Главная / Илм / ҚОДИРОВ Маъруфҷон Худойбердиевич

ҚОДИРОВ Маъруфҷон Худойбердиевич

nophoto-manҚОДИРОВ Маъруфҷон Худойбердиевич (тав. 17. 03. 1970, ш. Турсунзода), духтури стоматолог, доктори илмҳои тиб (2007). Хатмкардаи ДДТТ (1993). Ординатори клиникӣ (1993 – 95) ва аспиранти кафедраи стоматологияи ҷарроҳии ДДТТ (1995 – 98), унвонҷӯи кафедраи ҷарроҳии ГИУВ Вазорати дифоъи Федератсияи Россия (2000 – 07). Оид ба дарёфти маҷмӯи усулҳои рафъи нуқсҳои ғайримодарзодии ҷоғ ва бофтаҳои нарми қисми поёнии рӯй тадқиқот мебарад. Дар мавзӯи «Ҷарроҳии захми тир дар қисми поёнии рӯй» рисолаи номзадӣ ва дар мавзӯи «Ҷарроҳии таҷдидии нуқси ҷоғи поён» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Муаллифи 7 пешниҳоди навоварона, 3 ихтироот ва чандин мақолаҳои илмӣ.
Ос.: Реконструктивные и восстановительные операции при огнестрельных ранениях челюстно-лицевой области. Дар кит. «Анналы пластической, реконструктивной и эстетической хирургии», М., 1998 (ҳаммуаллиф); Хирургическая тактика при огнестрельных ранениях челюстно-лицевой области. Маҷ. «Здравоохранение Таджикистана», Д., 1998, № 4 (ҳаммуаллиф).

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …