Главная / Гуногун / Дуои нек дар шакли шеър – назм

Дуои нек дар шакли шеър – назм

Илоҳо, ба олову наъмои Ту,
Худоё, ба асмои ҳуснои Ту.
Ба меҳри Набиву Абӯбакри ӯ,
Ба адли Умар – шоҳи бообрӯ.
Ба Усмони ҳилму вафои Алӣ,
Ба ишқи Муҳаммад, ба сидқи Валӣ.
Ба некон, ки дур аз бадӣ будаанд,
Ба покон, ки чун мо наёсудаанд.
Ки бар мо кунӣ раҳмат аз фазли Хеш,
Ки донем аз хашм фазли Ту беш.
Чӣ бошад, агар бандаи мустаманд,
Ба раҳмат кунӣ оқибат арҷманд.
Илоҳӣ, ба ҳаққи каломи Қадим,
Ки моро камоле бибахш, эй Азим.
Ҳар он кас, ки хонандаи маҷлис аст,
Зараш кимиё кун, агар вай мис аст.
Ба раҳмат биёмурз, эй Зулҷалол,
Гуноҳи сағару кабиру камол.
Гуноҳи кабиру caғира аз ӯ,
Ба раҳмат биёмурз, эй некхӯ.
Надорем мо ҳеҷ тоат, бибахш,
Ба алтофи Хеш ин ҷамоат бибахш.
Хусусан нависаидаи пургуноҳ,
Бибахшу биомурз ин узрхоҳ.
Ба дунёву уқбо Ту фарёд рас,
Ки алҳақ, надорем ғайри Ту кас.
Нависанда дорад зи раҳмат умед,
Ки дар ҳар ду гетӣ бувад рӯсафед.
Ба ҳаққи Муҳаммад, ба авлоди ӯ,
Ба асҳобу атбоъу азвоҷи ӯ.
Биёмурз ин бандаи пургуноҳ,
Ки ҳастӣ Ту Бахшандаву Узрхоҳ.
Ҳазорон дуруду ҳазор офарин,
Зи мо бод бар Сайиду-л-мурсалин.
Ҳазорон дуруду ҳазорон салом,
Зи мо бар Муҳаммад алайҳи-с-салом.

Инчунин кобед

Бахтиёр Иброхимов

Бахтиёр Иброҳимов – Тарҷумаи ҳол, сурат, мусиқӣ – MP3 скачать

Овозхони шоистаи Тоҷикистон Бахтиёр Иброҳимов соли 1972 дар шаҳри Исфара ба дунё омада, яке аз овозхонҳои маъруфи …