Главная / Илм / ҚУЛУН

ҚУЛУН

kulunҚУЛУН (Intestinum crassum), рӯдаи ғафс. Аз кунҷи илиосекалӣ (мансуб ба рӯдаи тиҳигоҳ ва кӯррӯда) ибтидо ёфта, то сӯрохи мақъад давом мекунад. Дарозии Қ. ба ҳисоби миёна 150 см, қутраш 7 – 14 (дар аввал) ва 4 – 6 (дар охир) см аст. Девораи Қ. мисли девораи рӯдаи борик аз 3 қабат иборат мебошад: (серозӣ, мушакӣ, луобӣ). Луобпардаи Қ. якҷоя бо диг. қабатҳои девораи он чинҳои ҳилолшаклро ба вуҷуд меорад (мӯяк надорад). Қ. аз 6 қисм иборат аст: кӯррӯда, қулуни болорав, қулуни арзӣ, қулуни поёнрав, қулуни сигмашакл ва рӯдаи рост. Маҳалли ба рӯдаи арзӣ гузаштани рӯдаи болорав ва ба рӯдаи поёнрав гузаштани рӯдаи арзиро мувофиқан хамиҳои ҷигар ва испурч меноманд.
КЛ
Қулун (рӯдаҳои нахиф ва тиҳигоҳ бурида, рӯдаи арзии боло бардошта шудаанд). 1 – кӯррӯда; 2 – қулуни болорав; 3 – хами рости қулун; 4 – ғурриҳои қулун; 5 – қулуни арзӣ; 6 – хами чапи қулун; 7 – қулуни поёнрав; 8 – чарбу; 9 – қулуни сигмашакл; 10 – навори озод.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …