Главная / Илм / КАЛӣ

КАЛӣ

kaliКАЛӣ, ҷараб, бемории пӯст, ки занбӯруғаки Ахорион Шенлейн (Achorioni Sohönlein) меангезад. Дар Туркия, Испания ва ҷазираҳои уқ. Ором паҳн шудааст. К. аксар аз одамони бемор ё анҷоми онҳо ва баъзан аз ҳайвонот (гурба, муш ва ғ.) ба одамони солим мегузарад. К. бештар дар қисми мӯйдори сар, баъзан дар пӯст ва нохун пайдо мешавад. Ҳангоми К. дар қисми мӯйдори сар карахши хушки зардтоб ба вуҷуд меояд. Пӯст дар зери он тунук шуда ба хадша табдил меёбад; мӯйи пӯсти касал рехта, дигар намесабзад. Дар пӯсти бадан низ чунин карахши хушки зард ё доғҳои сурх пайдо мешавад. Ҳангоми бо занбӯруғаки К. иллат ёфтан, нохун ғафс, ковок ва ранги он зард мешавад. Ҳайвонот низ ба К. гирифтор мешаванд (онро қӯтур мегӯянд). Муолиҷаи К. чун муолиҷаи трихофития аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …