Главная / Илм / КАЛЛАПОЧА

КАЛЛАПОЧА

kalapochaКАЛЛАПОЧА, узвҳои дарунӣ, калла, дум, дасту пои ҳайвонот, ки баъди куштан ҷудо карда мегиранд. Баъзе узвҳо – ҷигар, гурда, мағзи сар, дил, сина, пардаи зери шуш дар ғизонокӣ аз гӯшт камӣ надоранд, аз ҷиҳати миқдори баъзе витаминҳо, леситин, намакҳои минералӣ бошад, аз он мегузаранд. Ҷигар, хусусан ҷигари гов ва гӯсола, чун ғизои шифобахш ва парҳезӣ истеъмол мешавад, чунки ба миқдори зиёд витаминҳои гурӯҳи В, равған, моддаҳои фаъоли гормонӣ, микроэлементҳо дорад (онҳо дар раванди ҳосил шудани хун иштирок менамоянд). Азбаски дар ҷигар миқдори витамини А. зиёд аст, онро бештар шахсони гирифтори иллати пӯст ва луобпардаҳо истеъмол мекунанд. К.- ро хеле бодиқат тоза кардан лозим, то ки баъди истеъмоли он заҳролудӣ ва диг. ҳодисаҳои нохуш рӯй надиҳад. Дар корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ ҳангоми ба сех овардани К. ва пеш аз ба яхдон бурдани К.-и тозакарда, назорати дукаратаи ветеринарӣ мегузаронанд. К. – и тоза накардаро ба фурӯш баровардан манъ аст. Мавриди аз К. тайёр кардани таомҳои гуногун, нигоҳ доштан ва фурӯхтани К. риояи қоидаҳои беҳдошт зарур мебошад. Ғизои аз К. таҳиягашта тез вайрон мешавад, барои ҳамин онҳоро дар яхдон (на бештар аз як шаборӯз) нигоҳ доштан лозим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …