Главная / Илм (страница 61)

Илм

КАЖДУМ

kajdim

КАЖДУМ (Scorpionida), як гурӯҳи ҳайвонҳои бемӯҳра аз синфи тортанакшаклҳо. Дарозии танашон 1 – 18 см буда, ба сарсина ва бандҳои шикамӣ ҷудо мешавад. Банди охири шикам ду ғадуди заҳрнок дошта, бо неши чангакмонанд хотима меёбад. К.-ҳо 4 ҷуфт пой, 3 – 6 ҷуфт чашм ва чанголи калони ниҳоят ҳассос доранд. …

Муфассал »

КАЗЕИН

kazein

КАЗЕИН (лот. caseus – панир), сафедаи шир, ки дорои ҳама гуна аминокислотаҳо аст. К. манбаи асосии калтсий ва фосфори ғизоӣ низ мебошад. Доруҳои К.-ро дар тиб фаровон кор мефармоянд, мас., ҳангоми тағзияи сунъӣ, муолиҷаи панкреатит, перитонит. К. ба таркиби марҳамҳо ва ширешҳои биологӣ низ дохил карда мешавад. К.-и шири гов, …

Муфассал »

КАЙК

КАЙК, ҳашароти майдаи хунмак, ки дар ҷисми ширхӯрон, паррандаҳо ва одам зиндагӣ мекунад. К. хуни ҳайвоноти гуногун (гурба, калламушҳо, суғур, саг ва ғ.)-ро макида, баъзан ангезандаи як қатор бемориҳои хавфнок (тоун, ҳасба ва ғ.)-ро дар байни одамон паҳн менамояд. Оби даҳони К. таъсири озурдасозӣ дорад. К. дар пашми ҳайвонот ва …

Муфассал »

КАКАВ

kakao

КАКАВ (Theobroma cacаo), какао, растаниест ҳамешасабз. Баландиаш то 12 м, баргаш борик, байзашакл; гулаш сафеди гулобӣ, К. дар Америкаи Ҷанубӣ ва Марказӣ худрӯ аст. Онро дар бештари мамлакатҳои тропикӣ парвариш мекунанд. Тухми К. аз сабаби дар он мавҷуд будани моддаҳои даббоғӣ ва алкалоиди теобромин маззаи талх дорад. Барои беҳтар шудани …

Муфассал »

КАЛАФ

kalaf

КАЛАФ (Lentigo), лентиго, доғҳои ҷигарии баланд, ки дар сатҳи пӯст пайдо мешаванд. Диаметри онҳо 1,5 – 3 мм буда, мансуби холҳои пигментӣ мебошанд. К.-ҳо дар синни кӯдакӣ низ пайдо шуда, дар сатҳи пӯст ягон-ягон ё гурӯҳ-гурӯҳ ҷой мегиранд. К.-и пиронсолӣ бештар дар пушти даст, бозу ва рӯй ба вуҷуд меояд. …

Муфассал »

КАЛИЙ

kaliy

КАЛИЙ (лот. Kalium), К. элементи химиявии гурӯҳи 1 системаи даврии Менделеев; рақами ат. 19, массаи ат. 39,098; с. 1807 Г. Дэви ҳангоми электролизи ишқорҳои К ва Na ҷудо кардааст. К. аз ду изотопи собит – 39К (93,10%), 41К (6,88%) ва як радиоактив – 40К (0,1%, Т1/2 = 1,32 • 109 …

Муфассал »

КАЛӣ

kali

КАЛӣ, ҷараб, бемории пӯст, ки занбӯруғаки Ахорион Шенлейн (Achorioni Sohönlein) меангезад. Дар Туркия, Испания ва ҷазираҳои уқ. Ором паҳн шудааст. К. аксар аз одамони бемор ё анҷоми онҳо ва баъзан аз ҳайвонот (гурба, муш ва ғ.) ба одамони солим мегузарад. К. бештар дар қисми мӯйдори сар, баъзан дар пӯст ва …

Муфассал »

КАЛЛАПОЧА

kalapocha

КАЛЛАПОЧА, узвҳои дарунӣ, калла, дум, дасту пои ҳайвонот, ки баъди куштан ҷудо карда мегиранд. Баъзе узвҳо – ҷигар, гурда, мағзи сар, дил, сина, пардаи зери шуш дар ғизонокӣ аз гӯшт камӣ надоранд, аз ҷиҳати миқдори баъзе витаминҳо, леситин, намакҳои минералӣ бошад, аз он мегузаранд. Ҷигар, хусусан ҷигари гов ва гӯсола, …

Муфассал »

КАЛМОЧ

kalmoch

КАЛМОЧ (Trichodesma incanum), як навъ растании бисёрсола. Баландиаш то 110 см. Пояи сершохчаю барги байзашакл ё нештаршакли дарозрӯяи сермӯяк (дарозиаш 2 – 10 см, бараш 1 – 3 см), хӯшагули туғшакл, гули нилгун ё сафеди кабудтоб, чормағзаки мудаввар ё байзашакли дорчинии ашҳаб (дарозиаш 6,5 – 9 мм) дорад. Май-окт. гулу …

Муфассал »

КАЛТСИЙ

kaltciy

КАЛТСИЙ (Calcium, аз лот. calx – оҳак), Са, элементи химиявии гурӯҳи II системаи давраи Менделеев, мансуби металлҳои ишқорзамин; рақами ат. 20, массаи ат. 40, 08. Аввалин бор с. 1808 Г. Дэви ҷудо кардааст. К.-и табиӣ аз омехтаи 6 изотопи собит (40Ca, 42Ca, 43Ca, 44Ca 46Ca ва 48Ca) иборат аст, ки …

Муфассал »