Главная / Илм / ҚИЗИЛҶИГЛА

ҚИЗИЛҶИГЛА

kizilchiglaҚИЗИЛҶИГЛА, чашмаи минералӣ дар ноҳ. Мурғоб. Тақр. 45 км ҷанубтари ағбаи Оқбайтал, дар водии д. Сасиқсу ҷой гирифтааст. Баландиаш аз с. б. 4500 м. Дебиташ 0,3 л/сон, минералнокиаш 2,42 г/л, ҳарор. обаш +4 – +70С. Таркибаш аз калсий (448 мг/л), магний (153 мг/л), сулфатҳо (1392 мг/л), гидрокарбонатҳо (293 мг/л), хлоридҳо (11,0 мг/л), ангидриди озоди карбон (67 мг/л) ва кислотаи силикат (54,0 мг/л) иборат аст. Он барои муолиҷаи бемориҳои узвҳои хунгард, ҳаракат, системаи асаб, пӯст ва узвҳои ҷинсӣ тавсия карда мешавад.
Ад.: Бобоходжаев И. Я., Давлатмамадов Ш. М., Лечебные минеральные источники Памира, Д., 1994.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …