ИБНИ КИФ (с. тав. номаълум – ваф. 1286, Димишк), Абулфарач Яъкуб ибни Исхоки Карки., маъруф ба Ибни Киф ва мулаккаб ба Аминуддавла табиб ва чаррохи маъруфи масехи. Аз шорехони китоби «Ал-Конун фи-т-тиб»-и Ибни Сино буда, дар боби табобат таълифоти зиёд кардааст. Аз чумла китобхои зерин ба калами у дахл доранд: «Ал-Усул фи шархи-л-Фусул ли Букрот», «Чомеъу-л-гараз фи хифзи-с-сиххат ва дафъи-л-мараз», «Аш-Шофи фи-т-тиб», «Шарху куллиёти-л-Конун ли Ибни Сино», «Умдату-л-ислох фи амали синоати-л-чаррох» ва г.
Ад.: Хочихалифа, «Кашфу-з-зунун ан асомии-л-кутуби ва-л-фунун», ч. 6, Лубнон, 2007.
С. Шахобуддинов.