Главная / Илм / ҚУБОИ МӯЙ

ҚУБОИ МӯЙ

ҚУБОИ МӯЙ, бемориест, ки ҳангоми он дар пӯсти хами андомҳои поёнӣ ва болоӣ гиреҳчаҳои хокистарранги карахшбаста пайдо мешаванд. Дар бисёр ҳолатҳо гиреҳчаҳоро мӯй сӯрох карда берун меояд ё дар зери онҳо печида дармемонад. Ҷои осебёфтаи пӯст хушк ва дурушт аст. Зуҳуроти беморӣ дар синни 2 – 5-солагӣ ба мушоҳида мерасад; он дар давраи камолоти ҷинсӣ баръало падид меояд ва нишонаҳояш возеҳтар ба чашм мехӯранд. Мавсими хуруҷи Қ. м. фасли зимистон аст.
Қ.м.-ро духтури амрози пӯст муолиҷа мекунад. Хусусан қабули обзанҳо аз гули бобуна ва сабӯс, ба пӯст молидани кремҳои мулайин, ҳамчунин қабули ваннаҳои офтобӣ, оббозӣ дар баҳр муфид аст. Ғизои бемор бояд аз витаминҳо, хусусан витамини А бой бошад (ҷигар, маска, тухм ва ғ.)

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …