Бозорчаи 33-(сиюсе) дар шахри Душанбе дар худуди нохияи Сино (махаллаи 33-юм) сари рохи кучаи Низоми Ганчави хонаи 465/2 карор дорад. Ин бозорча яке аз марказхои машхури пойтахти Точикистон ба хисоб меравад, ки солхои 1994 сохта ба истифода дода шудааст ва холо он ба давлат (Точикматлубот) таалук дорад.
Масохати умумии бозорчаи 33 такрибан 50 сотик заминро ташкил менамояд ва дар он мевачот, махсулоти полези, молхои хочагидори, гизо, либосвори, молхои сохтмони ва чумла кариб хама чиз фурухта мешавад.
Дар худуди бозорчаи 33-е такрибан 200 сохибкор фаъолият менамоянд, ки гайри фуруши махсулот инчунин ба хизматрасони низ машгуланд аз чумла барои таъмири телефону техникаи хона, духтани либос, хизматрасонии бонки, намояндахои ташкилотхои мобили ва дигарон.
Вакти кори дар бозорча аз соати 7-и сахар огоз шуда то соати 22:00 шаб идома медихад ва одатан н макон серсавдою серодам мебошад ва барои хамин хам нархи ичора дар худуди бозорча мисли нархои маркази шахри Душанбе мебошад.
МАКОН ДАР ХАРИТА
Харчанде, ки номи бозорча «КВД Бозори Дехкон» бошад, хам вале дар асл ончо ягон дехкон бевосита худ омада озодона чой ёфта махсулоти дехконии худро наметавонад фурушад ва умуман чунин дехкононро хам ёфта намешад.