Главная / Илм (страница 58)

Илм

ҚИЗИЛРАБОТ

kizilrabot

ҚИЗИЛРАБОТ, чашмаи минералӣ дар ноҳ. Мурғоб. Дар водии д. Оқсу, 2 км ғарбтари деҳаи Қизилработ воқеъ аст. Баландиаш аз с. б. 3380 м. Оби чашма газнок (кислотаи карбон – 87%, нитроген – 12,5%) буда, аз миёнаҷои д. Оқсу дар ҷазирачаи хурде мебарояд. Дебиташ 1,2 – 1,6 л/с, минералнокиаш 1,53 г/л, …

Муфассал »

ҚИЗИЛТУМШУҚ

kiziltumshuk

ҚИЗИЛТУМШУҚ, оби минералии гарм дар ноҳ. Ҷалолиддини Румӣ. Аз пармачоҳ (чуқурии 500 – 700 м) ҷорӣ мешавад. Бӯи тези гидрогенсулфид дорад. Таркиби об аз хлоридҳо, сулфатҳо, натрий, калий, ҳамчунин йод, бром, бор, оҳан, алюминий, газҳои радон, карбогидрид, нитроген ва ғ. иборат аст. Он асосан барои табобати амбулаторӣ истифода мегардад. Тобистон …

Муфассал »

ҚИЗИЛҶИГЛА

kizilchigla

ҚИЗИЛҶИГЛА, чашмаи минералӣ дар ноҳ. Мурғоб. Тақр. 45 км ҷанубтари ағбаи Оқбайтал, дар водии д. Сасиқсу ҷой гирифтааст. Баландиаш аз с. б. 4500 м. Дебиташ 0,3 л/сон, минералнокиаш 2,42 г/л, ҳарор. обаш +4 – +70С. Таркибаш аз калсий (448 мг/л), магний (153 мг/л), сулфатҳо (1392 мг/л), гидрокарбонатҳо (293 мг/л), хлоридҳо …

Муфассал »

ҚОБИЛОВ Наримон Мавлонович

nophoto-man

ҚОБИЛОВ Наримон Мавлонович (11. 6. 1929, Конибодом – 07. 07. 1989, ш. Душанбе), фармаколог, доктори илми тиб (1972). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1952). Чанд муддат дар ҳамин донишгоҳ аввал лаборанти калон, баъд ассистенти кафедра буд. С-ҳои 1954 – 57 аспиранти Ин-ти тиббии 2-юми Москва, 1957 …

Муфассал »

«ҚОБУСНОМА»

kobusnoma

«ҚОБУСНОМА», «Насиҳатнома», асари панду андарзист, ки Унсурулмаолии Кайковус с. 1082 – 83 барои фарзандаш Гелоншоҳ таълиф кардааст. «Қ.» аз 44 боб, ки дар шинохтани ҳаққи падару модар, дар фурӯтанӣ ва афзунии ҳунар, дар парвариши фарзанд ва оини он, дар дӯст парвардан ва расми он, дар илм, дар тиҷорат варзидан, дар …

Муфассал »

ҚОДИРӣ Тавфиқ Рафиқзода

nophoto-man

ҚОДИРӣ Тавфиқ Рафиқзода (тав. 14. 01. 1948, ш. Хуҷанд), уролог, доктори илмҳои тиб (1993), проф. (1994), Аълочии тандурустии ҶТ, Корманди шоистаи Тоҷикистон (2002), дорандаи Ҷоизаи Бунёди Оли Сомон (1995). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1971). Ординатори клиникии кафедраи урологияи ДДТТ (1971 – 73), духтури урологи Беморхонаи …

Муфассал »

ҚОДИРОВ Давронҷон Муҳаммадҷонович

nophoto-man

ҚОДИРОВ Давронҷон Муҳаммадҷонович (тав. 18. 11. 1950, ноҳ. Колхозободи вил. Хатлон), духтури ҷарроҳ, доктори илми тиб (1998). Аълочии тандурустии Тоҷикистон (2004). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1973). Духтур-ҷарроҳи Беморхонаи клиникии ш. Душанбе (1973 – 76), аспирант (1976 – 79), ходими хурди илмӣ (1979 – 84), ходими …

Муфассал »

ҚОДИРОВ Маъруфҷон Худойбердиевич

nophoto-man

ҚОДИРОВ Маъруфҷон Худойбердиевич (тав. 17. 03. 1970, ш. Турсунзода), духтури стоматолог, доктори илмҳои тиб (2007). Хатмкардаи ДДТТ (1993). Ординатори клиникӣ (1993 – 95) ва аспиранти кафедраи стоматологияи ҷарроҳии ДДТТ (1995 – 98), унвонҷӯи кафедраи ҷарроҳии ГИУВ Вазорати дифоъи Федератсияи Россия (2000 – 07). Оид ба дарёфти маҷмӯи усулҳои рафъи нуқсҳои …

Муфассал »

ҚОДИРОВА Дилрабо Абдуқаюмовна

nophoto-women

ҚОДИРОВА Дилрабо Абдуқаюмовна (тав. 31. 07. 1957, ш. Душанбе), доктори илми тиб (1997), проф. (2001), Аълочии тандурустии Тоҷикистон (2008). Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1980). Ординатори клиникии кафедраи терапияи госпиталии ДДТТ (1982), Духтур-терапевт ва мудири шӯъбаи Беморхонаи клиникии шаҳрии №2 (1982 – 87), аспирант (1987 – 90), ассистенти …

Муфассал »

ҚОҚУ

koku

ҚОҚУ (Taraxcum officinale), гули қаҳқаҳ, дегкафонак, ширгулак, навъе аз гиёҳҳои бисёрсола. Пояаш 5 – 30 см, баъзан то 50 см қад мекашад. Дар нӯги поя «сабадак»-и зард ҳосил шуда, дар ҳар кадоми он то 200 гули тиллоранг мешукуфад. Ду маротиба (баҳор ва тирамоҳ) гул мекунад. Барги Қ. дар бехи поя …

Муфассал »