Барои тайёр кардани таом аз сабзавот хамаи намуди коркарди гармро истифода мебаранд. Обпаз, дампаз, бугпаз ва дар оби худпухта. Сабзавоти пухтагиро барои тайёр кардани хуришхо, шурбо, таомхои 2-ум ва барои гарнир истифода мебаранд.
Тайёр кардани таоми картошкаи обпаз
Тачхизот: дег, чавли (друшлаг), тагорача, корди таббохи, чангак,
кошук, табак, тахтачаи резакунанда.
Микдори масолех: картошка – 200 г, равгани маска – 10 г, ё каймок – 20 г, намак – 2 г, пиёзи кабуд, кашнич ва шибит – 3-5 грамм.
Картошкахои хачмаш якхеларо интихоб карда, шуста, пусташро тоза кунед. Кабудиро чудо намуда шуста ва реза карда, сипас картошкаро ба дег андохта, оби гарм рехта (тахминан 1-1/2 см аз болои руи картошка), намак пошида то тайёр шудан пазед. Пухтагиашро бо ёрии чангак муайян кунед. Мухлати пухтани картошка то 20-30 дакика.
Баъди пухтан обашро рехта, боз дегро 1-2 дакика ба оташ гузоред, то картошка камтар хушк шавад.
Картошкаи пухтагиро ба табак гузошта, ба болояш равгани маскаи обкарда ё каймок рехта кабудии резакардаро ба руяш пошида, ба дастархон медиханд. Картошкаи обпазро таоми дуюми гушт, гушти парранда ё дигар таоми гуштин додан низ мумкин аст.
Савол ва супориш
- Коркарди гармии сабзавотро гуед.
- Коидахои коркарди сабзавотро шарх дихед
- Мухлати пухтани сабзавотро гуфта дихед.