Главная / Илм / ҚОДИРӣ Тавфиқ Рафиқзода

ҚОДИРӣ Тавфиқ Рафиқзода

nophoto-manҚОДИРӣ Тавфиқ Рафиқзода (тав. 14. 01. 1948, ш. Хуҷанд), уролог, доктори илмҳои тиб (1993), проф. (1994), Аълочии тандурустии ҶТ, Корманди шоистаи Тоҷикистон (2002), дорандаи Ҷоизаи Бунёди Оли Сомон (1995). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1971). Ординатори клиникии кафедраи урологияи ДДТТ (1971 – 73), духтури урологи Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 (ҳоло Маркази миллии тиббии ҶТ; 1973 – 76), ассистент (1976 – 87), дотсент (1987 – 94), проф. (1994 – 95) ва мудири кафедраи урологияи ДДТТ (1995 – 98). Ҳамзамон с-ҳои 1977 – 82 раиси кумитаи иттифоқи касаба, 1986 – 90 муовини ректор оид ба равобити байналмилалӣ, 1994 – 95 муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавӣ ва тарбиявӣ буд. Мудири кафедраи урология (1998 – 2003), мудири кафедраи урология ва андрология (2003 – 08) ва директори шӯъбаи Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби Тоҷикистон дар ш. Хуҷанд (аз 2008). Сарурологи Вазорати тандурустии ҶТ (аз 1995). Дар мавзӯи «Қобилияти кории гурдаи беморони гирифтори уролитиаз пеш ва баъд аз ҷарроҳӣ дар шароити иқлими гарм» рисолаи номзадӣ ва дар мавзӯи «Патогенез ва роҳҳои мӯътадилгардонии муолиҷаи нефроуретеролитиази гурдаи ягона» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Муаллифи зиёда аз 370 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла 25 китоб, 6 дастури таълимӣ, 13 дастурамали таълимӣ, 3 фарзияи илмӣ, 3 ихтироъ, 4 усули нави табобат. Қ. урологи ҷӯянда аст. Тавассути корбасту ҳамоҳангсозии тиб бо усулҳои физикаи ҷисми сахт, гидравлика, оптика ва акустика бори нахуст хосиятҳои физикиву деформатсиявии санги гурдаро ошкор сохта, дар заминаи он усули нави литотрипсияи сангҳоро пешниҳод кард. Феномени нави «мӯйрагҳои лимфавии гирдиғилофӣ»-ро кашф намуд, ҳампайвастии бемориҳои гурда ва ихтилоли мағзи сару бунёди рӯҳиро таҳқиқ кард. Таҳти роҳбарии ӯ 8 наф. рисолаи номзадӣ дифоъ намудаанд. Қ. асосгузори шӯъбаи равобити байналхалқӣ (1986) ва хадамоти корҳои тарбиявии ДДТТ (1994), Ҷамъияти урологҳои Душанбе (2000), Ассотсиатсияи урологҳои Тоҷикистон (2003), шӯъбаи андрология БКҶ №3 (1995), Маркази ҷумҳуриявии урология (1998) мебошад. Бо мукофоти Президенти ҶТ «Барои хизмати шоён дар рушди маълумоти олӣ ва илми ҷумҳурӣ» қадр карда шудааст (1996).
Ос.: Санги гурда ва роҳҳои пешоб, Д., 1975; Воспалительное заболевание мочеполовых органов, Д., 1990; Ҳаёти ҷинсӣ, Д., 1991; Обструктивная уропатия, Д., 1992; Бемории санги бавл, Д., 1993; Неотложная урология и нефрология, Киев, 1996; Луғати мухтасари русӣ-тоҷикии пешобшиносӣ, Д., 1994; Клинические лекции по урологии, Д., 1996; Мунтахаби дарсҳои пешобшиносӣ, Д., 2000; Метафилактикаи бемории санги пешоб, Д., 2008; Луғати истилоҳоти пешобшиносӣ, Д., 2008; Простатит, Хуҷанд, 2011.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …