Главная / Ҷамъият / Варзиш гарави саломатист (Иншо)

Варзиш гарави саломатист (Иншо)

Барои беҳбуд сохтани саломатии аҳолӣ ва дар навбати аввал насли наврас Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 3 марти соли 2003 фармони №84 «Барномаи ташаккули тарзи ҳаёти солим то соли 2010» ро дар амал ҷорӣ намуд (Иншо).

varzish

Вазъи саломатӣ аз бисёр омилҳо вобаста аст, ки аз байни онҳо тарзи солими зиндагӣ дорои аҳамияти муҳим мебошад. Дар 50-52 фоиз саломатӣ аз тарзи ҳаёт муайян мегардад ва фақат 10-15 фоиз аз ҳифзи саломатӣ вобаста аст.

Ба ҷузъиёти асосии тарзи ҳаёт инҳо дохил мешаванд: хўрок, маишат, ташкили таълими меҳнат ва истироҳат, муносибат ба одатҳои зараровар.

Яке аз қисмҳои муҳимтарин ва ҷудонашавандаи тарзи ҳаёти солим, махсусан дар давраи мактабӣ машғулиятҳои пайвастаи тарбияи ҷисмонӣ ва спорт ба ҳисоб меравад. Аҳамияти он на танҳо аз таъсири бевосита ба ҷисми машқкунандагон (ширкаткунандагон, инкишофи мўътадили ҷисмонӣ, барқарории шакл ва функсияи ҷисм, обутобёбӣ) иборат аст.

Балки дар тарбияи саломатӣ, барои ташаккули қобилияти устақилонаи машғулияти машқҳои ҷисмонӣ, истифодабарии онҳо ба мақсади тафреҳ, истироҳат ва худтакмилдиҳӣ низ пураҳамият мебошад.

Бо дарназардошти фикрҳои мазкур тарбияи ҷисмонӣ дар ташаккули одатҳои тарзи ҳаёти солим дар байни кўдакон ва наврасон аҳамияти махсусан муҳимро касб менамояд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …