Главная / Илм / КАЖДУМ

КАЖДУМ

kajdimКАЖДУМ (Scorpionida), як гурӯҳи ҳайвонҳои бемӯҳра аз синфи тортанакшаклҳо. Дарозии танашон 1 – 18 см буда, ба сарсина ва бандҳои шикамӣ ҷудо мешавад. Банди охири шикам ду ғадуди заҳрнок дошта, бо неши чангакмонанд хотима меёбад. К.-ҳо 4 ҷуфт пой, 3 – 6 ҷуфт чашм ва чанголи калони ниҳоят ҳассос доранд. Рангашон зардчатоб ё сиёҳ. Тарзи ҳаёти шабона мегузаронанд. Ғизои К. ҳашарот ва тортанакҳост. К.-ҳо ҷонварони зиндазоянд. Дар рӯзҳои аввали баъди таваллуд каждумчаҳо ба модарашон савор мешаванд. Дар Тоҷикистон 10 намуди К. вомехӯрад. Дар ҷумҳурӣ бештар К.-и зард (Buthus cupeus), ки баҳорон ва авв. тобистон фаъол буда, бо оғози гармо то баҳори оянда ба хоб меравад, паҳн шудааст. Неш задани он барои одам дарднок буда, аммо марговар (чун намудҳои тропикӣ) нест.
Таъсири заҳри К. ба миқдори он, ҷои нешзада ва синну соли одам вобаста аст. Ҷои нешзадаи К. сахт дард ва обила мекунад. Баъди як соати неш задан, ҷои он сурх мешавад, пас аз ду соат варам карда лимфангоит инкишоф меёбад; дард дилзананда аст. Сар дард карда, одам дар ҳаяҷон аст, мушакҳои дасту по меларзанд; баъд ҷабрдида сусту беҳолат шуда, мешинад ё дароз мекашад. Мумкин аст ақл тира шуда, тарси марг ба вуҷуд ояд, нафаскашӣ душвор, кори дил тез мегардад.
Ба ҷои нешзадаи К. зуд ягон чизи гарм гузоштан лозим аст. Бо мақсади рафъи дард доруҳои амидопирин ё аналгин таъин мекунанд. Ба ҷои нешзадаи К. фиристодани маҳлули 2%-и новокаин муфид аст. Дар мавриди заҳролудии сахт аз серотерапия истифода менамоянд. Агар зардоби махсус набошад, пас метавон аз зардоби зидди заҳри ғунда ва ҳатто мор истифода бурд. Зардоби зидди заҳри ғунда (10 – 70 мл)-ро оҳиста ба зери пӯст, дохили мушак ё вена (вобаста ба дараҷаи вазнинии заҳролудӣ) мефиристанд. Истифодаи якҷояи атропин (ба зери пӯст; 1 мл маҳлули 0,1%) ва эрготоксин (1 мл маҳлули 0,02%) низ натиҷаи дилхоҳ медиҳад. Сӯзондан, ба ҷои нешзадаи К. молидани спирти навшодир, гузоштани жгут, зимоди маргансоф бесамар аст.
Ад.: Жизнь животных, т. 3, М., 1969; Догель В. А., Зоология беспозвоночных, М., 1975.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …