Саволҳои санҷишӣ-тестӣ барои дохил шудан ба Донишгоҳ/Донишкада
Кадоме аз ин олимон бар зидди ақидаи нажодпарастӣ мубориза бурдааст?
A) Галилео Галилей; В) Миклухо – Маклай; C) Семенов – Тяншанский; D) Ҷордано Бруно; Е) Николай Коперник;
Кадоме аз ин зилзилаҳо ба Тоҷикистон тааллуқ надорад?
A) Ҳоит (1949); В) Сарез (1911); C) Шарора (1989); D) Қаратоғ (1907); Е) Газли (1966);
Кӯли аз ҳама чуқуртарини ҷаҳон кадом аст?
A) Байкал (Руссия); В) Сарез (Тоҷикистон); C) Танганьика (Африко); D) Мичиган (Америкаи шимолӣ) ; Е) Титикака (Америкаи ҷанубӣ) ;
Кадоме аз корхонаҳо ба сикли пурраи металлургӣ тааллуқ дорад?
A) корхона оид ба гудохтани чӯян; В) корхонаи истеҳсоли маъдани оҳан ва кокс; C) корхона оид ба гудохтани пӯлод; D) корхона оид ба истеҳсоли прокат; Е) корхона оид ба истеҳсоли маъдани оҳану кокс, чӯяну пӯлод ва прокат;
Дарёи аз ҳама дарозтарини ҷаҳон кадом аст?
A) Волга (Руссия); В) Енисей (Сибири шарқ C) ; D) Амазонка (Америкаи ҷанубӣ) ; Е) Нил (Африқо); $E) Миссисипи (Америкаи шимолӣ) ;
Кадоме аз ин маҳсулотҳо ба саноати ҷангал тааллуқ надорад?
A) гӯгирду фанер; В) матои техникӣ ва мӯина; C) Масолеҳи бинокорӣ; D) кардону спирт; Е) селюлозаю қоғаз;
Кадом шаҳрҳо гаҳвораи дини Ислом мебошанд ва дар кадом мамлакат ҷойгир шудаанд?
A) Мазори Шариф, Ҳирот (Афғонистон); В) Макка, Мадина (Арабистони Саудӣ) ; C) Бағдод, Наҷаф (Ироқ); D) Машҳад, Қум (Ирон); Е) Самарқанд, Бухоро (ӯзбекистон);
Аз рӯи истеҳсоли пахта кадоме аз ин мамлакатҳо дар ҷаҳон ҷои аввалро мегирад?
A) Тоҷикистон; В) Ӯзбекистон; C) ШМА; D) Хитой; Е) Туркманистон;
Дар куҷо се ҳавзаи калонтарин ангишти Лена, Тунгус ва Канско-Ачинск ҷойгир шудаанд?
A) Ноҳияи Шимол; В) Урал; C) Шарқи Дур; D) Сибири Ғарбӣ; Е) Сибири Шарқӣ;
Тақсимоти меҳнати байналхалқӣ чӣ маъно дорад?
A) робитаҳои соҳаҳои саноат дар як мамлакат; В) истеҳсолот ва тақсимоти маҳсулот оиди соҳаҳо; C) махсусгардонии мамлакат дар миқёси бозори байналхалқӣ; D) махсусгардонии ноҳия дар дохили мамлакат; Е) таносубии истеҳсолот ва истеъмолот дар миқёси ноҳияи иқтисодӣ;
Ашёи хом барои истеҳсоли нуриҳои фосфат чӣ шуда метавонад?
A) нефт ва газ; В) Намак ва газ; C) Азот ва гидроген; D) Ишқор ва фосфор; Е) Апатит ва фосфорит;
Кадом уқёнуси ҷаҳон аз ҷиҳати киштигардӣ дар ҷои якӯм меистад?
A) Баҳри Миёназамин; В) Уқёнуси Атлантик; C) Уқёнуси Ҳинд; D) Уқёнуси Ором; Е) Уқёнуси яхбастаи Шимолӣ;
Кӯҳи Карпат ба кадом давлатҳо тааллуқ дорад?
A) Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон; В) Англия, Франcия, Испания, Италия; C) Россия, Финляндия, Арманистон; D) Чехословакия, Полша, Руминия ва Украина; Е) Молдавия, Эстония, Латвия, Литва;
Соли 1820 соли кашфи Антарктида мебошад, киҳо онро кашф намудаанд?
A) Ҷ. Кук, Р.Амундсен; В) Ҷ. Кук; C) Ф. Беллинсгаузен, М. Лазарев; D) Р. Амундсен; Е) Р. Скотт;
Дар асрҳои XVIII-XIX, кӣ аввалин харитаи геологии материки Америкаи Ҷанубиро тартиб дод?
A) Э.Бомплан; В) Н.И.Вавилов; C) А.Гумболдт; D) Н.Рубсов; Е) Г.Лангсдорф;
Дар кадом қисм ё зонаи иқлими Америкаи Ҷанубӣ Патагония ҷоӣгир шудааст?
A) Зонаи саванаҳо; В) Зонаи бешаҳои экваторӣ; C) Зонаи нимбиёбони қисми ҷанубӣ; D) Зонаи даштҳо; Е) Зонаи субтропикҳо;
Мамлакатҳои собиқ сотсиалистӣ дар кадом қитъаҳо ҷойгир буданд?
A) фақат Африка; В) Африка; C) фақат Европа; D) Европа, Осиё, Америка; Е) Австралия;
Калонтарин дарёи Америкаи Шимолӣ кадом аст?
A) Миссисипи; В) Рио-Гранде; C) Миссури; D) Колорадо; Е) Арканзас;
Аз олами ҳайвонот кадомашон дар Китоби Сурхи собиқ ИҶШС сабт шудаанд?
A) Хирси сафед, рӯбоҳ; В) Паланги амур, паланги барфӣ, гӯсфанди кӯҳӣ, зебра кулон; C) Гург, суғур, кафтор; D) Шутур ва аспи ваҳшӣ; Е) Гавазн ва бузи даштӣ;
Дар кадом шаҳри Белорус метро сохташудааст?
A) Гродно; В) Могилев; C) Минск; D) Берест; Е) Гомелск;
Аз ҳайвонот муши обӣ, гавазни холдор, вашақ (норка) аз куҷо ба соҳили Баҳри Сиёҳ оварда шудаанд?
A) Британия, Мексика; В) Ҳиндустон, Сибири ғарбӣ; C) Урал, Испания; D) Австралия, Сибир; Е) Аргентина, Шарқи Дур;
Системаи каскади ГЭС-ҳо чист?
A) Сохтмони истгоҳи барқии олавӣ; В) Пай дар пай сохтани якчанд истгоҳи барқии обӣ дар як дарё; C) Сохтмони якчанд истгоҳи атомй дар якчанд ноҳия; D) Сохтмони як истгоҳи барқ дар дарё; Е) Сохтмони истгоҳи маддӣ;
Аз наздики шаҳри Карки аз кадом дарё ва кадом канал-дарёи сунъии аз ҳама калони ҷаҳон сохта шудааст, ки аҳамияти бузурги обёрӣ дорад?
A) Дарёи Панҷ, канали Кӯлоб; В) Сирдарё, канали Ленинобод; C) Дарёи Норин, канали Туркманистон; D) Дарёи Вахш, канали Данғара; Е) Омударё, канали Қизилқум;
Ба саноати сабук-гурӯҳи “Б” кадом соҳаҳо дохил мешаванд?
A) электроэнергетика, селлюлозаю қоғаз, масолеҳи сохтмон; В) Мошинасозӣ, металлургӣ, химия; C) Бофандагӣ, чарму-пойафзол, хӯрокворӣ, дӯзандагӣ; D) Электроэнергетикӣ, металлургияи ранга; Е) Нефт, газ, ангишт, торф;
Платформа гуфта чиро мефаҳмед?
A) Минтақаи ноҳамвори рӯи заминро; В) Минтақаи сахти қишри заминро; C) Фурӯравии қишри заминро; D) Қисми ҳаракаткунандаи қишри заминро; Е) Ба вуҷуд омадани қӯҳҳо;
Дарозии хати сарҳадии Тоҷикистон чанд км-ро ташкил медиҳад?
A) зиёда аз 100 км; В) зиёда аз 4500 км; C) зиёда аз 500 км; D) зиёда аз 3000 км; Е) зиёда аз 10000 км;
Афзоиши табиии аҳолӣ гуфта чиро мефаҳмед?
A) Зиёдшавии аҳолии дар натиҷаи ҷойивазкуни; В) Зиёд шудани таваллуд бар фавт; C) Зиёдшавии аҳолии шаҳр; D) Зиёд шудани мардон; Е) Зиёд шудани занон;
Ҷазираи Сахалинро аз материки Евроосиё кадом гулӯгоҳ ҷудо мекунад?
A) Гудзон; В) Лаперуза; C) Магеллан; D) Беринг; Е) Тотор;
Мередиан гуфта чиро мефаҳмед?
A) Хатеро меноманд, ки экваторро бо қутби ҷануб пайваст мекунад; В) Хатҳоеро меноманд, ки экваторро ба экватор мепайванданд; C) Меридиана гуфта хатҳоеро меноманд, ки экваторро бо қутби шимол пайваст мекунад; D) Хатҳои доиравиро меноманд, ки ду қутбро бо ҳам мепайванданд; Е) Хатҳоеро меноманд, ки ба равиши экватор кашида шудааст;
Дар кадом ноҳияҳои Россия барои сохтмони электростансияҳои геотермалӣ имкониятҳо бештар аст?
A) вилояти Камчатка; В) вилояти Мурманск; C) вилояти Амур; D) вилояти Свердловск; Е) вилояти Тошкент;
Давлатеро нишон диҳед, ки дар ИДМ баъд аз Руссия, аз ҷиҳати ҳаҷми истихроҷи нефт ҷои 2-юмро ишғол менамояд?
A) Қазоқистон; В) Украина; C) Туркманистон; D) Озарбойҷон; Е) ӯзбекистон;
Вилояти Қарағандаи Ҷумҳурии Қазоқистон аз кадом захираҳои табиии таҳшин бой аст?
A) гази табиӣ; В) торф; C) ангишти коксшаванда; D) сланесҳои сӯзанда; Е) нефт;
Зироатҳои ғалладонагиеро нишон диҳед, ки он дар заминҳои лалмии Осиёи Марказӣ парвариш карда мешавад?
A) гандум, ҷав; В) зироатҳои полезӣ, чой; C) лаблабӯи қанд, найшакар; D) пахта, шолӣ; Е) ҳеҷ чиз парвариш намешавад;
Дар ҳудуди ИДМ, ду ҷумҳуриеро нишон диҳед, ки аз ҷиҳати шумораи аҳолӣ тахминан якхеланд?
A) Тоҷикистон, Қазоқистон; В) Украина, Белоруссия; C) Гурҷистон, Арманистон; D) Молдова, Қирғизистон; Е) Озарбойҷон, ӯзбакистон;
Конҳои полиметалли Консой ва Адрасмон, кони нефти Ким дар кадом вилоят ҷойгиранд?
A) Суғд; В) Хатлон; C) Кӯлоб; D) Бадахшон; Е) Рашт;
Кони гази табии Хоҷасартез ва Қизилтумшуқ дар кадом вилояти ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиранд?
A) Ҳисор; В) Хатлон; C) Вилояти худмухтори Бадахшони Кӯҳӣ; D) Кӯлоб; Е) Суғд;
Дарозии умумии дарёҳои Тоҷикистон чанд км аст
A) 600; В) 50000; C) 10000; D) 28500; Е) 32000;
Кадом обанбори Тоҷикистонро «Баҳри тоҷик» меноманд?
A) Норак; В) Сарбанд; C) Муминобод; D) Роғун; Е) Қайроқум;
Дарозии умумии сарҳади Руссия чанд ҳазор км аст?
A) 40; В) 11,2; C) 70; D) 60; Е) 30;
Пойтахти Австралия кадом шаҳ аст?
A) Синдней; В) Брисбен; C) Канберра; D) Перт; Е) Мелбурн;
Кадом давлат дар қитъаи Америка ягона давлати сотсиалистӣ мебошад?
A) Куба; В) Мексика; C) Панама; D) Бразилия; Е) Никарагуа;
Европаро аз Осиё кадом қаторкуҳҳо ҷудо мекунанд?
A) Карпат; В) Урал; C) Помир; D) Байкал; Е) Кавказ;
Мамнӯъгоҳи «Бешаи Палангон» кадом сол ташкил карда шудааст?
A) Соли 1928; В) Соли 1966; C) Соли 1961; D) Соли 1958; Е) Соли 1938;
Дар Тоҷикистон соле тақрибан чӣ қадар қувваи барқ истеҳсол мешавад?
A) 10 млрд Квт/соат; В) 100 млрд Квт/соат; C) 30 млрд Квт/соат; D) 18 млрд Квт/соат; Е) 24 млрд Квт/соат;
Аз ҷиҳати масоҳат кӯли калонтарини Тоҷикистон кадом аст?
A) Зоркӯл; В) Искандаркӯл; C) Қарокӯл; D) Рангкӯл; Е) Сарез;
Кадоме аз ин стансияҳои электрикии обӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон калонтарин ба ҳисоб меравад?
A) Норак; В) Дӯстии халқҳо; C) Сарбанд; D) Бойғозӣ; Е) Варзоби поён;
ГЭС-ҳои хурд дар кадом ноҳияҳои маъмурӣ сохта шудаанд?
A) Ванҷ, Варзоб, Мурғоб; В) Вахш, Колхозобод, Шуғнон; C) Конибодом, Нов, Ленин; D) Шӯрообод, Ишкошим, Мастчоҳ; Е) Фархор, Ғончӣ, Тоҷикобод;
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ГЭС-ҳои “Дӯстии халқҳо”, Сарбанд, Бойғозӣ дар кадом дарёҳо сохта шудаанд?
A) Зарафшон, Сурхоб; В) Сир, Вахш; C) Бартанг, Яхсу; D) Варзоб, Кофарниҳон; Е) Панҷ, Аму;
Баҳри Мармар дар байни кадом қитъаҳои олам ҷой гирифтааст?
A) Америкаи Ҷанубӣ – Африка; В) Европа – Осиё; C) Осиё – Австралия; D) Америкаи Шимолӣ – Осиё; Е) Африка – Осиё;
Аз ин конҳои номбаршудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон кадомашон конҳои нафт мебошанд?
A) Қуруқсой, Олтин Топкан; В) Шуғнон, Рангкӯл; C) Кони Намак, Тутбулоқ; D) Харангон, Селбур; Е) КИМ, Бештентак;