Главная / Илм (страница 90)

Илм

ЙОДОЛИПОЛ

yodolipol

ЙОДОЛИПОЛ (лот. iodolipolum), равғани йоднокшуда. Рангаш зард ё зарди бӯртоб, аз 29 – 31% йод иборат аст. Дар об ҳал нашуда, дар спирт каму беш ҳал мешавад. Таъми Й. равғани кастонаро мемонад. Ба эфир ва хлороформ дар ҳар гуна таносуб омехта мегардад. Й.-ро чун воситаи контрастӣ ҳангоми тадқиқи рентгенологии хирной …

Муфассал »

ЙОДОНАТ

yodonat

ЙОДОНАТ (Iodine + Potassium iodinе), як навъ доруи зидди уфунат (антисептикӣ). Моддаи асосии таъсирбахши он йод аст. Дар шакли маҳлулҳои гуногун истеҳсол карда мешавад. Ҳангоми ба пӯст молидан, йод ба мубодилаи моддаҳо таъсир расонда, раванди ассимилятсияро метезонад. Этанол ихроҷи йодро суст ва таъсири ангезишовари онро ба бофтаҳо кам мекунад. Й. …

Муфассал »

ЙОДОФОРМ

yodoform

ЙОДОФОРМ (Iodoformium), як навъ дору. Дар шакли хока (10 г) ва хамира (йодоформ – 40 ҳисса, оксиди руҳ – 40 ҳисса, глитсерин – 20 ҳисса) истеҳсол карда мешавад. Ҳамчун доруи зиддимикробӣ ва антисептикӣ барои табобати захму яраҳои сироятёфта истифода мебаранд. Дар шишаҳои даҳонашон маҳкам дар ҷои салқин ва торик нигоҳ …

Муфассал »

ЗАБОН

zabon

ЗАБОН (Lingua), узви мушакиест дар ҷавфи даҳон. З. дар омехта сохтану фурӯ додани ғизо, артикулятсияи садоҳо ва нутқ ширкат меварзад. З. нӯг, бех ва тана дошта, аз мушакҳои худӣ (дарозрӯя, кӯндаланг ва уфуқӣ) ва скелетӣ (мушакҳои манаҳу забонӣ, зерзабону забонӣ ва дарафшу забонӣ) таркиб ёфтааст. Мушакҳои худи З. ғафсии забонро …

Муфассал »

ЗАБОНСӯЗОНАК

zabonsuzonak

ЗАБОНСӯЗОНАК (Polugonum hydropiper), забонгазак, сагкуш, занҷабили обӣ, гиёҳест яксолаи ниҳоят тунд. Аз 10 то 70 см қад мекашад. Пояи рости сершохча (одатан сурхтоб), барги нештаршакл (дарозиаш 2,5 – 10 см, бараш 0,4 – 1,7 см), гули майдаи сабзтоб ё гулобӣ, хӯшагули саракмонанд (дарозиаш 4 – 12 см), чормағзаки сеқирраи сиёҳ, …

Муфассал »

ЗАБУДА

zabuda

ЗАБУДА, адвиёҷот, дорувор, хушбӯиҳо, маҳсулоти наботие, ки тунду хуштаъм ва хушбӯй буда, онҳороба миқдори кам ба хӯрок ҳамроҳ мекунанд. Маъмултарин З.-ҳо хардал, мурч, қаламфур, зарчӯба, барги дарахти ғор, дорчин, қаранфул, зира, бодиён, ҷавзбӯё ва ғ. мебошанд. Сир, пиёз, росан, инчунин ҷаъфарӣ, шибит, кашниҷ, пудина, наъно, райҳон ва ғ. аз қабили …

Муфассал »

ЗАГИЛОМОС

zagilomos

ЗАГИЛОМОС (Condyloma), кондилома, омоси озахшаклест, ки дар луобпардаи мақъад ва узвҳои таносул падид меояд. З. баъзан ба миқдори зиёд пайдо шуда, «гулкарам»-ро мемонад. З. бемории сироятӣ буда, ангезандаи он дар натиҷаи алоқаи ҷинсӣ интиқол меёбад. Ангезандаи беморӣ баъзе вирусҳои папилломаи одам мебошанд (Human papillomavirus; HPV 6 ва HPV 11). Аз …

Муфассал »

ЗАҒИР

zagir

ЗАҒИР (Linum usitatissimum), растаниест яксола. Аз 30 то 120 см қад мекашад. Пояи панҷазада, барги нештаршакл, гули нилобӣ, кабуд, баъзан сафед ё гулобӣ, ғӯзаи сертухм, тухми қаҳваранги зардтоб дорад. З.-ро аз қадим ҳамчун зироат мепарваранд. Равғани З. дар техника, саноати хӯрокворӣ, рангубор, бофандагӣ, чармгарӣ ва ғ. васеъ истифода мешавад. Дар …

Муфассал »

ЗАҒИРАК

zagirak

ЗАҒИРАК (Linaria popovii), зағиргиёҳ, зағиркаҳак, гиёҳест бисёрсола. Аз 20 то 100 см қад мекашад. Пояаш рост, бешох, қисми болоияш шохчадор. Баргаш пайдарҳами бедумча, нештаршакл. Гулаш зардтоб, тухмаш бӯри сиёҳтоб, гурдашакл. Апр. – авг. гул карда тухм мебандад. З. дар биёбон, бешазори гармсер, марғзорҳои субалпӣ, заминҳои бекорхобида, канори роҳҳо, дарёбод, нишебиҳои …

Муфассал »

ЗАҒИРБУТТА

zagirbutta

ЗАҒИРБУТТА (Linaria vulgaris), гиёҳест бисёрсола. Аз 20 то 90 см қад мекашад. Пояаш рост, баргаш пайдарҳам, дарозрӯяи нештаршакл, гулаш зард, тухмаш паҳни сиёҳ. Моҳи июл гул мекунад. Алафи бегонаи боғот аст. Бо мақсади доруӣ сараки растаниро дар давраи гулшукуфт меғундоранд; дар ҷои соя хушконида мешавад. Дар тибби халқӣ З.-ро ҳангоми …

Муфассал »