Главная / Биология / Зироатхои полизии Точикистон

Зироатхои полизии Точикистон

Растанихои полезиро аксари сокинони шахру дехотамон на танхо хуб мешиносанд, балки шахду лаззати мевахои онхоро борхо чашидаанд. Растанихои полизи, аз кабили харбуза, тарбуз ва каду меваи серобу сершира дошта, онхоро истеъмбл мекунанд ва баъзе навъхояшонро ба сифати хуроки чорво истифода мебаранд. Хамаи растанихои полизи мансуби танхо як оила – оилаи кадугулхоянд.

Тарбуз
Сурати Тарбуз дар Точикистон

Тухми растанихои полизи аз равган бой буда, равгани онхоро дар сохаи техника ва ё барои истеъмол истифода мебаранд. Равгани хушбуй сифати истеъмолиро аз тухми каду хосил мекунанд. Инчунин, аз меваи каду таомхои болаззат пухта, аз баъзе навъхояш консерва тайёр мекунанд.

Тарбузро бошад, хамчун воситаи хуби пешоброн ва инчунин хангоми камхуни ва дар захра (талха) – дону рохи пешоб пайдо шудани санг истеъмол мекунанд.

Хамаи растаиихои полизии кишта растанихои яксолаанд. Решаи растанихои полизи ба хок чукур дохил мешавад. Масалан, решаи харбуза 1-3 м, каду ва тарбуз то 4-5 м ба хок чукур реша меронанд.

Поя ва навдахои зироатхои полизи гирда ё киррадор буда, бо муякчахо пушида мебошанд. Навдахои пахлуии растанихои полизи хеле шохронда буда, дар баъзе холатхо аз пояи асоси дарозтаранд. Масалан, ин хели навдахо дар харбуза 2-3 м, тарбуз 4-5 м ва каду то 10 м дарози доранд. Лаъличахои (пахнаки) баргашон думчаи дароз дорад. Баргхо калони яклухт, панчашакл (дар харбузаю каду) ва ё 3-5-парра (дар тарбуз) буда, бо муякчахои сершумор пушида шудаанд. Гулхояшон дар бунбагалаи баргхо чойгиранд. Гулхояшон чудочинса ё дучинса мебошанд. Меваи растанихои полизи кулула, тухмшакл, дарозруя, нокшакл буда, рангашон сабз, гулоби, дорчини, зард, сабзи сиёхтоб, накшин ё бенакш мебошад:

Зироатхои полизиро халкхои Осиёи Миёна, махсусан точикон аз замонхои кадим инчониб парвариш мекунанд. Сонитар парвариши растанихои полизи ба Эрону Туркиё ва аз ин мамлакатхо ба нохияхои чанубии Аврупо васеъ пахн шуд. Холо растанихои полизиро дар хамаи нохияхои Точикистон парвариш мекунанд.

Харбуза
Сурати Харбуза дар Точикистон

Аксари растанихои полизи гармипарвар буда, рузхои гарми офтобиро меписанданд. Чунончи, тухми каду дар харорати 13-14°С ва харбуза дар 15-17°С гармй ба сабзидан шуруъ мекунанд. Шароити аз хама бехтарин барои сабзиши зироатхои полизи ин баланд шудани харорат то 33-35°С мебошад. Онхо инчунин, ба рав- шани низ талаботи калон доранд. Зеро равшании давомноку гармии нисбатан зиёд боиси дар меваи онхо афзудани микдори канд мегардад. Дар байни растанихои полизи аз хама зиёдтар харбуза ва баъд тарбуз растанихои гармипарвар ва равшанидуст ба хисоб мераванд. Каду нисбат ба инхо ба гарми ва равшанй эхтиёчоташ камтар аст.

Зироатхои полизи дар заминхои солиёни дароз бекорхобида, нав корам, гурушахоки хосилхез бисёр хуб нашъунамо мекунанд. Онхо хусусан, ба хоки нарму мулоим талаботи калон доранд.

Растанихои полизи ба монанди дигар растанихои кишта ба ни- гохубини хуб эхтиёч доранд. Нигохубини киштзори ин зироатхо аз сари вакт обмони, нест кардани алафхои бегона, ягонакуни, нарму хокгардон кардани бехи нихолхо ва андохтани моддахои гизои иборат аст. Нихолхоро баъди 3-4-барга шуданашон ягона мекунанд. Одатан нихолхои бокувватро гузошта, нихолхои ним- чону заифро канда мепартоянд. Нихолхои заифро бо решаашон кандан мумкин нест, зеро ба решаи нихолхои атрофаш осеб мера- сад.

Дар давраи сабзиши растанихои полизи байни каторхоро 2-3 ма ротиба нарм мекунанд. Ин кор дастй ё бо култиваторхо гузарони да мешавад. Баъди хар маротибаи нарм кардан бехи нихолхоро хокчош е хокгардон мекунанд.

Дар давоми нашъунамояшон, вобаста ба дарачаи намнокии хок, ба растанихои полизи аз 5 то 9 маротиба об медиханд.

Бо нишондоди мутахассисон ба киштзори растанихои полизи нурихои маъдании нитрогендор, калийдор ва фосфордор (аз руи микдори мукарраркардашуда) андохта мешавад.

Бо сабабхои дар як вакт напухтани (нарасидани) хосили тарбузу харбуза онро дар ду ё се давра мегундоранд. Хосили кадуро бошад, метавон якбора гун кард.

Тарбузу харбузаро на танхо дар заминхои обёришаванда, инчунин дар заминхои лалмии нохияхои (доманакуххои) водии Хисор ва дигар минтакахо бомуваффакият киштукор мекунанд. Ба ин максад заминхои навкорамро истифода мебаранд. Коштани тухми растанихои полизиро дар заминхои лалми охирхои мохи май ё аввалхои мохи июн анчом медиханд. Тухмиро 2-3 ё 5 шабонаруз пеш аз кишт дар мухити нам нигох медоранд.

  1. Растанихои полизи ба кадом оила тааллук доранд?
  2. Одамон чаро растанихои полизиро парвариш мекунанд?
  3. Кадом растанихои полизиро медонед?
  4. Аломатхои махсуси растанихои полизиро номбар кунед?
  5. Барои нашъунамои хуби зироатхои полизи гузарондани кадом чорабинихо нихоят мухиманд?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …