ва асосан дар меҳмонхона одам кам аст.
Телефон барои тамос:
+992 93 720 0346
+992 933 07151