Главная / Илм (страница 59)

Илм

«ҚОНУНЧА»

konuncha

«ҚОНУНЧА», асарест, ки онро аз рӯи «Ал-Қонун фи-т-тиб»-и Абӯалии Сино Маҳмуд Муҳаммад ибни Умари Ҷағминӣ (ваф. 1344) ба арабӣ таҳия кардааст. «Қ.» аз 10 боб (мақола) иборат аст. Дар «Қ.» оид ба табиати инсон (боби 1), ташреҳия (боби 2), ҳолатҳои гуногуни организми одам (боби 3), набзи шараён (боби 4), беҳдошт …

Муфассал »

ҚОСИМОВ Олим Исмоилович

kosimov-olim

ҚОСИМОВ Олим Исмоилович (тав. 16. 01. 1947, ш. Душанбе), духтури касалиҳои пӯсту зӯҳравӣ, доктори илми тиб (1996), проф. (1999), сармутахассиси Вазорати тандурустии ҶТ оид ба бемориҳои пӯсту зӯҳравӣ (аз с. 2001). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1971). Ординатори кафедраи бемориҳои пӯсту зӯҳравии ДДТТ (1971 – 73), …

Муфассал »

ҚУБОИ МӯЙ

ҚУБОИ МӯЙ, бемориест, ки ҳангоми он дар пӯсти хами андомҳои поёнӣ ва болоӣ гиреҳчаҳои хокистарранги карахшбаста пайдо мешаванд. Дар бисёр ҳолатҳо гиреҳчаҳоро мӯй сӯрох карда берун меояд ё дар зери онҳо печида дармемонад. Ҷои осебёфтаи пӯст хушк ва дурушт аст. Зуҳуроти беморӣ дар синни 2 – 5-солагӣ ба мушоҳида мерасад; …

Муфассал »

ҚУЛОЪ

stomatit

ҚУЛОЪ, афта, ярачаҳои гирда ё байзашакл, ки дар луобпардаи даҳон ва баъзан узвҳои дигар падид меоянд. К. бисёр вақт аломати стоматит, қӯтур, ангинаи табхолӣ мебошад. Қ. асосан дар нӯг ва канорҳои забон, лаб, луобпардаи лунҷ, коми сахт, қаъри ҷавфи даҳон пайдо мешавад. Дар луобпардаи даҳон падид омадани Қ. боиси дард, …

Муфассал »

ҚУЛМАТОВ Муҳаммад

nophoto-man

ҚУЛМАТОВ Муҳаммад (тав. с. 1905, Қуқанд), духтури терапевт, доктори илми тиб (1950). Хатмкардаи Академияи тибби ҳарбии Ленинград (ҳозира Санкт-Петербург; 1931). Дар лабораторияи акад. И.П. Павлов оид ба физиологияи эътидолӣ такмили ихтисос кардааст. Сипас чанд муддат дар ш. Тошкент ба фаъолияти омӯзгорӣ машғул буд. С. 1937 ба ш. Сталинобод омада дар …

Муфассал »

ҚУЛУН

kulun

ҚУЛУН (Intestinum crassum), рӯдаи ғафс. Аз кунҷи илиосекалӣ (мансуб ба рӯдаи тиҳигоҳ ва кӯррӯда) ибтидо ёфта, то сӯрохи мақъад давом мекунад. Дарозии Қ. ба ҳисоби миёна 150 см, қутраш 7 – 14 (дар аввал) ва 4 – 6 (дар охир) см аст. Девораи Қ. мисли девораи рӯдаи борик аз 3 …

Муфассал »

ҚУЛФАК

kulfak

ҚУЛФАК (Clavicula), чанбар, устухони ҷуфти китф. Шакли ҳарфи «S»-ро дорад. Бо қисми берунӣ бо шохаи акромионии шона, бо қисми дарунӣ бо тӯш (сарсина) пайваст мешавад. Ҳар ду пайвандгоҳ бо бандакҳои қавӣ устувор гаштаанд. Ба қисми сарсинагии К. мушакҳои чаноғӣ-чанбарӣ-пистонакӣ, чаноғӣ-ломӣ ва мушаки калони сина пайваст шудаанд; ба қисми акромионии он …

Муфассал »

ҚУЛФИНАЙ

kulfinay

ҚУЛФИНАЙ (Fragaria ananassa), қулфунай, гиёҳест бисёрсола. Пояаш то 30 – 35 см қад мекашад. Баргаш мураккаб (себарга); дар нӯги ҳар навдааш муғҷа мебандад. Гулаш сафед, майда. Мевааш мисли шоҳтут, марминҷон, тамашк ва шаҳтути заминӣ буда, сурх баъзан гулобӣ мешавад. Қ.-ро барои тархӯрӣ истифода мебаранд. Аз он мураббо ва нӯшоба тайёр …

Муфассал »

ҚУРБОНОВ Каримхон Муродович

kurbonov-karimkhon

ҚУРБОНОВ Каримхон Муродович (2-юми апрели соли 1958 дар нох. Темурмалик таваллуд шуда санаи 11-уми августи соли 2020 дар ш. Душанбе вафот кардааст). Номбурда духтури ҷарроҳ, доктори илми тиб (1998), профессор (1999). Узви пайвастаи АИ ТТ (2010; узви вобаста – 2003), Арбоби шоистаи илм ва техникаи ҶТ (2004), Аълочии тандурустии ҶТ …

Муфассал »

ҚУРБОНОВ Саид Сафарович

kurbonov-said

ҚУРБОНОВ Саид Сафарович (тав. 11. 02. 1950, деҳаи Хонабачаи ноҳ. Восеъи вил. Хатлон), духтури кӯдакон, доктори илми тиб (2002), проф. (2006), Аълочии тандурустии ҶТ (1996). Хатмкардаи факултаи педиатрии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1974). Ассистент (1974 – 76), аспирант (1976 – 79), ассистент (1972 – 92) ва дотсенти (1992 …

Муфассал »