Главная / Илм / ИБНИ ҚИФ

ИБНИ ҚИФ

nophotoИБНИ ҚИФ (с. тав. номаълум – ваф. 1286, Димишқ), Абулфараҷ Яъқуб ибни Исҳоқи Каркӣ., маъруф ба Ибни Қиф ва мулаққаб ба Аминуддавла табиб ва ҷарроҳи маъруфи масеҳӣ. Аз шореҳони китоби «Ал-Қонун фи-т-тиб»-и Ибни Сино буда, дар боби табобат таълифоти зиёд кардааст. Аз ҷумла китобҳои зерин ба қалами ӯ дахл доранд: «Ал-Усул фӣ шарҳи-л-Фусул ли Буқрот», «Ҷомеъу-л-ғараз фӣ ҳифзи-с-сиҳҳат ва дафъи-л-мараз», «Аш-Шофӣ фӣ-т-тиб», «Шарҳу куллиёти-л-Қонун ли Ибни Сино», «Умдату-л-ислоҳ фӣ амали синоати-л-ҷарроҳ» ва ғ.
Ад.: Ҳоҷихалифа, «Кашфу-з-зунун ан асомии-л-кутуби ва-л-фунун», ҷ. 6, Лубнон, 2007.

С. Шаҳобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …