Бозорчаи 33-(сиюсе) дар шаҳри Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Сино (маҳаллаи 33-юм) сари роҳи кучаи Низоми Ганҷавӣ хонаи 465/2 қарор дорад. Ин бозорча яке аз марказҳои машҳури пойтахти Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки солҳои 1994 сохта ба истифода дода шудааст ва ҳоло он ба давлат (Тоҷикматлубот) таалуқ дорад.
Масоҳати умумии бозорчаи 33 тақрибан 50 сотиқ заминро ташкил менамояд ва дар он меваҷот, маҳсулоти полезӣ, молҳои хоҷагидорӣ, ғизо, либосворӣ, молҳои сохтмонӣ ва ҷумла қариб ҳама чиз фурухта мешавад.

Дар ҳудуди бозорчаи 33-е тақрибан 200 соҳибкор фаъолият менамоянд, ки ғайри фуруши маҳсулот инчунин ба хизматрасонӣ низ машғуланд аз ҷумла барои таъмири телефону техникаи хона, духтани либос, хизматрасонии бонкӣ, намояндаҳои ташкилотҳои мобилӣ ва дигарон.
Вақти корӣ дар бозорча аз соати 7-и саҳар оғоз шуда то соати 22:00 шаб идома медиҳад ва одатан н макон серсавдою серодам мебошад ва барои ҳамин ҳам нархи иҷора дар ҳудуди бозорча мисли нарҳои маркази шаҳри Душанбе мебошад.
МАКОН ДАР ХАРИТА
Ҳарчанде, ки номи бозорча «КВД Бозори Деҳқон» бошад, ҳам вале дар асл онҷо ягон деҳқон бевосита худ омада озодона ҷой ёфта маҳсулоти деҳқонии худро наметавонад фурушад ва умуман чунин деҳқононро ҳам ёфта намешад.